Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик пас аз ду ҳафтаи даргузашт дар ватанаш Тоҷикистон ба хок супорида шуд. Маросими намози ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик рӯзи 14-уми май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд. Пас аз адои намози ҷаноза, ҷасади шоирро барои хоксупорӣ ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд.
"Бозор Собир дар канори Лоиқ Шералӣ ва Турсунзода мехобад"
Марги Бозор Собирро аҳли адаби Тоҷикистон талафоти бузурге барои адабиёти тоҷик арзёбӣ мекунанд.
Ҷасади Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик субҳи душанбеи 14-уми май аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи Истанбул ба Душанбе оварда шуд. Бозор Собир баъди бемории тӯлонӣ рӯзи якуми май дар 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт.
Барои қабули ҷасади шоир намояндагони баландпояи ҳукуматӣ, аз ҷумла ёварони президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Асадуллоҳ Раҳмон, муовини аввали вазири фарҳанг Ибодуллоҳ Машрабов, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, овозхон Саидқул Билолов ва афроди дигар ба фурудгоҳ омада буданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷасади Бозор Собирро ҳамсараш Гулчеҳра Собир, духтараш Шогуна ва ду писараш ҳамроҳӣ мекарданд. Тобути ин шоири маъруфро мустақиман аз фурудгоҳ ба манзилаш дар маҳаллаи маъруф ба "Қарияи боло" оварданд. Аз субҳи барвақт наздикон ва ҳаводорони Бозор Собир барои видоъ ба ӯ ба манзилаш омада буданд.
Оромгоҳи Лучоб макони охирати раҳбарони вақти Тоҷикистони Шӯравӣ - Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, адибони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон аст. Дар онҷо барои дафни шоир замине ҷудо кардаанд, ки дар ҳамсоягии Лоиқ Шералӣ буда, 4 метр тӯл ва 3 метр паҳноӣ дорад.
Барои видоъ бо Бозор Собир шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг, сиёсатмадорон ва аъзоёни ҳукумат ба оромгоҳи Лучоб омада буданд. Дар миёни онҳо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ ҳузур дошт. Ҷараёни ба хоксупории шоири маъруф зери роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳур сурат гирифт.
"Дар қарни 20 касе мисли Бозор шеъри тасвирӣ нагуфтааст"
Марги Бозор Собирро аҳли адаби Тоҷикистон талафоти бузурге барои адабиёти тоҷик арзёбӣ мекунанд. Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик рӯзи 14-уми май барои видоъ бо Бозор Собир аз боғаш гулҳои зарду гулобии даштӣ овард. Вай гуфт, "Бозор ин гуна гулҳоро дӯст медошт".
Ин шоираи маъруфи тоҷик аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ниҳоят Бозор Собир ба ватан баргашту дар ҳамин ҷо хоксупорӣ шуд: "Агар шоир ба ватан барнагардад, кӣ бармегардад? Шоире мисли Бозор Собир, ки мегӯяд:
Шеър дар ҳалқам бимирам,
шоири халқам бимирам."
Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, дар қарни 20 дар адабиёти тоҷик касе ба мисли Бозор Собир шеъри тасвирӣ нагуфтааст.
Хонум Сафӣ дар хитоб ба Бозор Собир гуфт:
"То шеър ҳаст ту ҳастӣ, хонандаи ту ҳаст ва ин замини шоирпарвару шоиршинос ҳамеша туро ёд дорад."
"Бозор Собир дар саргаҳи ҷунбишҳои бедорӣ"
Бозор Собир соли 1939 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.
Озодандешиаш сабаб шуд, ки соли 1993 барои 9 моҳ зиндонӣ шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо гардида, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.
Вақте Бозор Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд. Аммо ӯ баъди бозгашт ҳам мисли солҳои пеш ошкору бепарда сӯҳбат мекард ва аз он сиёсатҳои ҳукумат, ки хушаш намеомад, интиқод менамуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад