Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милош Земан дар ОМ: Имрӯз - дар Остона, фардо - дар Душанбе


Мулоқоти Милош Земан бо Эмомалӣ Раҳмон дар Сочи. 7 феврали соли 2014
Мулоқоти Милош Земан бо Эмомалӣ Раҳмон дар Сочи. 7 феврали соли 2014

Раисиҷумҳури Чехия Милош Земан рӯзи 24 ноябр силсиласафараш ба Осиёи Марказиро бо боздид аз Қазоқистон ва мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев оғоз кард. Земан фардо аз Остона ба Душанбе парвоз мекунад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 24 ноябр дар Остона бо ҳамтои чехаш Милош Земан мулоқот кард. Земан бо боздиди дурӯзааш аз Қазоқистон силсиласафари худ ба Осиёи Марказиро оғоз кард. Қарор аст, ки ӯ шоми 25 ноябр вориди Душанбе шуда, рӯзи 26 ноябр бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон гуфт, Назарбоев ва Земан “масоили таҳкими ҳамкорӣ дар соҳоти тиҷорию иқтисодӣ, нақлиётиву транзитӣ, кишоварзӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ карданд.” Дар ин дидор масоили ҳамкории ду кишвар дар риштаҳои мошинсозӣ, энержӣ ва тиббу сайёҳӣ низ дар миён гузошта шудааст.

Назарбоев бо таъкид ба ин нукта ки Ҷумҳурии Чех яке аз шарикони калидии тиҷории Қазоқистон дар Аврупост, аз фаъолияти беш аз 70 корхонаи муштараки чехию қазоқӣ дар Қазоқистон ситоиш кардааст. Бузургтарини ин корхонаҳо корхонаи ҷамъу басти мошинҳои сабукрави чехии “Škoda” мебошад. Милош Земан ба навбаи худ ба аҳамияти боздидаш аз Қазоқистон таъкид карда, ин кишварро кишваре номидааст, ки дар масири “Роҳи нави Абрешим” ҷойгир шудааст.

Бо анҷоми боздидаш аз Қазоқистон, Милош Земан шоми 25 ноябр аз Остона роҳии Душанбе мешавад. Сухангӯи Земан Йиржи Овчачек гуфтааст, ки раҳбари Ҷумҳурии Чех дар Тоҷикистон низ ду рӯзро ба сар хоҳад бурд ва рӯзи 26 ноябр дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтугӯ хоҳад нишаст. Овчачек мегӯяд, ки Милош Земанро дар ин силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ як гурӯҳи бузурги соҳибкорони чех ҳамроҳӣ мекунанд ва ҳам дар Остонаву ҳам дар Душанбе баргузории форумҳои муштараки соҳибкорони чеху қазоқ ва чеху тоҷик дар назар дошта шудааст.

"Бата" - модели маъруфи пойафзоли чехӣ. Таблиғ аз соли 1909
"Бата" - модели маъруфи пойафзоли чехӣ. Таблиғ аз соли 1909

Раҳбари Утоқи иҷорати Ҷумҳурии Чех дар умури кишварҳои СНГ (ИДМ) Франтишек Масопуст моҳе пеш дар гуфтугӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан ҷониби Ҷумҳурии Чехро дар форуми соҳибкорони чеху тоҷик дар Душанбе то 60 фирма намояндагӣ кунанд ва ин феҳрист то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст. Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех дар сатҳи поён қарор дорад ва ҳадафи асосии онҳо, пайдо кардани роҳҳои нав ва густариши ҳамкориҳо мебошад.

Тибқи иттилои расмии мақомоти Ҷумҳурии Чех, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 172 миллион крон, муодили 8 миллион долларро ташкил додааст ва дар 6 моҳи аввали соли 2014 табодули мол миёни Душанбе ва Прага ба 75 миллион ё 3,5 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Намоиши кортҳои сурх ба Земан
Намоиши кортҳои сурх ба Земан

Матбуоти Чехия аммо менависад, ки ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба далели нақзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқоди пайваста қарор доранд. Ҳамин масоил боис шуд, ки дар моҳи феврали соли равон Прага сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Чехро ба далели ба далели "оғози таътилоти баҳорӣ" дар ин кишвари аврупоӣ ба ақиб биандозад.

Масъалаи дигар мушкилоти сиёсиест, ки Милош Земан дар Ҷумҳурии Чех гирифтор шудааст. Земан дар масъалаи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия мавқеъи фарқкунанда дорад, вале зоҳириан дар арсаи сиёсӣ ва ҷомиаи Чехия пуштибониҳои ӯ аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хуш пазируфта нашуд.

Бино ба назарсанҷиҳои охир, ҳоло аз Земан дар кишвараш танҳо 37 дарсад ҳимоят мекунанд, ки ин назар ба ҳамагӣ як моҳи пеш 21 дарсад камтар аст. Таҳлилгарони чех, бино гузориши сомонаи хабарии cznews.info, чунин мизони маҳбубияти раисиҷумҳурро “фалокатбор” унвон мекунанд.

Земан худро пушти чатр пинҳон кард...
Земан худро пушти чатр пинҳон кард...

Рӯзи 17 ноябр, вақте Ҷумҳурии Чех солгарди 25-уми “инқилдоби махмалин”-еоро, ки ба режими коммунистӣ дар ин кишвар нуқта гузошт, таҷлил мекарданд, ҳазорон нафар кортҳои сурх дар даст ба хиёбонҳо рехтанд. Онҳо бо намоиш додани ин кортҳои сурӣ мухолифати худ ба тарзи давлатдории Милош Земанро ба намоиш гузоштанд. Дар он маросим издиҳом ҳатто алайҳи Земан тухму помидор ҳаво дод, вале ӯ тавонист худро пушти чатр пинҳон кунад. Дар натиҷа, ин борони тухму помидор ба сари раисиҷумҳури Олмон Йоахим Гаук, ки ҳамчун меҳмон дар ин маърака ҳузур дошт, фурӯ рехт.

Милаш Земан моҳи марти соли 2013 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Чехия пирӯз шуд. Ӯ моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Сочӣ, дар ҳошияи расми ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бори аввал бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Оқои Земан дар он мулоқот ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, кишоварзӣ алоқа нишон дода, аз сафарҳои пешини худ ба Душанбе ҳам ёдовар шудааст. Земан ба ҳамтои тоҷикаш гуфта буд, ки “ба хотири асос гузоштан ба густариш ҳамкориҳои сӯдманд бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан мекунад.”

Милош Земан дар авоили солҳои 70-и қарни гузашта ба унвони мутахассиси сохтмон дар Тоҷикистон кор кардааст ва ҳамеша аз Тоҷикистон ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ба некӣ ёд кардааст.

XS
SM
MD
LG