Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр дар як нишасти матбуотӣ бо Милош Земан, ҳамтои чехияш, дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки “дар музокирот бо раисиҷумҳури Чех дар баробари вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо, ҳамчунин дар бораи мавзӯоти доғи сиёсати минтақа ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон вазъи Украинаро яке аз мавзӯҳои баҳси худ бо ҳамтои чехияш унвон кард ва гуфт, “мо таъкид кардем, ки вазъияти имрӯза дар Украина сулҳу суботи байналмилалиро ба таҳдид рӯ ба рӯ мекунад.” Ба ин далел Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “низои Украина бояд ба тариқи мусолиматомезу гуфтугӯ ва ба воситаҳои сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад.”
Милош Земан ба далели мавқеи нисбатан рӯ ба Маскаваш дар масъалаи бӯҳрони Украина дар Ҷумҳурии Чех ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ гирифтор шудааст. Алайҳи ӯ дар Прага қабл аз сафараш ба Осиёи Марказӣ чанд тазоҳуроти эътирозӣ доир шуда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чех дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ дар мубориза алайҳи тероризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ таъкид кард ва гуфт, ки “табиати байналмилалӣ гирифтани ин зуҳуротро дар Сурия ва Ироқ хуб мушодҳида мекунем. Дар ин мубориза бо Чехия шарикони табиӣ ҳастем.”
Оқои Раҳмон гуфт, ӯ бо Земан дар масъалаи вазъи Афғонистон назари ягона доштанд ва “эҳёи истиқрор ва ба ҳадди нестӣ бурдани натоиҷи таҳдиду хатарҳои муосир ба талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Чехия ниёз дорад.”
Ба навбаи худ, Милош Земан, раисиҷумҳури Чех низ ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро муассир хонд ва гуфт, ки равобиту ҳамкориҳои ду кишвар қабл аз касби истиқлоли Тоҷикистон густариши чашмгире доштааст. Ҷаноби Земан ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта, дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Вай дар иртибот ба рушди имрӯзии Тоҷикистон гуфт, “ба бештари кишварҳо даст надодааст, ки дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳое ноил шаванд. Аммо Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба ҷанги дохилӣ поён диҳад ва ба терроризм пирӯз шавад.”
Раисиҷумҳури Чехия ба густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид карда ва гуфт, ки сафари расмии вай барои бештар шудани муносиботи ду кишвар заминаҳо ва омили муҳимеро ба бор меорад.
Дар нахустин рӯзи сафари расмии Милош Земан аз Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.
Ҳамчунин Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷику чех бо ширкати раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар баргузор гардид, ки дар доираи ин ҳамоиш низ чанд санади ҳамкорӣ миёни корхонаҷот ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чех ба имзо расид.
Милош Земан, раисиҷумҳури Чех, ки шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд, фардо, 27 ноябр сафари расмии худ ба Тоҷикистонро поён медиҳад.
Тибқи иттилои расмии мақомоти Ҷумҳурии Чех, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 172 миллион крон, муодили 8 миллион долларро ташкил додааст ва дар 6 моҳи аввали соли 2014 табодули мол миёни Душанбе ва Прага ба 75 миллион ё 3,5 миллион доллари амрикоӣ расидааст.