Сармоядорону соҳибкорон ва нозирони умури бизнес мегӯянд, ки агар Тоҷикистон муносибатро ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ беҳтар накунад, бизнес дар кишвар натанҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар фирор мекунанд.
Дар як санаде, ки нозирони андоз ба ман нишон доданд, номи иншооти гуногун ҳасту дар охираш “ва ғайраҳо” навишта шудааст. Нозирон исрор доранд, ки қонун "ва ғайраҳо" гуфта ҳамин гармхонаро дар назар дорад.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори соҳибкорони тоҷик, ки кишварро ба қасди пешбурди бизнес дар Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон тарк кардаанд, мегӯянд, тафтишҳои зиёд аз ҷониби мақомоти санҷишӣ, набуди додгоҳҳои мустақил барои ҳалли баҳсҳои молиявӣ ва зиёновор шудани бизнес онҳоро маҷбур кард, тиҷорати худро ба хориҷ бубаранд.
“Инҷо масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва андоз сабуктар аст”
Абдусамад Атохонов то ду соли пеш дар Тоҷикистон як тиҷорати муввафақи меваи хушк ва консерваи меваҳоро дошт. Ӯ рӯзи 4-уми октябр гуфт, аксари маҳсулоташро ба хориҷа содир мекард ва барои бунёди коргоҳи калонтар ва ворид кардани таҷҳизоти нав нақшаҳо дошт.
Вале тафтишҳои ба такрори идораҳои санҷишии гуногун, талаби иҷрои корҳои хайриявӣ, ки ҳукумати маҳаллӣ дархост мекард, ӯро ба ин натиҷа овард, то тиҷораташро ба Қирғизистони ҳамсоя бикӯчонад. “Ҳар сол борамро тариқи Қирғизистон ба Русия ва Қазоқистон мебурдам. Бо чанд нафар аз тоҷирон дар Қирғизистон ошно шудам ва аз нақли онҳо фаҳмидам, ки шароит барои пешбурди бизнес дар инҷо беҳтар аст, чӣ аз назари андоз ва чӣ дар масъалаи ҳуҷҷатгузории содироти мол ба хориҷа. Барои ҳамин, бизнесро ба инҷо кӯчондам”, - гуфт Атохонов.
“Онҳо шояд сарпарасти қавӣ доранд, ман надорам”
Ин соҳибкори тоҷик гуфт, айни замон меваҳои хушкро боз ҳам аз Тоҷикистон ворид карда, дар Қирғизистон коркард менамояд ва аз онҷо ба Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ содир мекунад. Абдусамад Атохонов мегӯяд, замоне ба кӯч додани бизнесаш аз Тоҷикистон тасмим гирифт, ки зиёну фоидаи кораш қариб баробар шуд ва аз тиҷораташ фоидае гирифта натавонист.
Зимнан, ба мисли Атохонов даҳҳо ширкатҳои хурду миёна асосан дар вилояти Суғди Тоҷикистон машғули коркард ва содироти меваи хушк ба хориҷа ҳастанд. Содироти меваи хушк низ аз кишвар сол ба сол меафзояд. Ба ин суол, ки чаро дигарон дар дохил муваффақ ҳастанду кор мекунанд, аммо ӯ ба кишвари ҳамсоя бизнесашро кӯч дод, Атохонов гуфт, “шояд онҳо ягон сарпарасти қавие доранд, аммо ман надоштам”.
“Мушкил ҳаст, гуфта наметавонем”
Дар гуфтугӯҳои ҷудогона бо Радиои Озодӣ аксари соҳибкорон дар Тоҷикистон аз гаронии андоз ваё ба ибораи онҳо “нодуруст ситондани молиёт” шикоят карданд. Аксари соҳибкорон бори молиётро миёншикан мешуморанд, аммо намехоҳанд номашон бурда шавад. Ба гумони инки мабодо шикваи онҳо аз андоз барояшон “дардисарҳои дигаре эҷод накунад”.
Аз миёни чандин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ танҳо соҳибкор Илҳом Ҳакимов розӣ шуд ошкоро сӯҳбат кунад. Ҳакимов раиси як ширкати кишоварзӣ аст. Ӯ пас аз таҳсил ва омӯзиши таҷрибаҳои навини кишоварзӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон баргашт ва бо таҷрибаҳои андӯхтааш ба парвариши мева ва савбзавот дар гармхонаҳо машғул шуд. Аммо як сол инҷониб нозирони андоз гармхонаҳои ӯро ҳамчун амволи ғайриманқул ҳисоб карда, аз он андоз меситонанд, ки фоидаи кори пурзаҳмати ӯро ночиз мекунад.
Чӣ гуна гармхона амволи ғайриманқул шуд?
“Дар Кодекси андоз ва санадҳои дигари марбут ба андоз дар ягон ҷо гармхона ҳамчун амволи ғайриманқул эътироф нашудааст. Аммо дар як санаде, ки нозирони андоз ба ман нишон доданд, номи иншооти гуногун ҳасту дар охираш “ва ғайраҳо” навишта шудааст. Нозирон исрор доранд, ки қонун ва ғайраҳо гуфта ҳамин гармхонаро ҳам дар назар дорад. Бар асоси “ва ғайраҳо” гармхонаи маро ҳамчун амволи ғайриманқул ҳисоб карда, аз ҳар як метри мурабаъ 1 сомониву 80 дирам андоз меситонанд”, - афзуд ӯ.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бо усули “био”, яъне бо истифодаи маводи табиии безиён дар гармхонааш сабзавоти барвақтӣ парвариш мекунад ва агар давлат аз гармхонааш чунин андози гарон ситонад, тиҷорати ӯ бефоида ва ё “нерентабелный” мешавад.
Дар рӯбарӯи президент
Пас аз 10 рӯз, қарор аст, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони кишвар мулоқот кунад. Ин дидор ба 14-уми октябр, ки рӯзи соҳибкорон эълон шудааст, рост меояд.
Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон, ки масъули беҳбуди вазъи соҳибкориву сармоягузорӣ аст, ба ин муносибат аз соҳибкорон даъват кард, ки арзу шикоятҳояшонро ба таври хаттӣ ва асоснок ирсол кунанд. Ин ниҳод ваъда додааст, ки шикоятҳои аҳли бизнесро ба раиси ҷумҳур мерасонад.
Илҳом Махкамбоев, як масъули ин шӯро мегӯяд, дар ин муддат онҳо аз соҳибкорон чанд пешниҳоди ҷолиб гирифтанд. Масалан, пешниҳод шудааст, ки барои осон кардани дастрасии соҳибкорон ба асноди зарурии идораҳои давлатӣ портали хадамоти давлатӣ таъсис ёбад.
Дар кӯча шикоят мекунанд, рӯбарӯ чизе намегӯянд
Аммо Маҳкамбоев дар робита ба беҷуръатии соҳибкорон, ки ҳангоми мулоқот бо президент мушкилоти худро ошкоро баён намекунанд, гуфт, “вақте бо ширкати мақомот аз ҷумла андоз нишаст доир мекунем, касе аз соҳибкорон, ҷуръат намекунад дар бораи мушкилоташ ҳарф занад. Танҳо дар кӯча шифоҳӣ шикоят мекунанд. Агар аз онҳо дархост кунед, ки арзи худро ба шакли хаттӣ пешниҳод кунед, онҳо канор мераванд. Бисёре аз шикоятҳояшонро асоснок карда наметавонанд.”
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ боло будани мизони андозбандӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба гузориши солонаи Doing Business, мизони андозбандии умумӣ (total taxrate), яъне таносуби байни фоида ва андозҳои мухталиф дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад ва Тоҷикистон аз лиҳози гаронии бори андозаш дар ҷаҳон дар ҷойи севум қарор дорад.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст ва саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 60 дарсад бештар аст.