Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари "ҷавобии" Э.Раҳмон ба Прага


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки барои иштирок дар саммити оби Будапешт дар Аврупо қарор дорад, аз Ҷумҳурии Чех ҳам боздид хоҳад кард. Дар дафтари матбуоти ҳукумати Чехия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 декабр сурат гирифта, мулоқоти ӯ бо президент Милош Земан ва нахуствазир Богуслав Соботка дар назар аст. Ҷузъиёти аз ин бештари сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чех эълон нашудааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд

Аммо ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дуруст баъди ду соли сафари Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех, ба Тоҷикистон сурат мегирад. Земан дар моҳи ноябри соли 2014, дар шабу рӯзе, ки баҳси Ғарбу Русия бар сари бӯҳрони Украина ҷараён дошт, дидан кард ва баъдан барои "нармгуфторӣ" дар баробари Русияву Чин аз тарафи мухолифонаш ҳам "гап шунид".

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни сафари Милош Земан ба Тоҷикистон ду тараф "дар баробари вазъи ҳамкориҳо, мавзӯъҳои доғе ба мисли сиёсати минтақа ва байналмилалиро баррасӣ карданд".

Сӯҳбати имсолаи Раҳмону Земан дар бораи чӣ хоҳад буд, маълум нест. Аммо тафсилоти сӯҳбати онҳо дар ду соли пеш инҷост:

Милош Земан дар бораи дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нишасти хабарии баъди мулоқоташ бо Земан он вақт гуфт, вазъи Украина яке аз мавзӯъҳои баҳс бо ҳамтои чехияш буд ва афзуд, “таъкид кардем, ки вазъияти имрӯза дар Украина сулҳу суботи байналмилалиро ба таҳдид рӯ ба рӯ мекунад. Ба ин далел, низои Украина бояд ба тариқи мусолиматомезу гуфтугӯ ва ба воситаҳои сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад.”

Ба навбати худ, Милош Земан, раисиҷумҳури Чех низ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон муассир хонда ва гуфт, ки равобиту ҳамкориҳои ду кишвар қабл аз касби истиқлоли Тоҷикистон густариши чашмгире доштааст. Земан ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта, дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Вай дар нишасти матбуотиаш дар Душанбе ҳам ду сол пеш гуфт, солҳои 1984 ҳангоми кор дар ширкати "Agrodat" ва "Политехно" ба Тоҷикистон омада, техникаи кишоварзӣ ворид кардааст. Аз рӯи баъзе маълумот, дар Тоҷикистон ӯ чандин моҳ бо мутахассисони тоҷик ҳамкорӣ карда, ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳам сафарҳо анҷом додааст, аз ин рӯ ин кишварро "як дӯсти Ҷумҳурии Чех" арзёбӣ мекунад.

Дар сафари ду соли пешаш ба Тоҷикистон Милош Земанро як ҳайати соҳибкорони чехӣ ҳамроҳӣ мекарданд ва дар пйаи мулоқоти раҳбарони ду кишвар Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷику чех низ баргузор гардид.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд ва мизони табодули молу коло миёни ду кишвар чандон баланд нест. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.

Маликшо Неъматов имсол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех эътимоднома супурд
Маликшо Неъматов имсол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех эътимоднома супурд

Сафири фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд қароргоҳ дорад ва ҳамин тавр, барои муроҷиат ба сафорати Тоҷикистон шаҳрвандони Чехия бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Берлин муроҷиат кунанд. Сафири Тоҷикистон дар Берлин ҳамзамон сафири кишвар дар Ҷумҳурии Чех аст.

XS
SM
MD
LG