Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулназар: "Бо ин вазъи молӣ на Лоиқи дигар меояд, на Бозору Гулрухсор. ВИДЕО


Бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.
Бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ, шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, ки ҳангоми истифодаи осори адибон, бояд ҳақи қалами онҳо пардохта шавад. Ин шоири тоҷик, ки ду соли ахир ҳаққулқалами худро нагирифтааст, аз расонаву нашриёт ва радиову телевизонҳои кишвар хост ҳаққи қалами адибонро пардохт кунанд, то заҳмату истеъдоди эҷодкор қадрдонӣ ва шароити молии беҳтаре барои эҷоди зеҳнӣ фароҳам шавад.

Вай гуфт, бо идомаи чунин вазъ, наметавон шоиру нависандаеро чун Турсунзодаву Лоиқ ва Бозору Гулрухсор дар адабиёт интизор шуд. Вай гуфт: “Барои мисол, пеш аз ҷашни Наврӯз, аз мақомот ба мо

Ман ғайр аз маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дигар аз ҳеҷ куҷо гонорар намегирам. Даҳҳо шеъри маро дар нашрияҳо чоп мекунанд, овозхонҳо дар чорабиниҳо мехонанд, аммо надидам ягон ҳаққи қаламро

гуфтанд, ки шеъру асарҳои ҷолиб пешниҳод кунем. Ду шеъри ман ҳам дар Наврузӣ аз сӯи овозхонҳо суруда шуд, аммо ҳаққи қаламе нагирифтем. Ё соатҳо меравему дар барномаҳои телевизонӣ суҳбат мекунем, роҳкиро сарф мекунем ва ҳам нерӯи зеҳнӣ, аммо ҳама харҷ аз ҳисоби худамон аст”.

Гонорар - сарфаи дуюмдараҷа

Адибони тоҷик - қишри зиёӣ, аммо камдаромади аҳолӣ, ки бо маоши паст кор мекунанд, агар замоне барои ҳар китобу шеър ё мақолае ҳаққи қалам мегирифтанд, ҳоло умед ҳам надоранд, ки ба онҳо дар ивази эҷодашон қироне медиҳанд.

Вазорати молия дар пайи буҳрони молӣ дар ду соли пеш, ниҳодҳои давлатиро аз ҳаққи сарфаи маблағҳои дуюмдараҷа маҳрум кард ва ҳамин тавр дар аввал адибон ва баъдан расонаҳои давлатӣ аз пардохти ҳаққи қалам маҳрум шуданд. Аммо бо вуҷуди дигар шудани вазъ то ҳол барои истифода шудани неруи зеҳнии адибони тоҷик ҳақе пардохта намешавад.

Гулназар ва Бозор Собир. Соли 2015
Гулназар ва Бозор Собир. Соли 2015

Адибон мегӯянд, бо вуҷуди он, ки раҳбарияти Иттифоқи нависандагон барои ҳалли ин мушкил ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард, аммо бенатиҷа будааст. Пардохти ҳаққи қалам, ба гуфтаи адибон, метавонад онҳоро барои тарғиби идеологияи ҳукумат дилгарм кунад. Ҳарчанд ҳоло ҳам ашъори онҳо дар чорабиниҳои ҳукуматӣ истифода мешавад ва худи онҳо соатҳо дар барномаҳои радиову телевизионҳои давлатӣ баромад мекунанд, аммо ҳеҷ ҳаққулқаламе намегиранд.

"Ҳақи қаламро надидам"

Шаҳрия Аҳтамзод, шоираи дигари тоҷик мегӯяд, агарчи дар гузашта адибон тариқи шуъбаи “тарғиби адабиёт” имкони нашр ва пахши асарҳои худро ба мардум доштанд ва тавассути ин шуъба маблағи хубе ҳам мегирифтанд, аммо ҳоло ин шуъба нақше надорад. Вай гуфт: "Ман ғайр аз маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дигар аз ҳеҷ куҷо гонорар намегирам. Даҳҳо шеъри маро дар нашрияҳо чоп мекунанд, овозхонҳо дар чорабиниҳо мехонанд, аммо надидам ягон ҳаққи қаламро".

Шаҳрия Аҳтамзод
Шаҳрия Аҳтамзод

Онҳо мегӯянд, ки идомаи чунин вазъ метавонад ба рушди адабиёт ва санъат дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад ва холигоҳеро дар ин самт ба миён оварад. Гулназар Келдӣ, шоир ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон гуфт, бо он ки дар нафақа аст ва аз ҳисоби фарзандони баркамолаш зиндагиро пеш мебарад, аммо қадрдонӣ нашудани маҳсули эҷод, адибон аз ҷумла навқаламонро, ки маоши ночиз доранд, дилсард мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар ду соли пеш барои навиштаҳояш дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” камтарин ҳаққи қалам, яъне барои як матлаб то 30 сомонӣ мегирифт, аммо ҳоло ин маблағ ҳам дода намешавад.

Бозор Собир ва даъво барои ҳаққи муаллиф

Дар Тоҷикистон баҳси неруи зеҳнӣ ё ҳаққаи қалам мавзӯи нав нест. Дар гузашта ҳам баҳсҳое вуҷуд дошт, ки то ба додгоҳ рафтааст. Аз ҷумла, Бозор Собир, шоири маъруфи точик аз чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пардохти ҳаққи муаллифиашро талаб карда ва ҳудуди 2800 сомонӣ ҳаққи қаламашро гирифта буд.

Гулназар: Бо ин вазъи молӣ на Лоиқи дигар меояд, на Бозору на Гулрухсор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ҳамчунин даъвои Луқмон Бойматов бо Энсиклопедияи миллии кишвар яке аз камтарин баҳсҳо барои эҳтироми ҳақи муаллиф дар Тоҷикистон буд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи муаллиф солҳои охир зиёд ба назар мерасад, вале то ҳол баҳси ҷиддие дар робита ба эҳтироми ҳуқуқи муаллиф ё ҳифзи ҳақи моликияти зеҳнӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Нӯъмонҷон Набизода, сардори Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 30-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаруза ба ин ниҳод дасти кам се нафар барои пардохт нашудани ҳаққи қалам ва ҳуқуқи муаллифӣ муроҷиат мекунанд. Аммо ин баҳсҳо то тафтишу додгоҳ намерасанд. Чун аксаран намехоҳад бо ариза поймолшаии ҳаққи муаллифии худро исбот кунанд.

Сарпараст - умеди дигари адибон

Аммо ӯ гуфт, вақте аз ашъори ин ё он адиб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ истифода мешавад, онҳо довталабона моли худро ба барномаи чорабинӣ пешниҳод мекунанд ва касе ҳам баъд он барои ҳаққулқалам шикояте накардааст.

Бархе адибони тоҷик мегуянд солҳои ахир китобҳои худро тавассути сарпарастҳо чоп мекунанд ва зиндагиашонро аз ҳамин роҳ пеш мебаранд. Аммо гуруҳи дигар, ки барои пахшу нашри ашъори худ сарпарасте надоранд, мегӯянд заҳмати чандсолаашон дар коғазҳои дастнавис боқӣ мемонад.

Тибқи иттиллои мақомот дар се моҳи ахир барои ҳимояи ҳаққи муаллифон, аз муассисаҳое, ки моли онҳоро истифода кардаанд, ҳудуди 34 ҳазор сомонӣ ҳаққи қалам ҷамъоврӣ ва ба муаллифон 11000 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шудааст.

XS
SM
MD
LG