Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҳои фарсуда – Баҳси нав дар кӯчаву бозори Тоҷикистон. ВИДЕО, САДО


Афзоиши пулҳои фарсудаи 1, 3 ва 5 сомонӣ дар муомилот баҳсу ҷанҷоли харидору фурӯшанда ва ронандаву мусофиронро дар Тоҷикистон зиёд кардааст. Ҳам ронандаву мусофир ва ҳам харидору фурӯшанда мехоҳанд, ки ҳарчӣ зудтар аз ин гуна пулҳо халос шаванд, аммо мегӯянд, то кунун роҳи ҳалли муносибашро наёфтаанд.

Сомониҳои фарсуда - Баҳси нав дар кӯчаву бозор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
Линки мустақим

Баъзе пулҳо хеле чиркинанд. Баъзан рақамҳояш наменамояд, баъзан нимаш ҳаст, ними дигараш нест. Аммо вақте медиҳанд, мегирем. Чӣ кор кунем?

Муҳаммадзокир Амиршоев, ронандаи як мусофирбари пойтахт, рӯзи 25-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои гуфт, ки ҳар рӯз ҳангоми додани бақияи роҳкирои мусофирон ин баҳс рӯ мезанад. “Ба мо роҳкиро медиҳанд, вақте бақияашро гардондем, ҷанг мекунанд. Мегӯянд, ки мо пули нав додем ва шумо ҳам бояд пули нав диҳед. Мо чӣ кор кунем? Пули навро аз куҷо орем?” – суол гузошт Амиршоев.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Пулҳои фарсуда дар Тоҷикистон. Баҳси харидор, фурӯшанда ва ронандаву мусофир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, афзоиши пулҳои фарсуда дар дасти мардум дар ҳолест, ки ин ниҳод як бахши аъзами чунин пулҳоро аз гардиш баровардааст. Аммо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини авввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 24-уми июл, сабаби зуд фарсуда шудани пулҳои хурди 1, 3 ва 5 сомониро ба шеваи нодурусти нигаҳдории искиносҳо рабт дод. Ӯ гуфт, “вақте худи мардум бо дастони нам, бо дастони баъзан вақт на он қадар тоза пулҳоро истифода мекунанд ва онҳо қад карда дар ҷайб мегузоранд, ин боиси ҳарчӣ зуд фарсуда шудани пул мегардад.”

​Муҳаммадзокир Амиршоев, ронандаи мусофирбар
​Муҳаммадзокир Амиршоев, ронандаи мусофирбар

Баъзе пулҳои хурд ва ҳатто искиносҳои чандрақамӣ дар Тоҷикистон ба андозае чиркин ҳастанд, ки ҳангоми ба даст гирифтани онҳо аз зеҳн ин андеша мегузарад, ки оё дар дохили онҳо чанд микроб бошад? Тоҷирон мегӯянд, ин пулҳоро бо дили нохоҳам танҳо аз маҷбурӣ мегиранд.

Насруллоҳ Машрабов, тоҷири дӯкони “Лото-Спорт” гуфт, “баъзеашон хеле чиркинанд. Аммо вақте медиҳанд, мегирем. Чӣ кор кунем? Пули миллиро мо қадр мекунему мегирем. Баъзе рақамҳо наменамояд, баъзан нимаш ҳаст, ними дигараш нест.”

Масъулони бозорҳои Тоҷикистон мегӯянд, роҳи аслии ҷамъоварии пулҳои фарсуда таъсиси бонкҳои сайёр дар бозору нуқтаҳои таҷаммӯи мардум аст. Зеро аксари кулли тоҷирон ва шаҳрвандон вақт ва ҳавсалаи бонкравӣ надоранд.

Машраб Қараев, муовини раиси бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт гуфт, “моҳи майи имсол автомобили бонки сайёр ба бозори мо омад ва муддати 2 рӯз ба иваз кардани пулҳои фарсуда машғул шуд. Аксари соҳибкорон пулҳои кӯҳнаи худро ба нав иваз карданд.”

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо нашри тангаҳои 1, 3 ва 5 сомонӣ дар рӯзҳои наздик ба мушкили пулҳои фарсудаи хурд дар гардиш расидагӣ кунад.

Дар бозори Тоҷикистон мисли бозорҳои дигари минтақа аз ҳама бештар пули хурд дар муомилот аст. Барои намуна теъдоди пули 1 сомонӣ дар бозор беш аз 41 миллион адад ва ё 19 дарсади шумораи умумии банкнотҳо будааст.

XS
SM
MD
LG