Дар ҳоле ки вазирони энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ 25 ноябр созишномаи ниҳоиро дар мавриди бунёди CASA-1000 имзо карданд, бархе аз коршиносон ба иҷрои он ва кафолати Афғонистон барои таъмини амнияти ин тарҳ шак доранд. Дар сурати сохта шуданаш тавассути ин хатти баландшиддат солона аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон 1300 мегаватт нерӯи барқ интиқол меёбад.
Раҷаби Мирзо -- таҳлилгари тоҷик мегӯяд, аммо ин хатти баландшиддати барқ аз минтақаҳои шимолии Афғонистон хоҳад гузашт, ки ҳоло ба майдони даргирии Толибон ва нерӯҳои давлатӣ табдил ёфтааст ва поёнаш маълум нест. “Корҳои сохтмонӣ дар он ҷо чӣ гуна анҷом хоҳанд гирифт? Амнияти коргарони сохтмонро кӣ таъмин хоҳад кард?” -- савол пеш гузошт ӯ.
Абдулғафури Орзу -- сафири Афғонистон дар Тоҷикистон 26 ноябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки тарҳи CASA-1000 на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки ба фоидаи Қирғизистону Тоҷикистон ва Покистон ҳам ҳаст ва ин кишварҳо низ ба таъмини амнияти ин тарҳ алоқаманданд. Бахусус, Покистон, ки ба гуфтаи ӯ сафир, бештар аз ҳама ба нерӯи барқ ниёз дорад.
“Афғонистон пуле миёни Осиёи Марказӣ ва Покистон аст. Аз ин лиҳоз ҳам Покистон ва ҳам кишварҳои минтақа бояд ҷиҳати таъмини амният бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд,” -- афзуд Абдулғафури Орзу.
Ҳамзамон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки дар сурати пуштибонии мардуми ин кишвар ҳар гуна тарҳ дар Афғонистон амалӣ хоҳад шуд. Ӯ ба унвони мисол аз хатти интиқоли нерӯи барқ дар масири Сангтӯдаи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кундузу Пули Хумрии Афғонистон ишора кард, ки дар зарфи 4 соли ахир фаъол аст. Ин хатти интиқоли нерӯи барқи 220-киловаттӣ дар моҳи октябри соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ҳамасола тавассути ин хат дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ содир мешавад.
Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, 26 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки агар дар иҷрои тарҳи CASA-1000 хатар ё таҳдиди амниятӣ вуҷуд медошт, Тоҷикистону Қирғизистон аз он сарфи назар карда ва созмонҳои бонуфузи молие чун Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва ниҳодҳои молии Амрикову Бритониё аз он пуштибонии молӣ намекарданд.
Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовари Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 953 миллион долларро ташкил медиҳад.
Феълан ширкати “Барқи тоҷик” дар фасли тобистон ба Афғонистон ба миқдори 4 миллион киловатт/соат дар як шабонарӯз ва ба Қирғизистон ба миқдори то 2 миллион киловатт/соат нерӯи барқ содир мекунад. Бино ба иттилои манобеи Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳамасола дар фасли тобистон дар обанбори нерӯгоҳҳои кишвар оби зиёд ҷамъ шуда, ба далели набудани бозори фурӯши нерӯи барқ оби муодили ҳудуди 4 миллиард киловат/соат бидуни фоида сар дода мешавад. Хисороти ворида дар ин самт ҳудуди 120 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Ҳоло барои иҷрои тарҳи CASA-1000 Тоҷикистон бояд 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҷалб кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун барои иҷрои ин тарҳ бо арзиши 235 миллион доллар бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо, Бонки Сармоягузории Аврупо созишномаҳо имзо кардааст.
Қирғизистону Тоҷикистон аз ин тарҳ умеди зиёд доранд ва мегӯянд, ки роҳашон ба бозорҳои минтақавии энержӣ боз мешавад. Вале ду муассисаи таҳқиқотии Узбакистон дар гузорише дар бораи рискҳои эҳтимолии тарҳи CASA-1000 гуфтаанд, бо назардошти ҷуғрофиёи мушкили минтақа харҷи бунёди хатҳои баландшиддат ва истгоҳҳои тақсими барқ мумкин аст ба 2 миллиард доллар бирасад. Айни замон ба гуфтаи ширкати «Гидропроект» ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии системаи ягонаи энергетикии Узбакистон, Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти рушди иқтисодӣ ба нерӯи барқи зиёдтар эҳтиёҷ хоҳанд дошт ва наметавонанд, дар фасли тобистон ҳам 6 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид кунанд.