Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер дар пайи ҳамлаи як нафари силоҳбадаст ба як сарбози кандагӣ дар наздикии бинои порлумони ин кишвар дар шаҳри Оттава гуфт, “Канада нахоҳад тарсид” ва ҳамчунон алайҳи терроризм хоҳад ҷангид. Ин ҳамла рӯзи 22 октябр сурат гирифт ва худи нафари гумонбар ба қатли сарбоз ҳам дар натиҷаи даргирӣ бо нирӯҳои пулис дар дохили бинои порлумон кушта шудааст.
Стивен Ҳарпер паёмаш ба мардумро дар пасманзари амалиёти густардаи амниятӣ, ки аз ҷумла масдуд шудани бахше аз ҳудуди пойтахти Канада аз сӯи нирӯҳои амниятӣ ба хотири ҷустуҷӯи гумонбарони ҳтимолии дигар дар ин ҳамларо дар бар мегирифт.
Ҳодисаи охир дар ҳоле буд, ки Канада рӯзи 21 октябр дар пайи қатли як рӯз аз он пеши як сарбози дигари ин кишвар аз як сӯи як нафари ба Ислом гароида сатҳи омодабошаш ба таҳдидҳои террористиро боло бурда буд.
Ҳарпер дар паёмаш ҳарду ҳодисаи охирро “ҳамлаҳои террористӣ” номид ва гуфт, ин ҳамалот азми Канада барои набард алайҳи ифтротгароӣ дар канори муттаҳидонашро баракс боз ҳам қавитар мекунад. “Онҳо ягон ҷои амн барои паноҳ бурдан нахоҳанд ёфт,” – гуфт сарвазири Канада.
Ягон гурӯҳи на исломӣ ва на дигар то ҳол масъулияти ҳамлаи рӯзи 22 октябр дар Оттава ва ҳамлаи рӯзи 20 октябр дар Монреалро бар ӯҳда нагирифтаанд.
Рӯзи 22 октябр як силоҳбадаст ба сарбози қаровули фахрӣ дар назди ёдгории қурбониёни ҷанги якуми ҷаҳон, ки дар наздикии бинои порлумони Канада воқеъ аст, ҳамла овард ва алайҳаш чанд тир кушод. Ин сарбоз - капрал Натан Гирилло - дар бемористон даргузашт. Аммо ҳамлагар бо идомаи тирандозӣ ду муҳофизи порлумонро ҳам захмӣ кард ва дар бинои порлумон пинҳон шуд. Пулис барои таъқиби ӯ дар ин бино амалиёти вижаеро ба роҳ андохт, ки натиҷааш кушта шудани гумонбари ҳамла гуфта мешавад.
Матбуоти Канада менависад, пулиси Канада ҳамчун гумонбари тирандозӣ нафаре бо номи Зиҳаф-Биборо таҳти таҳқиқ қарор додааст. Нашрияи "Globe and Mail"-и Канада бо иқтибсо аз мақомоти федеролии ин кишвар хабар дод, ки Зеҳаф-Бибо беш аз 30 сол дошта, зодаи Канада аст ва барои мақомоти ин кишвар чеҳраи ошное буд. Бино бар ин гузориш, ҳукумати Канада ахиран ӯро ҳамчун “сайёҳи пурхатар” арзёбӣ карда, шиносномаашро ҳатто мусодира кардааст.
Омили ҳамлаи охир Мартин Руло низ ҳамагӣ як сол пеш ба Ислом гароида, дар байни 90 нафаре буд, ки аз сӯи пулис бо гумони ширкат дар фаъолиятҳои ҷангӣ дар хориҷ аз Канада ваё бо гумони қасди чунин кореро дар сар доштан мавриди таваҷҷӯҳи пулис қарор дошт. Ба мисли Зиҳаф-Бибо, шиносномаи Руло низ дар авоили соли равон мусодира шуда, ӯро аз сафар ба Туркия боздошта буд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тирандозиҳо дар Оттаваро ҳамчун “ҳамлаҳои хашмовар” маҳкум ва ба аҳли хонаводаи қурбониҳо аз номи мардуми Амрико изҳори ҳамдардӣ кард. Обама ҳамзамон бори дигар ба зарурати аз даст надодани ҳушёрӣ таъкид кард. Обама, ки дар як тамоси телефонӣ бо Стивен Ҳарпер сӯҳбат мекард, гуфт, ангезаи тирандозӣ норӯшан боқӣ мемонад.
Канада дар авоили моҳи октябр ба эътилофи таҳти раҳбарии Амрико алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия пайваст.
Мақомоти Канада рӯзи 21 гуфта буданд, ки тасмими болотар бурдани сатҳи омодабош ба таҳдидҳои террористӣ дар ин кишвар “ба сурати умум” бо дарназардошти таҳдидҳои ношӣ аз гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” ва Ал-Қоида гирифта нашудааст, на бар пояи кадом як таҳдиди мушаххаси ҳамла.