Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агроинвестбонк" чанд манзил дорад? Бонкҳо ё ширкатҳои хонафурӯшӣ?


Мушкили фурӯши амволе, ки дар ихтиёри бонкҳо қарор доранд, яке аз омилҳои ба буҳрон гирифтор шудани бонкҳои Тоҷикистон будааст. Бонкҳои Тоҷикистон аз муштариёне, ки қарзро пардохт карда наметавонанд, хонаву иншооти дигари ғайриманқулро меситонанд, вале дар фурӯш ва бозпас гирифтани сармояҳои худ дучори мушкил мешаванд.

Тибқи феҳраст, бонки ҳамкнун муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” низ 109 иншоотро дар ихтиёр дошт, ки ба эҳтимоли зиёд маҳз саривақт ба фурӯш нарафтани амволаш боиси касодӣ гаштанд.

“Бонкҳо ширкатҳои риелторӣ нестанд”

Лола Салимова, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар маросими хатми як давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи бонкдорӣ дар охири ҳафтаи гузашта гуфт, бонкҳои Тоҷикистон соли гузашта ба мушкили саривақт фурӯхтани амволи ғайриманқул дучор шудаанд.

Ӯ гуфт, “бонк ин пеш аз ҳама сохторе аст, ки бо гардиши пули нақд, ҷустуҷӯи сармояҳои озод ва ба кор андохтани он сару кор мегирад. Бонкҳо набояд ба оҷонсиҳои риелторӣ табдил ёбанд. Тавре таҷриба нишон дод, дар соли гузашта бонкҳои мо танҳо ба фурӯши амволи дар гаравмондашуда, амволи манқул ва ғайриманқул, машғул буданд. Ва яке аз омилҳои буҳрон дар бонкҳо маҳз бозпас нагаштани қарзҳо аз муштариён ва саривақт ба фурӯш нарафтани амволи дар гаравбуда гашт."

Лола Салимова
Лола Салимова

“Барои ин кор нирӯи иловагӣ зарур аст”

Салимова афзуд, бисёре аз муштариён, ки қарзашонро нагардониданд, амволашонро ба бонкҳо доданд, аммо бонкҳо ба навбати худ дар саривақт ба фурӯш гузоштани ин амвол ва дубора ба даст овардани сармояҳояш ба мушкил дучор шуданд. “Чунки барои фурӯши амвол ба бонкҳо вақти зиёд, маблағ ва кадрҳои иловагӣ зарур аст”, - афзуд ӯ.

Мушкили бонкҳо дар фурӯши амволи аз муштариён ситондашуда замоне сар зад, ки пас аз соли 2014 бо кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон арзиши хонаҳо низ дар Тоҷикистон поин рафт ва аз сӯи дигар ниёзмандон дар Тоҷикистон чандон ҳаводори харидани хонаҳои аз нафарони дигар мусодирашуда нестанд.

“Хонае, ки ба соҳибаш вафо накард...”

Абубакр Солиев, як ҷавони тоҷик, ки солҳо дар муҳоҷират барои харидани як манзили шахсиаш пул ҷамъ кардааст, мегӯяд, дар бозори хонаҳои Душанбе пешниҳодҳо аз сӯи бонкҳо ҳарчанд зиёд ҳастанд, аммо ӯ аз харидории манзилҳои дар дасти бонкҳо буда худдорӣ варзид. Вай гуфт, “чашмам ба чандин эълоне вохӯрд, ки нархи хона дар онҳо аз нарҳои дигар 10-15 фоиз арзон буд. Занг задаму маълум шуд, ки ин хонаҳоро бонк ба фурӯш гузоштааст. Ҳарчанд нархҳояшон арзон буданд, аммо калонсолон машварат доданд, ки ин хел хонаҳоро нахарам. Гуфтанд, ин хонаҳо ки ба соҳибонашон вафо накарданд, ба ту ҳам насиб намекунад”.

Бонкҳои Тоҷикистон умдатан ҳангоми додани қарз ҳуҷҷатҳои манзил ва ё хонаҳоро ҳамчун гарав аз муштариён талаб мекунанд. Аммо соҳибкорон ва ё ширкатҳо на ҳама вақт барои ба гарав мондани манзилҳои худ таваккал мекунанд, ки дар натиҷа боиси камбуди маблағҳои гарон дар бозор ва кунд шудани суръати рушди иқтисод мешавад.

Роҳи равнақи тиҷорати сокинон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз ин рӯ, Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ахиран як гуруҳ кормандони бонкҳои Тоҷикистонро бо як давраи омӯзишӣ фаро гирифт. Дар ин давраҳо мудирони бонкҳо усулҳои нархгузории амволи манқул ба мисли мошину таҷҳизот ва дигар дороиҳоро омӯхтанд, ки дар оянда метавонанд ба ҳайси гарав қабул шуда, бар асоси он муштариён аз бонкҳо баҳри равнақи тиҷорат ва ё кори хеш қарз дарёфт кунанд.

Феҳристи амволи дар гарав қарор доштаро дар Тоҷикистон Вазорати адлия сабти ном мекунад. Ин феҳрист тибқи қонун бояд барои омма дастрас бошад, аммо дар торнамои ин вазорат танҳо маълумот дар бораи амволи дар гарав будаи 2014 ҷой дода шудааст.

Танҳо дар ихтиёри “Агроинвестбонк” ба ҷуз аз биноҳои филиалҳояш дар минтақаҳо 665 хонаву манзил, корхона ва дигар амволи ғайриманқул қарор дорад.

“Агроинвестбонк” 665 хонаву корхона дорад

Аммо ахиран ҳукумати Тоҷикистон дар замимаи қарори хеш ҷиҳати кумаки 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ба чор бонки дучори буҳроншудаи кишвар рӯйхати амволи дар ихтиёри ин бонкҳо қарордоштаро низ нашр кард. Бинобар ин рӯйхат, танҳо дар ихтиёри “Агроинвестбонк” ба ҷуз аз биноҳои филиалҳояш дар минтақаҳо 665 хонаву манзил, корхона ва дигар амволи ғайриманқул қарор дорад.

Тибқи ин феҳраст, бонки ҳамкнун муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” низ 109 иншоотро дар ихтиёр дошт, ки ба эҳтимоли зиёд маҳз саривақт ба фурӯш нарафтани амволаш боиси касодӣ гаштанд

XS
SM
MD
LG