Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурлан Мотуев худро "халифа"-и Осиёи Марказӣ эълон кардааст


Нурлан Мотуев
Нурлан Мотуев

Як сиёсатмадори қирғиз худро “халифа”-и Осиёи Марказӣ эълон карда, гуфтааст, фармони интисобашро аз худи Абӯбакри Бағдодӣ, “халифа”-и гурӯҳи “Давлати исломӣ” гирифтааст.

Нурлан Мотуев, як сиёсатмадори булаҷаби қирғиз, ки бештар бо рафтору иқдомҳои ғайричашмдошташ маъруф аст, дар ин авохир ба Ислом рӯ овардаву ахиран худро ҳатто “халифа”-и тамоми Осиёи Марказӣ эълон кардааст. Ин нафар, ки дар гузашта идораи умури кони ангишти Қара-Кечеро бар дӯш дошт ва барои тахаллуфоти молӣ маҳкум ба зиндон ҳам шудааст, ахиран дар саҳифааш дар Фейсбук аз таъсиси “хилофат” дар Осиёи Марказӣ хабар дода, гуфтааст, ӯро ба маснади “халифа”-и ин минтақа шахсан Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва нахустин “халифа”-и ин гурӯҳ таъйин кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Нурлан Мотуев на дар Сурия ё Ироқ, балки дар худи Қирғизистон қарор дорад ва сарфи назар аз баёнияҳои пуриддаояш дар бораи “шарофат”-ҳои “ҷиҳод” дар Сурия, худаш боре ҳам ба онҷо нарафтааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон баёнияҳои Нурлан Мотуевро ҷиддӣ намегиранд ва мегӯянд, ӯро ҳатто боздошт ҳам намекунанд. Ҳарчанд, гуфтанд онҳо, баъди изҳороти ахираш дар бораи гӯё “халифа”-и Осиёи Марказӣ таъин шуданаш аз сӯ раҳбари “Давлати исломӣ” бо ӯ “сӯҳбат”-ҳои профилактикие анҷом додаву тамосҳои ӯ бо хориҷро низ омӯхтаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, ки ғайрирасмӣ дар ин бора сӯҳбат мекунан, Нурлан Мотуев аз нигоҳи тундгароии мазҳабӣ дар ҳоли ҳозир хатаре надорад ва дар рафтораш то имрӯз ягон таркиби ҷиноят мушоҳида намешавад. Онҳо мегӯянд, бо ин вуҷуд, ҳаракатҳои Мотуевро таҳти назорат гирифтаанд, то, ба қавли онҳо, “аз ҳад нагузаронад.”

Нурлан Амонхонович Мотуев 12 октябори соли 1969 дар рустои Чаеки ноҳияи Норин ба дунё омада, худро аз қабилаи саяк мешуморад. Мотуев то соли 2005 ба кони ангишти Қаро-Кече раҳбарӣ мекард. Ҳоло муассис ва раҳбари ҷунбиши патриотии “Жоомарт” мебошад. Як муддат дар Амрико ҳам зиндагӣ кардааст. Дар солҳои охир ин марди корчаллон ва тарбияи ба истилоҳ дунявӣ гирифта якбора ба Ислом рӯ овард.

Ӯ аз ҷумла ҳафтае пеш дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии “Гезиттер” гуфт, дар Қирғизистон "қонунҳои куфр” муқаррар шудаанд, ки зидди арзишҳои исломист. Ба ақидаи ӯ, бояд ин қонунҳое, ки “кофирҳо эҷод кардаанд,” дар Қирғизистон ва ҳар кишвари дигари мусалмоннишин қонунҳои Шариат ҷорӣ шаванд. Ӯ мегӯяд: “Тибқи ҳадисҳои паёмбар Муҳаммад (с) ҳезум, об, чарогоҳҳо – бояд ҳама моли умумӣ бошанд. Ман дар соли 2005 бо такя ба ҳамин ҳадис тамоми кони Қаро-Кечеро ба давлат додам. Мардум баъди ин ба ангишти арзон даст ёфтанд ва ман аз ин хеле хушбахтам. Аммо ин саодат ҳамагӣ як сол давом кард ва сипас маро шинонданду дубора дар инҷо қонунҳои куфрро ҷорӣ карданд.”

Нурлан Мотуев халосии мардуми Қирғизистон ва минтақа аз чанголи вазъи имрӯзаро танҳо дар истиқрори “хилофати исломӣ” мебинад: “Фурсате фаро расида, ки мардум аз сиёсатмадорону мухолифони пешина, ки аз қонунҳои кофирон пуштибонӣ мекунанд, халос шавад. Агар мардуми мо ба қароре бирасад ки “Не, ман розиам бо ин фоизҳо, бо ин афзоиши ҳарсолаи нархҳо, бо ин маоши ночиз зиндагӣ кунам ва ғуломи ин давлат боқӣ бимонам. Ман розиам Исломро риоя накунам ва дар он дунё ба азоби дӯзах гирифтор шавам,” пас бигзор аз худ бубинанд. Давлати исломии ман – хилофат – дар Сурияву Ироқ таъсис ёфта, мустаҳкам мешавад. Ягон рӯз ман ҳам ҳатман ба онҷо хоҳам рафт.”

Даъвои Нурлан Мотуев дар бораи гӯё аз ҷониби хуби Абӯбакри Бағдодӣ “халифа”-и Осиёи Марказӣ таъин шудани ин сиёсатмадори худбини қирғиз дар ҳолест, ки ахиран дар матбуоти Ғарб харитаи “хилофат”-и ояндаи созмони ифротии “Давлати исломӣ” нашр шуд. Ин харита тамоми қаламравҳоеро, ки як замони таҳти султаи хилофатҳои исломии асрҳои аввали зуҳури Ислом қарор доштанд, аз Андалусияи Испанияву шимоли Африқо то Осиёи Марказиву Қафқозу нимқораҳои Ҳинд ва Балканро дар бар мегирад. Дар ин харита, ки бархе расонаҳо “нақшаи 5 соли ояндаи “Давлати исломӣ” ҳам номмаш кардаанд, манотиқи шарқи Эрон ҳамроҳ бо Афғонистону Покистону Ҳинд ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар устоне бо номи “Хуросон” ҷой карда шудаанд.

Абӯбакри Бағдодӣ
Абӯбакри Бағдодӣ

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи “Ал-Қоида” ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро ишғол кард. Дар моҳи май ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар ин қаламравҳои ишғолкардаашон эълони “хилофат” карда ва Абӯбакри Бағдодӣ ном раҳбари худро ба унвони “халифа” интихоб карданд.

Аз моҳи август таҳти раҳбарии Амрико эътилофи байналмилале ташаккул меёбад, ки ҳадафаш мубориза бо таҳдидҳои ношӣ аз “Давлати исломӣ”-ст. Ин эътилоф то кунун аз эъзоми нирӯҳои заминӣ алайҳи ин гурӯҳ худдорӣ варзида, танҳо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба сангарҳои “Давлати исломӣ” ва кумакҳои низомӣ ба нирӯҳои Ироқу пешмаргаҳои курд иктифо кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия садҳо ҷангӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Шумори ҷангиён аз Қирғизистон дар Ироқу Сурия аз 100 то 150 нафар гуфта мешавад, ки аксар аз узбакҳои сокини ин кишвари Осиёи Марказӣ будаанд. Аз Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоташ, то 200 нафар ба ин ду кишвари арабӣ барои “ҷиҳод” рафтаанд ва то имрӯз дастикам 50 тани онҳо дар Сурияву Ироқ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG