Даргузашти Бозор Собир, шоири маъруфи Тоҷикистон аҳли фарҳангу адабиёт ва дӯстону наздикони ӯро такон дод. Даргузашти ӯро талафоти азим барои адабиёт ва фарҳанги тоҷик номида гуфтанд, ки имрӯз “адабиёти тоҷик мотам дорад“.
Бозор Собир рӯзи 1-уми май дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт. Шоири тавоноро як моҳ пеш баъди бад шудани вазъи саломатиаш ба шифохона бурданд ва гуфтанд, ки ӯ аз бемориҳои роҳҳои нафас ранҷ мекашад.
Саидқул Билолов, овозхони маъруф ва дӯсти наздики Бозор Собир гуфт, имрӯз адабиёт ва фарҳанги тоҷик талафоти бузург дод. Ба қавли Саидқул Билолов, шоири маъруф барои худшиносӣ ва шинохти таъриху фарҳанги тоҷик хизмате кардааст, ки кам касон анҷом додаанд.
Саидқул Билолов зиёда аз 50 шеъри Бозор Собир оҳанг бастааст. Мегӯяд, дар миёни 400 суруде, ки барояшон оҳанг бастааст, шеърҳои Бозор Собир барояш бисёр азизанд. Саидқул Билолов, яке аз таронаҳои тозаашро ки ҷое нашр нашудааст, дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Инҷо бишнавед.
“Ҳар шеъри Бозор як саҳифаи таърихи халқи тоҷик аст”
Тасвиргари беҳамто будани Бозор Собир низ ба қавли Саидқул Билолов аз ҳунарҳои нодири ӯ буд.
“Бигзор маро на шашмақом муя кунад,
На шоири ғамкашида марсия кунад.
Ку тутаки кӯдакӣ, ки дар мотами ман,
Бо гиряи кӯдакии ман гиря кунад.
Бубинед, чӣ гуна тоҷикона гуфтааст,”-мегӯяд Саидқул Билолов.
Саидқул Билолов афзуд, барояш дар ин лаҳза сухан кардан мушкил аст. Чун ӯ устод, дӯст ва ҳам бародарашро аз даст додааст.
“Ӯ дар мавзуъҳои ҷовидона сухани тоза гуфт”
Дар доираи аҳли адаби Тоҷикистон мегӯянд, даргузашти Бозор Собир ба он хотир талафоти вазнин барои адабиёт аст, ки ӯ тавонист дар адабиёт сухани тоза бигӯяд.
Рустами Ваҳҳоб, адиби тоҷик мегӯяд, дар адабиёт мавзуъҳои ҷовидонае ҳастанд, ки ҳар шоир ногузир онҳоро пайравӣ мекунад. Аммо ба қавли адиби тоҷик, дар ин мавзуъҳои ҷовидона ба монанди ватан ва ё забон сухани тоза гуфтан корест фавқуллода ва мушкил. Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, Бозор Собир тавонист бо истеъдоди фавқуллодаи худ дар мавзуъҳои ҷовидона ё ҳамешагии адабиёт сухани тоза бигӯяд.
“Бозор Собир бо таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти воқеӣ ва муҳити табиӣ, ба ҷузъиёти эҳсосу авотифи инсонӣ тавонистанд, як фазои комилан наверо аз сухан аз шеър ба вуҷуд оранд ва иқлими худро бисозанд. Устод Бозор Собир аз шоирони дараҷаи аввали адабиёти мо ҳастанд.”
Рустами Ваҳҳоб ҳамчунин мегӯяд, Бозор Собир дар парвариши насли нави адибони тоҷик низ нақши бориз дорад. Хусусан он солҳое, ки масъулияти мудирияти бахши назми маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро бар уҳда доштанд.
“Ӯ кореро карда буд, ки касе аз уҳдааш набаромад”
Хабари даргузашти Бозор Собир натанҳо шоирону нависандагон, балки онҳоеро ғамзада кардааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта барои истиқлоли Тоҷикистон талош кардаанд.
Аҳмадшоҳ Комилзода, яке аз ҳамсафони Бозор Собир дар солҳои 90-ум аз ӯ ба унвони яке аз саромадони наҳзати озодихоҳ ва истиқлолталабони тоҷик ёд мекунад.
Комилзода мегӯяд, Бозор Собир ҳам дар ҷунбиши “Растохез” ва ҳам Ҳизби демократи Тоҷикистон дарки ҷиддии андеша ва ормонҳои демократиро дошт.
“Бозор Собир он қадар руҳияи баланди озодихоҳӣ ва озодбаёнӣ дошт, ки шояд дар Тоҷикистон ба андозаи ӯ касе инро дошт. Мо мисолҳое аз зиндагии Бозор дорем. Вақте дар порлумони он вақт ба суханҳои гуруҳҳои озодихоҳ эътибор намедонанд, бар хилофи ҳамонҳо ӯ аз порлумон ва мандати вакилӣ даст кашид. Ин ҳам аз рӯҳияи хеле озодиҳои Бозор Собир дарак медиҳад” - афзуд Аҳмадшоҳ Комилзода.
Вақте дар порлумони он вақт ба суханҳои гуруҳҳои озодихоҳ эътибор намедонанд, бар хилофи ҳамонҳо ӯ аз порлумон ва мандати вакилӣ даст кашид.
Дӯстон ва наздикони Бозор Собир дар сугвории ӯ нишастаанд ва мунтазири маросими видоъ бо ӯ ҳастанд, ки қарор аст, дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик сурат бигирад. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои дафни шоир ва маросими видоъ бо ӯ омодагиро шурӯъ кардааст.
Саидқул Билолов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ӯ сафири Тоҷикистон дар Амрико гуфтааст, ки ҷасади шоир ӯ давоми 3-4 рӯзи оянда аз шаҳри Сиэтли Амрико ба ватан оварда мешавад.
Рӯзи 1-уми май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шароити баргузории маросими дифоъ бо Бозор Собирро ҳукумат муайян мекунад ва фардо, 2-юми май он маълум хоҳад шуд. Ба қавли масъулини Иттифоқи нависандагон, Бозор Собир дар оромгоҳи "Лучоб"-и Душанбе дар канори дигар шахсиятҳои шинохтаи адабиёту фарҳанги тоҷик ба хок супорида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 1-уми май ба наздикону пайвандони шоир изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён кард. Дар хабари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз Бозор Собир ба унвони шоири ватансарое ёд карда шудааст, ки "дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст."
Бозор Собир дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ
Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.
Озодандешиаш сабаб шуд, ки соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон рафт шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо шуда, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Бозгашт аз Амрико баъд аз 19 сол
Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист.
Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.
Вақте Бозори Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт.
Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд. Аммо ӯ баъди бозгашт ҳам мисли солҳои пеш ошкору бепарда сӯҳбат мекард ва аз он сиёсатҳои ҳукумат, ки хушаш намеомад, интиқод мекард.