Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) ба сармягузории тарҳи машҳури минтақавии “CASA 1000” дар ҳоле ҳамроҳ мешавад, ки агар Тоҷикистон дар ширкати «Барқи Тоҷик» ислоҳот анҷом диҳад. Ин ислоҳот мудернсозии ширкат ва иҷозаи дастрасии тарафҳои савумро ба хатҳои интиқоли барқ дар назар дорад. Ҳамчунин як танзимгари мустақили бахши энергетикӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Тоҷикистон ин шартҳоро пазируфт ва рӯзи 15 майи соли 2015 дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони EBRD бо ин бонк ёддошти тафоҳум имзо намуд. Иҷрои ин шартҳо роҳи сармояҳои EBRD-ро барои тарҳи “CASA 1000” – интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд боз хоҳад кард.
Тарҳи мазкур, ки як қатор ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, монанди Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки сармоягузории Аврупо ба он шариканд, бо камбуди маблағгузорӣ рӯбарӯст. Аммо аҳамияти ҳалкунандаи он барои табдил шудани Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ ҳукумати тоҷикро водор сохтааст, ки ба шарти ислоҳот дар ширкати «Барқи Тоҷик» пойи EBRD-ро низ ба миён кашонад.
Ёддошти тафоҳумро аз номи ҳукумати Тоҷикистон муовини аввали раиси Бонки миллии ин кишвар Ҷамолиддин Нуралиев ва аз тарафи EBRD мудири иҷроии ин бонк дар умури энержӣ ва захираҳои табиӣ Риккардо Пулитӣ имзо карданд.
Ҳанӯз пурра рӯшан нест, ислоҳот дар ширкати «Барқи Тоҷик» ба кори он ва барои истеъмолкунандагони барқ дар Тоҷикистон чӣ душвориҳо пеш меорад.
Аммо тарҳи “CASA 1000” (CASAаз сари ҳарфи Central Asia – South Asia – Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ ба англисӣ) бунёди хатҳои интиқоли барқро барои ба ҳам пайвастани чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад. Бо сохта шудани ин шабака нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон, Покистоне, ки бо камбуди ҷидди он рӯбарӯянд, интиқол дода мешавад. Ҳинд низ ба иҷрои ин тарҳ таваҷҷӯҳ нишон додааст.
Ҳарчанд масирҳо ва тарҳи ибтидоӣ омода шудааст, сармоягузорӣ ба тарҳ нокофӣ дониста мешавад. Бонки Осиёии Рушд дар ибтидо ба сафи сармоягузорони тарҳ шарик шуда буд, вале соли гузашта аз идомаи машваратҳо худдорӣ намуд. Ин тарҳ, ки аз соли 2012 ба ин сӯ баррасӣ мешавад, бо мушкили сармоягузорӣ рӯбарӯст. Алҳол барои ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ 45, ҳукумати Тоҷикистон 15, Агентии рушди Амрико ё USAID - 7,5 миллион доллар додаанд. Бонки Осиёии Рушд то чор соли оянда 70 миллион доллар ваъда кардааст. Ба қавли мақомот, Фонди Кувайт, кишварҳои араб ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо аз сармоягузорони эҳтимолии ин тарҳ ба шумор мераванд.
Тоҷикистон барои иҷрои тарҳ ба 313 миллион доллар ниёз дорад. Бештар аз нисфи ин маблағ барои сохтмони зеристгоҳи 1300 мегаватаи Сангтӯда зарур аст, ки беш аз 150 миллион доллар сармоя мехоҳад. Бақияи маблағ ба сохтмони 231 километр хатти барқ сарф мешавад.
Бино ба нақшае, ки тасдиқ шудааст, барои амалӣ кардани CASA-1000 бояд хатти интиқоли 500 киловата аз зеристгоҳи “Датка”-и Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон (475 км), зеристгоҳи интиқолдиҳандаи 1300 мегавата дар Сангтӯда, хатти баландшиддати барқи 750 километра аз Сангтӯда ба Кобули Афғонистон ва Пешовари Покистон, зеристгоҳҳои интиқолдиҳандаи 300 мегавата дар Кобул ва 1300 мегавата дар Пешоварро анҷом диҳанд. Дар ҳамин ҳол, масъулон ба мушкилоти худи тарҳ низ ишора мекунанд, аз ҷумла сармоягузории он. Ба қавли онҳо, қисмати афғонистонии тарҳро Бонки ҷаҳонӣ ва покистониашро худи ҳукумати Покистон ба зимма гирифтаанд.
EBRD барои ёрӣ ба бахши энергетикаи барқи Тоҷикистон то ҳол 75 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Бо ин маблағ ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Қайроққумро дар шимоли кишвар навсозӣ кард.