Байни Тоҷикистон ва Русия чӣ мегузарад?

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. 22-юми ноябри соли 2023

Бо вуҷуди баёнияи дипломатҳои Тоҷикистону Русия дар мавриди набудани мушкил дар муносибатҳои ду кишвар вазъи муҳоҷирони корӣ ҳамоно мушкил мемонад.

Дар пасманзари сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия ва фишори давомдор ба коргарони тоҷик, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин 14-уми октябр гуфт, дар равобити Душанбе ва Маскав мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад. Дипломати баландпояи тоҷик муносибати байни сарони кишварҳоро низ "дӯстона ва бародарона" донист. Бо ин ҳол, шадид шудани назорат бар арсаи муҳоҷират дар Русия ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик боис ба вокунишҳои бесобиқа дар сатҳҳои боло дар Душанбе гардид.

Вокунишҳои бесобиқа

Дар нишасти кумисюни байниҳукуматии ду кишвар, ки 4-уми октябр дар Душанбе гузашт, ин масъала аз сӯйи Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар миён гузошта шуд. "Нақзи пайвастаи ҳуқуқи асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандони мо ҳангоми гузарондани чорабиниҳои танзими муҳоҷират дар Русия наметавонад боис ба нигаронии мо набошад," –таъкид дошт Расулзода.

Умед Бобозода, Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми октябр дар номае ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова навишт, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо муҳоҷирони корӣ бархӯрди хашин доранд, таҳқир ва ҳатто латукӯб мекунанд.

Масъалаи муҳоҷират дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои Федератсиюни Русия Валентина Матвиенко низ баррасӣ шуд. “Ҳеч кас қодир нест, аз ҷумла, аз хориҷ байни Тоҷикистон ва Русия фитна андозад”, -- изҳор дошт Матвиенко.

Фишори бештар – хуруҷи бештар

Пойгоҳи хабарии “Важние истории” навиштааст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои Русия ҳукми рондани 86 ҳазор муҳоҷирро содир кардаанд. Ин аз омори соли 2022 бештар аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи соли ҷорӣ 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия берун карда шудаанд.

Ба ҷуз ин, феҳристи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нашру паҳн шуд, ки ба поймол кардани қонунҳои муҳоҷират муттаҳам ҳастанд. Агар ин гурӯҳ то 5-уми феврали соли оянда ба таври қонунӣ сабт нашаванд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд гашт.

Тибқи иттилои Бонки Осиёии Рушд, соли 2023 ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар ворид шудааст, ки баробар ба 47,1 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон аст. Маълум нест, ки дар сурати коҳиш ёфтани содироти нерӯи корӣ ба Русия, Тоҷикистон ин маблағро чӣ гуна ҷуброн мекунад.

Бозии назоратшаванда

Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон ва коршиноси мустақил, мегӯяд, муҳоҷирони корӣ дар муносибатҳои Маскав ва Душанбе абзор барои чоназанӣ ҳастанд, ки барои даст ёфтан ба ҳадафҳои муҳим истифода мешаванд.

Каримҷон Аҳмадов

“Дар чунин вазъият, мухотаби амалкарди мақомоти Русия худи шаҳрвандони ин кишваранд. Аз ин тариқ ба мардум ғамхории давлатро нишон медиҳанд. Амалкарди монанди ин низ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон рӯи даст гирифта мешавад,” -- мегӯяд Аҳмадов.

Ба гуфтаи ӯ, Русия алоқманди сар додани Тоҷикистон аз зери назараш нест ва барои коҳиш додани теъдоди муҳоҷирон даст ба чораҳои назаррас намезанад.

Тибқи иттилои Академияи иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия (РАНХиГС), теъдоди муҳоҷирони кории қонунӣ дар соли 2023 тақрибан 3,5 миллион будааст, ки ин назар ба соли 2019 як миллион камтар аст. Муҳоҷирони кории Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон 87 дарсади муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд.

Вокуниш ба интиқоди Эмомалӣ Раҳмон?

Як шореҳи сиёсии огоҳ аз масъалаҳои муҳоҷирати Русия (ба далели амниятӣ номаш фош намешавад) мавҷи муҳоҷирситезиро "вокуниши мақомоти Русия дар баробари изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон" номид. Дар он нишаст Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин гуфт, "моро ҳурмат кунед" ва чӣ шунид? ВИДЕО

“Ҳамла ба муҳоҷирон аз моҳи майи соли 2023 шуруъ шуд. Агар ба пайиҳамии ҳодисаҳо таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки муносибати хасмона ба муҳоҷирон пас аз суханони нохушоянди раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин оғоз ёфт. Ҳамлаҳои ҳадафмандонаро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи майи соли 2023 мушоҳида кардем. Хабарҳое мерасиданд, ки пулис ҳангоми ворид шудан ба сохтмонҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро суроғ мекарданд. Мавҷи дувум моҳи августи соли 2023 сар шуд. Он замон нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳангоми ишғоли Бахмут талафоти зиёд доданд ва захираҳои инсонияшон дар зиндонҳо низ кам шуд. Пас аз ин буд, ки онҳо ба муҳоҷирон дар ивази ихроҷ қарордод барои иштирок дар ҷанг пешниҳод карданд,” – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Корзори назорати сахтгиронаи муҳоҷират дар Русия пас аз ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” (моҳи марти 2024), ки дар ташкил карданаш шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам карданд, шуруъ шуд. Вокуниш ба ин ҳамлаи террористӣ мавҷе аз эҳсосоти бегонаҳаросӣ ва зидди муҳоҷирон дар Русия буд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳо ва маҳдудиятҳои зиёд ба муҳоҷирон дар шаҳрҳо ва минтақаҳои калон, тибқи иттилои “Независимая газета”, хуруҷи ин қишри шаҳрвандони аз Русия дар ҳоли ҳозир беш аз 2 миллион нафар аст ва метавонад ба 3 миллион нафар бирасад.