“Zigmund” барои Тоҷикистон дастгоҳи “оптикии обрасонӣ” медиҳад

Мулоқоти раиси парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Чех Ян Ҳамачек.

Бар асоси санади ҳамкорӣ миёни ширкати чехии “Zigmund electronics” бо Корхонаи хоҷагии манзилӣ-коммуналии Тоҷикистон, системаи обрасонӣ дар ин кишвар беҳбуд хоҳад ёфт. Қарор аст, ин ширкати чехӣ барои Корхонаи хоҷагии манзилӣ-комуналии Тоҷикистон як дастгоҳи “бозрасони оптикии обрасонӣ” насб кунад. Меморандум ё санади ҳусни тафоҳуми ҳамкорӣ миёни ширкати чехии “Zigmund electronics” бо Корхонаи хоҷагии манзилӣ-комуналии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 10 феврал зимни Форуми муштараки соҳибкорони тоҷику чех дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Форуми соҳибкорони тоҷику чех бо ҳузури Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Ян Ҳамачек, раиси Маҷлиси Миллии Чех ҷараён гирифт. Мичал Наюман (Michal Neumann), як масъули ширкати “Zigmund electronics” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ имзои ин

санади ҳамкориро муҳим арзёбӣ кард. Ширкати “Zigmund electronics” ба истеҳсоли дастгоҳҳои бозрасии оптикӣ ҷиҳати назорати системаи обрасонӣ машғул аст. Дастгоҳе, ки ин ширкат ба корхонаи хоҷагии манзилӣ-комуналии Тоҷикистон бояд насб кунад, имкон медиҳад, то вазъи обрасонӣ дар кишвар беҳбуд ёфта ва ин система комилан таҳти назорат гирифта шавад.

Мичал Наюман (Michal Neumann) афзуд, Тоҷикистон реформа ё ислоҳоти зиёде ба анҷом расонида ва Бонки ҷаҳонӣ низ дар доираи барномаи “Doing Business” ба рушди иқтисодии ин кишвар таъкид карда ва гуфтааст, ки дар роҳи дуруст мебошад. Ба ин далел, ҷаноби Наюман мегӯяд, имкони ҳамкорӣ дар дигар бахшҳо низ бо Тоҷикистон вуҷуд дорад. Албатта ба гуфтаи, вай рискҳое ҳам вуҷуд дорад, ки мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Мақомоти тоҷик густариши ҳамкориҳо дар бахши обрасонии кишвар бо ширкатҳои чехиро саривақтӣ медонанд ва мегӯянд, айни замон системаи обрасонии Тоҷикистон ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳаст, ки танҳо бо кӯмаки шарикон метавонад бозсозӣ шавад.

Равшан Туйчизода, муовини аввали раҳбари Корхонаи хоҷагии комуналӣ-манзилии Тоҷикистон низ имзои санади ҳамкорӣ бо ширкати чехиро оғози ҳамкорӣ бо корхонаҳои Чехро муҳим унвон кард ва гуфт, дар воқеъ системаи обрасонии Тоҷикистон ба кӯмаки фаннӣ ва молӣ ниёз дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир бо иҷрои тарҳҳои сармоягузории хориҷӣ сарфаи об дар қаламрави кишвар беҳтар шуда ва умури софу тозакунии он бештар шудааст. Аммо ба таъкиди ҷаноби Тӯйчизода, бо ин ҳам мушкилот дар ин соҳа вуҷуд доранд.

Соҳибкори чех.

Дар ҳамин ҳол дар форум ё нишасти муштараки соҳибкорони чеху тоҷик дар шаҳри Душанбе 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо шароити ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар дар бахшҳҳои иқтисоду тиҷорат, тандурустӣ ва фарҳангро фароҳам мекунад. Ҳарчанд Тоҷикистон ва Чех дар даврони Шӯравии пешин дар бахшҳои мухталиф ҳамкориҳое доштанд, аммо дар пайи касби истиқлоли Тоҷикистон равобити дипломатӣ бо Ҷумҳурии Чех дар 5 июни соли 1992 аз сар гирифта шуд. Дар муддати беш аз ду даҳсола раҳбарони Тоҷикистон ва Чех ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳоеро анҷом додаанд. Аммо то кунун ҳар ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар сафоратхона надоранд.

Коршиносон мегӯянд, ки як садди тавсеаи ҳамкориҳои байни кишварҳо, вуҷуди фасод ва қонунҳои нонавиштаи муносибат дар бозори дохилии Тоҷикистон аст, ки пеши роҳи ин муомилаҳоро мегирад. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 каме беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.