"На ҳаққи иқоматро ба назар мегиранд, на зани русро"
Ҳаққи иқомат дар Русия, доштани кӯдак ё зани рус ҳам наметавонад барои бе мушкил ба Русия роҳ ёфтани баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ёрӣ кунад. Чанде аз мусофирон гуфтанд, дар фурудгоҳ қариб ҳама муҳоҷирони тоҷикро новобаста ба вазъу шароит ва шиноснома нигоҳ дошта, соатҳо тафтиш мекунанд. Бахти касе омад кард, ба Русия роҳ меёбад, дигарон баргардонда мешаванд.
“Онҳо маро даъват карда, гуфтанд, ту ба хона бармегардӣ. Ман гуфтам, бо кадом сабаб маро ба Русия роҳ намедиҳед? Ман ин ҷо оила ва фарзанд дорам. Онҳо ҷавоб доданд, ки “бо ту касе гап намезанад, беҳтараш, даҳонатро пӯш. Тамом!”
Саидро баъди бозгашташ аз Тоҷикистон дар Маскав ба мисли ҳазорҳо нафар соатҳо тафтиш карда, баъд рондаанд. Бо вуҷуди он ки муҳоҷири тоҷик бо шаҳрванди Русия издивоҷ кардаву 4 фарзанд ва ҳаққи иқомат дар Русия дошт, марзбонони рус ӯро бе ягон шарҳу далел якумрӣ аз ин кишвар берун карданд.
"Ман гуфтам, оила дорам, чаро ин корро мекунед? Агар ягон қоидашиканӣ карда бошам, омодаам, ҷазо бинам. Бо ин вуҷуд маро роҳ надоданд. Кӯшиш кардам, ин корро ба воситаи вакили мудофеъ ҳал кунам, боз ҳам касе ба ман чизе нагуфт,” – афзуд ӯ.
Талоши муҳоҷири тоҷик барои даромадан ба Русия ба воситаи Қазон ва Беларус ҳам бенатиҷа буд. Ӯро аз фурудгоҳ гардонданд. Вай мегӯяд, намедонад дигар кай фарзандонашро мебинаду чӣ тавр зиндагиро пеш мебарад.
Ворид шудан ба Русия барои муҳоҷирон ҳоло мисли як лоторея шудааст. Дар даст билети ҳавопаймо касе намедонад, ки ба ин кишвар роҳ меёбад ё на. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тоҷикон аз сафари худ ва вазъ дар фурудгоҳ нақл мекунанду ба ҳамдигар машварат медиҳанд, ки бояд чӣ гуна рафтору сӯҳбат кард. Мисли Гуландом, ки моҳи август бо масоили хонаводагӣ ба Русия сафар дошт ва дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бархӯрди тунди мақомоту сокинони он кишвар қисса кард. Ӯро 5 соат дар фурудгоҳи Санкт-Петербург нигоҳ дошта, тафтиш кардаанд.
“Моро ба як гӯшае бурданд, ки танг буд ва бо лента ҷудо карда шуда буд. Он ҷо ҳатто зане буд, ки 4 кӯдак дошт ва онҳо бисёр гиря мекарданд. Фақат ду ё се пиронсолро иҷозаи рафтан доданд. Ман афсурдагӣ доштам, чун ягон бор ба чунин ҳолат наафтида будам. Метарсидам, ки маро бармегардонанд. Бибиям он ҷо маро интизор буд. Ӯ бо забони русӣ гап намезанад ва ман ҷавоб медодам,” – нақл кард ӯ.
“Чаро аз шавҳари аввалаат ҷудо шудӣ”
Ба қавли Гуландом, бисёриҳо дар фурудгоҳ хаставу гурусна ва ошуфта буданд. Пулис сӯйи онҳо дод задаву ба сарашон фишор овардааст: “Номи моро дуруст талаффуз карда наметавонистанд. Вақте номи моро мегирифтанд, намедонистем киро даъват доранд. Дод мезаданд, ки шумо намешунавед? Боз як пулис баромаду бо як лаҳни дағал ба ҳама дод зад, ки агар мо намедонем, ки куҷо меравем, номи корфармоҳо ва суроғаву рақами телефони онҳоро намедонем бояд зуд ин маълумотро ёбем, вагарна баъди ду соат моро ба Душанбе бармегардонанд. Махсусан занон ба таҳлука афтоданд, тарсиданд, гиря мекарданд.”
“Чаро аз шавҳар ҷудо шудӣ?” ин ва дигар суолҳо аз зиндагии шахсиро ҳам аз мусофирон дар фурудгоҳи Русия мепурсидаанд. Ба Гуландом ҳам суолҳои зиёди шубҳаовар додаанд:
“Баъд аз се соат маро даъват карданд ва суоли якуме, ки шунидам ин буд, ки “оҳоо шумо бо забони русӣ хуб гап мезанед”. Суроғаамро дар Олмон ва рақамҳои телефонамро навиштанд. Амр карданд, ки телефонамро кушоям. Ман медонам, ки ин нақзи ҳуқуқи ман аст, аммо медонистам, ки дар берун маро бибиям интизор аст ва бояд зудтар равам. Телефонро кушодам. Мешунидам, ки аз дигарон мепурсиданд, “дар як рӯз чанд бор намоз мехонанд, забони арабиро медонанд ё не, Қуръон мехонанд ё не." Ҳатто суолҳои шахсӣ медоданд, ки масалан, чаро аз шавҳари аввалаат ҷудо шудиву боз шавҳар кардӣ? Чаро насаби фарзандатон дигар аст? Яъне, чунин суолҳои таҳқиромез ҳам буданд, ки барои даромадан ба кишвар рабте надоштанд.”
Ин ҷавони тоҷик баъд аз соатҳо интизорӣ ба Русия роҳ ёфт. Аммо мегӯяд, муносибат бо ӯ дар берун аз фурудгоҳ ҳам хуб набуд: “Ба Маскав барои як рӯз омада, дар меҳмонхона истодам. Маъмури меҳмонхона бо ман хуб гап мезад, вақте шиносномаамро дид, ранги рӯяш дигар шуд ва бо ман дағалона суҳбат кард. Қайди иқомататон куҷост, визаатон ку? Пурсид вай. Ман ҳайрон шуда гуфтам, чӣ? Баъд ба хотираш омад, ки мо виза надорем. Вай барои утоқе, ки ду ҳазор рубл арзиш дошт, аз ман 5 ҳазор рубл гирифт.”
Ба нақли мусоҳибони мо, дар ҳар сурат онҳое, ки забони русиро хуб медонанду дар фурудгоҳ бо бовар ба суолҳои марзбонон посух медиҳанд ва наметарсанд, шонси бештари ворид шудан ба Русияро доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бархе аз таҷрибаи худ ба муҳоҷирон машварат додаанд, ки зимни ин пурсишҳо асабоният нишон надиҳанд ва оромона ба суолҳо посух гӯянд.