Ҳайдар Муслиҳӣ, раиси собиқи хадамоти истихбороти Эрон гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ва собиқ ДОИШ-ро маҳсули дасти Моссад, MI-6 ва Хадамоти истихбороти Амрико (ЦРУ) донист. Муслиҳӣ, ки бо хабаргузории "Форс" сӯҳбат мекард, эътилофи зидди гурӯҳи “Давлати Исломиро” бозича хонд ва хадамоти ҷосусии Исроил, Бритониё ва Амрикоро созмондиҳандаи ин гурӯҳи тундрав номид.
Изҳороти Муслиҳӣ як рӯз баъд аз изҳори назари раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пахш шуд, ки ӯ низ Иёлоти Муттаҳида ва Бритониёро дар таъсиси гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” муттаҳам кард. Хоманаӣ дар таърихи 13 октябр гуфт, "Давлати Исломӣ" ва ҳам “Ал-Қоида”-ро Вашингтон ва шайтони Бритониё ба хотири тафриқа ва мубориза бо давлати Эрон бунёд карданд, вале ҳоло ин гурӯҳҳои мусаллаҳ дарди сари худи онҳо шудаанд.
Муслиҳӣ гуфт, долларҳои Арабистони Саудӣ ва баъзе кишварҳои дигари Халиҷ дар таъсиси гурӯҳи “Давлати Исломӣ” сарф шуданд ва ҳоло бунёдгарони ин гурӯҳ ба талвоса афтодаанд. “Эътилоф ҳадафи несту нобуд кардани “Давлати Исломӣ-ро надорад, зеро он барои ҳадафҳои шайтанатии дигар истифода мешавад”,-афзуд Ҳайдар Муслиҳӣ.
Дар ҳоле ки ҳам Иёлоти Муттаҳида ва ҳам Эрон ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” мухолифат доранд, Теҳрон, махсусан раҳбари олии Эрон ва низомиён аз эътилофи Амрико бар зидди гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пуштибонӣ намекунанд. Изҳороти манфии раҳбари олии Эрон дар бораи “Давлати ситамкори Бритониё” дар изҳори назари Муслиҳӣ дар бораи ин ки Бритониё дар таъсиси “Давлати Исломӣ” даст доштааст, акси садо дошт. Ин бештар вокуниш ба изҳороти Девид Кемерун, нахуствазири Бритониё дар Созмони Милал буд, ки Эронро як бахши мушкилоти Ховари Миёна унвон кард. Дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ изҳороти камерунро “ғайри қобилиқабул” хондааст, аммо мулоқоти ӯ бо Камерун баъд аз ин суханронӣ, мавриди интиқод қарор гирифт.
Аз он ба баъд, якчанд мақоми эронӣ ба танқиди Бритониё оғоз карданд. Муслиҳӣ дар сӯҳбати худ бо хабаргузории "Форс" гуфт, дар ҳоле ки гурӯҳи “Давлати Исломӣ” аз авбошҳо иборат аст, худи Бритониё ва Хадамоти истихбороти он MI-6 аз ин чунин “авбошҳо” ё хулиганҳо дар табадуллоти давлатии соли 1953 барои сарнагун кардани нахуствазири Эрон Муҳаммад Мусаддиқ истифода кард. Иттиҳоми Муслиҳӣ, ки рақиби суннимазҳаби Эрон - Арабистони Саудӣ таъсиси гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-ро сармоягузорӣ кардааст, дар ҳоле пахш шуд, ки вазири Саудӣ Теҳронро ҳамчун “як бахши мушкилот” дар Сурия, Ироқ ва Яман муқассир хонд.
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ Сауд-Ал-Файсал Теҳронро бо доштани нерӯи ишғолгар дар дохили се кишвари номбурда муттаҳам намуд.