Ҳамлаи маргталабонаи "Абӯ Зубайри Узбакӣ" дар Ироқ

Яке аз ҷангиёни узбаки "Давлати исломӣ"

Гурӯҳи Давлати Исломӣ иддао кардааст, ки як ҷангии узбак даҳҳо аскари амниятии Ироқро дар як ҳуҷуми интиҳорӣ дар минтақаи Миқдодия кушта ба ҷой гузоштааст.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мегӯяд, як ҷангии узбак бо анҷом ҳамлае маргталабона дар шимоли Миқдодия дар кӯҳистони Ҳамрини вилояти Диёлаи Ироқ даҳҳо тан аз нирӯҳои амниятии ин кишварро ба ҳалокат расондааст. Ин иддао дар пасманзари гузоришҳои зиддунақизи матбуоти Ироқ аст, ки мегӯянд, артиши ин кишвар ва нирӯҳои шибҳанизомии шиъа дар ҷабҳаи Миқдодия дар муқобили “Давлати исломӣ” ба пешрафтҳо ноил шудаанд.

Бино бар иддаои “Давлати исломӣ, ки дар форумҳои ҷиҳодӣ ва як сомона нашр шудааст, ҷангие бо номи “Абӯ Зубайр Ал-Узбакӣ” “беш аз 90 нафар” аз нирӯҳои тарафдори давлати Ироқро ба ҳалокат расондааст. Ин нирӯҳо дар эълони ин ҳамлаи интиҳорӣ ҳамчун “сафавиён” ва “рофизиён” номбар шудаанд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” зери исми аввал маъмулан нирӯҳои Эрон ва бо номи дуюмӣ шибҳанизомиҳои шиъаро дар назар доранд.

Ин эълони “Давлати исломӣ” ҳамчунин аз даргириҳо байни ҷангиёнаш бо “сафавиён” дар Миқдодия, дар шимоли шаҳри Бақуба хабар медиҳад ва мегӯяд, ин задухӯрдҳо таҳти оташи ҳамлаҳои ҳавоии “салибиҳо” сурат гирифтаанд. “Салибиҳо” дар “луғат”-и ҷангиёни “Давлати исломӣ эътилофи таҳти раҳбарии Амрикост, ки аз моҳи август ба ин тараф мавқеъҳои ин гурӯҳро дар Ироқу Сурия бомбборон мекунад.

Аммо дастикам то кунун хабаре дар бораи кадом як ҳамлаи пурқурбонии маргталабона дар манотиқи Бақууба ё Миқдодия дар кӯҳистони Ҳамрини Ироқ ба дасти расонаҳо нарасидааст. Амо аз инҷо дар бораи задухӯрдҳо миӣни ҷангиӣни ва нирӯҳои давлатии Ироқу шибҳанизомиҳои шиъа ва пешрафти артиши Ироқ гузоришҳо шудаанд.

Хабаргузории миллии Ироқ шоми 28 октябр хабар дод, ки нирӯҳои амниятӣ як бомбгузори маргталаби савори мошинро дар наздикии посгоҳе дар кӯҳистони Ҳамрин дар шимолушарқи Бақуба куштаанд. Ин гузориш ҳамчунин иддао меунад, ки артиши Ироқ тҳти пуштибонии “ҷанговарон аз миёни мардум” (сифате ки ба шибҳанизомиҳои шиъа медиҳанд) 5 раҳбари “Давлати исломӣ”, бо шумули 3 шаҳрванди Арабистони Саудиро дар шимолушарқи Бақуба ба ҳалокат расондаанд.

http://www.ninanews.com/English/News_Details.asp?ar95_VQ=HHIMLG

Сомонаи Kululiraq гузориш дод, ки артиши Ироқ рӯзи 26 октябр 4 рустои таҳти назорати “Давлати исломӣ”-ро дар кӯҳистони Ҳамрин ба даст овардааст. Аммо сомонаи Al-Shorfa дар айни замон аз кушта шудани як раҳбари “Давлати исломӣ” дар минтақаи Ал-Судури вилояти Диёла хабар медиҳад.

"Ҳамаро бикушед!" Паёми як ҷангии чечен ба ҳамватанҳояш дар Аврупо

“Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ”

Дар як навори видеоӣ, ки ду рӯз пеш дар “Sham today” – як сомонаи наздик ба ҷиноҳи ҷангиёни чечен дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” нашр гардид, марди мусаллаҳе бо исми “Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ” аз ҷамъияти чеченҳо даъват кард, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” бигароянд ваё дар Аврупо даст ба ҳамлаҳои террористӣ бизананд.

Ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоии русзабон низ пахш шудааст, аз фаъолияти ҷангиёни чечен дар хатти пеши ҷанг дар Кӯбонӣ ҳикоят мекунад. Навор рӯзи 26-уми октябр пахш шуд, вале баъдан Ютюб онро ҳазф кард.

Нафаре ки дар ин навор суханронӣ ва худро Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ муаррифӣ мекард, дар пасманзари як мошини дар коми оташ наворбардорӣ шуда ва иддао мекард, ки ӯ дар Кӯбонӣ аст.

Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ гуфт, ки ҷангиёни “Давлати исломӣ” на танҳо мавриди ҳуҷуми курдҳо қарор доранд, балки тамоми ҷаҳон, ки якбора “курддӯстдор” шудаанд, онҳоро мавриди ҳамла қарор додаанд.

Ӯ аз ҷангиёни муқими Аврупо даъват кард, ки “барои рафтан ба Сурия баҳонаҷӯӣ накунед ва шумо муваззаф ҳастед, ки биёед ва ҳамаро бикушед.”

“Инҷо мардуми мулкӣ нест,”- гуфтааст Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ - “бикушед онҳоро дар ҳар куҷое бошанд, дар Аврупо ҳам. Як фаронсавиро бикушед, ягон амрикоиро қатл кунед. Дар ҷое ки ҳастед, ҳамаи онҳоро бикушед. Дар Аврупо ҳам. ”

Теъдоди назарраси чеченҳо дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, ки бахши умдаи онҳо баъди ҷанги дувуми Чеченистон ба ин ҷо фирор кардаанд Ба гуфтаи Jamestown Foundation, ҳудуди 30 000 чечен дар Фаронса, 25 000 дар Австрия ва 17 000 дар Белгия муқимӣ шудаанд. Ҷамъияти бузурги чеченҳо, бо шумули намояндагони гурӯҳи мусаллаҳи Қафқози шимолӣ дар Туркия ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки баъзе ҷангиёни чеченҳо аз ҳамин диаспора ба Сурия омадаанд, аммо теъдоди онҳо мушаххас нест.

Мӯсо-Абӯ Юсуф Шишонӣ узви ҷиноҳи “Катоиб (Бригадаҳо)-и Ал-Ақсо” аст, ки дар он чеченҳо ва ҷангиёни русзабони марбут ба фармондеҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия Умар Шишонӣ ҷамъ шудаанд.

Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ аз ҳузури ҷангиёни “Бригадаи Ал-Ақсо” дар Кӯбонӣ хабар дода буд.

Шабакаҳои иҷтимоии марбут ба ҷиноҳи мусаллаҳи “Бригадаи Ал-Ақсо” як теъдод аксҳоро нашр карданд, ки гуфта мешавад, дар дохили Кӯбонӣ бардошта шудаанд. Дар як акс ҷангие бо ин навиштаҷот тасвир шудааст: “Курдҳо чеҳраи ин мардро медонанд, нафарони зиёд аз дасти ӯ ятим шудаанд ва мардҳои зиёде бева мондаанд.”

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави исломист, ки дар аввали соли ҷорӣ аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, бахшҳои бузурге аз қаламравҳои Ироқу Сурияро ишғол кард ва дар ин сарзаминҳо “хилофати исломӣ” эълон кардааст. Беш аз 60 кишвари дунё ба раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳи тундрав эътилофи низомие ташкил кардаанд, ки то кунун аз амалиётҳои заминӣ худдорӣ меварзад, вале аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва таъмини нирӯҳои Ироқу пешмаргаҳои курд бо силоҳу муҳимот аз байн бурдани “Давлати исломӣ”-ро ба ҳадаф дорад.