Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи пурхатари Тоҷикистон то ба уқёнус


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва сарвазири Покистон Навоз Шариф
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва сарвазири Покистон Навоз Шариф

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда бо як сафари расмӣ ба Покистон меравад. Ин кишвар харидори хубе барои барқ ва моли Тоҷикистон аст, вале айни замон як манбаи бесуботӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда бо як сафари расмӣ ба Покистон меравад. Ин кишвар барои харидории барқ ва моли Тоҷикистон бозори бузург дорад, вале барои оғози додугирифт суботи доимӣ надорад. Тоҷикистон ҳамеша дар орзуи берун рафтан аз бунбасти иртиботӣ ва расидан ба обҳои бузург аст ва як баромадани Тоҷикистон ба уқёнус бандари Гвадари Покистон номбар мешавад. Бандари стратегие, ки аз ноҳияи Панҷи Тоҷикистон 2200 километр дур буда, наздиктарин роҳи расидан ба уқёнус аст. Покистон ҳам ба Тоҷикистон ба ҳамин андоза эҳтиёҷ дорад ва онро як даҳлезе барои расидан ба Осиёи Марказӣ - ба як манбаи бузурги нерӯи барқ ва газу нафт ва бозори хубе барои маҳсулоти саноатии арзони худ арзёбӣ мекунад. Покистон, ки то ба Осиёи марказӣ роҳи мустақим надорад, маҷбур аст, молу маҳсулоташро аз тариқи Канали Суетс ба Баҳри Сиёҳ ва сипас аз тариқи роҳҳои оҳани Русия ба Осиёи Марказӣ бирасонад, ки ин барояш гарон меафтад. Дар сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод дар рӯзи 10-уми ноябр асосан ҳамин масъалаҳо – ҳамкорӣ дар арсаҳои энержӣ, нақлиёт, тиҷорат ва авзои ноором дар минтақа баррасӣ мешавад.

Тарафҳо ин масъаларо баррасӣ мекунанд, ки чӣ гуна худро аз инзивои тиҷоратӣ раҳо шаванд ва ба ба бозорҳои бузурги ҷаҳон роҳ ёбанд ва ҳам пеши роҳи ифротгароиву терроризмро бигиранд, ки дар минтақа рӯ ба густариш овардааст. Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили сиёсӣ аз Тоҷикистон мегӯяд, эҳтиёҷ ба якдигар ду тарафро водор кард, ки беэътимодиҳои солҳои гузаштаро канор гузошта роҳи мустаҳкам кардани ҳамкориҳоро пеш бигиранд. “Муҳимтарин ниёзе, ки Тоҷикистон ба Покистон дорад, ин баромадан аз тариқи роҳҳои Покистон ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Вале аз дигар тараф, Покистон ба унвони як кишвари саноатӣ ба энержӣ ниёзи шадид дорад ва ҳамин масъала чолиши дараҷаи аввали Покистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон метавонад то ҳадде ин мушкилро бо судури нерӯи барқ ҳал кунад”, мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Манзури Саъдӣ Юсуфӣ тарҳи CASA-1000 ва ё тарҳи кашидани хати баландшиддати 1200-километрии нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон аст. Корҳо дар ин самт чандин соли охир ҷараён дорад ва аз тариқи ин хат бояд солона ва дар фасли тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон 1300 киловолт нерӯи барқ ба Покистон интиқол дода шавад. Исломобод муштоқи ҳарчи зудтар иҷро шудани ин тарҳ аст, вале, ба гуфтаи пажӯҳишгарони Покистон, эҳтимолан кашидани хати барқ баосонӣ муяссар нашавад. Аришулло Хон, як муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи мутолеоти минтақавии Покистон шубҳа дорад, ки тарҳи САSA-1000 рӯзе амалӣ мешавад. Вай мегӯяд, бо далели бесуботиву нооромӣ дар Афғонистон, такмили ин тарҳ ва фоида гирифтан аз он ба осонӣ муяссар намешавад.

Вай мегӯяд, Тоҷикистону Покистон ҳарчанд барои иҷрои тарҳи САSA-1000 азми қавӣ доранд, вале сарнавишти лоиҳа ба суботи сиёсӣ дар Афғонистон вобаста аст. Баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии ба раҳбарии НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, Толибон, бахусус дар манотиқи шимолу шарқии ин кишвар фаъол шудаанд. Пажӯҳишгари покистонӣ мегӯяд, агар иҷро шудани ин тарҳ дар як фурсати начандон наздик воқеӣ ба назар расад, дар фурсати феълӣ ва ояндаи наздик тавсеаи тиҷорат ва нақлиёт аз бахшҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар боқӣ мемонад. Аришулло Хон гуфт, гузаргоҳи Чину Покистон, ки таъсис мешавад, вилояти Қошғари Чинро бо бандари Гвадар васл мекунад ва агар ин гузаргоҳи тиҷоратӣ боз шавад, имкони ҳаракати муназзами солонаро фароҳам мекунад ва Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин роҳ баҳра барад ва Покистон ҳам метавонад ба бақияи бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

Айни замон барои интиқоли молҳои Покистон ба Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қатор 8 рӯзи пур аз мушкилоту расмиёт зарур аст ва аз ин рӯ аксаран молу маҳсулоти Покистон аз тариқи Афғонистон бо мошин ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар нӯҳ моҳи гузашта табодули мол миёни Тоҷикистону Покистон 50 миллион долларро ташкил додааст, ки ба гуфтаи коршиноси покистонӣ, бисёр ночиз аст. Соли 2014 зимни сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Душанбе ду тараф аҳд додаанд, ки табодули молро дар се соли оянда ба 500 миллион доллар бирасонанд, вале ноамнӣ дар Афғонистон мизони тиҷоратро байни ду тараф кам кард. Ваъдаи ду тараф барои боз кардани хати сайри Душанбе-Исломобод ҳам иҷро нашуд. Айни замон дар Тоҷикистон тақрибан 40 ширкати покистонӣ фаъолият мекунанд ва аз Покистон ба Тоҷикистон аксаран маҳсулоти сохтмонӣ, бахусус семент ва маводи ғизоӣ ва мева ворид мешавад.

Дар як гузориши тозаи Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилалии Амрико (Center for Strategic and International Studies) дар бораи «Зуҳури манофеи нави иқтисодӣ ва амниятии Тоҷикистон» омадааст, ки Душанбе ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Покистону кишварҳои Осиёи Ҷанубиро василае барои ҷилавгирӣ аз сирояти бесуботӣ ба амнияташ аз Афғонистон мешуморад. Ба навиштаи муаллифони ин гузориш, иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Покистон ба суди Афғонистон аст, чун ба некӯаҳволии мардум ва рушди иқтисодии ин кишвари ҷангзада мусоидат мекунад ва бо баргашти суботи тадриҷӣ ба ин кишвар хатар ба амнияти Тоҷикистон ҳам коҳиш меёбад. Аксарияти дипломатҳои хориҷӣ ба муаллифони ин гузориш гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар симои Афғонистон як манбаи тундгароии исломиро мебинад, вале мақомоти Афғонистон пайваста мегӯянд, ки маҳз Покистон манбаи содироти ифротгароёну террористон ба ин кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG