Вазорати молияи Тоҷикистон барои наҷоти 4 бонки, ба қавли мақомот, "дар ҳолати вазнин" векселҳои давлатиро нашр мекунад. Ин векселҳо ё коғазҳои қиматнок барои панҷ сол ба гардиш бароварда шуда, дар заминаи онҳо Бонки миллӣ ба "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" пул хоҳад дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар сурати кӯтоҳӣ дар иҷрои ин амр молу ашё ва амволи бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба гарав гузошта шудаанд, мусодира хоҳанд шуд.
Абдусалом Қурбониён – вазири молия – рӯзи 21 декабр дар ҷаласаи порлумон гуфт, аз ин тариқ вазъи низоми бонкӣ ба эътидол омада ва бовари мардум ба системаи бонкӣ афзун хоҳад шуд. Ӯ гуфт, "бонкҳои тиҷоратӣ векселҳои давлатиро ба Бонки миллӣ бар ивази пул барои таъмини пардохтпазирии худ месупоранд. Бонки миллӣ соҳиби векселҳои давлатӣ ҳисоб ёфта ва Вазорати молия пас аз поёни муддати векселҳо маблағи онро бо фоизҳояш ба Бонки миллӣ пардохт мекунад."
Агар кӯтоҳӣ кунанд...
Дар пайи ин, вакилони порлумон пешниҳоди ҳукумат “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо”-ро тасвиб карданд. Дар ин санад мақомоти 4 бонки тиҷоратӣ вазифадор шудаанд, ки дар муддати 5 сол саҳмияҳои худро ба фурӯш расонанд, то ба ин васила Вазорати молия тавонад аз ҳисоби онҳо маблағҳои қарзиро ба Бонки миллӣ пардохт кунад. Дар сурати кӯтоҳӣ дар иҷрои ин амр молу ашё ва амволи бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба гарав гузошта шудаанд, мусодира хоҳанд шуд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ зимни пуштибонӣ аз иқдоми ҳукумат гуфт, ин амр имкон медиҳад, то мушкили молии бонкҳо ҳал ва пасандози муштариён баргардонда шавад. Нурмуҳаммадзода гуфт, дар муддати як моҳи оянда механизми иҷрои ин масъала таҳия шуда ва шӯрои назоратӣ барои иҷрои ин раванд таъсис хоҳад шуд.
Таҷрибаи "Агроинвестбонк"
Ба гуфтаи масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ба маблағи 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ бароварда шуда ва бахши умдаи он, яъне, вексели давлатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк” тавзеъ хоҳад шуд. Саҳми бонкҳои “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” 80 миллион сомонӣ хоҳад буд.
Ин барои бори дувум аст, ки ҳукумат бо ин шева бонкҳои ба вартаи муфлисшавӣ расидаро аз вазъият наҷот медиҳад. Бори нахуст дар соли 2012 «Агроинвестбонк» ба ин вазъият дучор шуда буд. Ҳукумат он замон барои наҷоти ин бонки бузург ва то ҷое фазосози кишвар 700 миллион сомонӣ равона карда буд. Аз ин 700 миллион он замон ҳам Вазорати молия ба қадри 500 миллион сомонӣ коғазҳои қииматноки гардишашон 8-соларо нашр карда, ба «Агроинвестбонк» дода буд. Бар замми ин, вазорат 200 миллион сомонии дигарро ба хазинаи ин бонк ворид карда, беш аз 58 дарсади саҳмияҳояшро дар ихтиёр гирифт. Аммо ин шеваи наҷот низ билохира боис ба ислоҳи бонк нашуд ва дар соли ҷорӣ дубора ба вазъи ногувор дучор шуд.
Пардохтпазирии бонк то ҳадде поин омад, ки муштариён соатҳо пушти дари он навбат поида, имкони гирифтани ҳамагӣ 300 сомониро доштанд. Коршиносон мегӯянд, то замоне “менеҷменти бонкҳо” комилан иваз нашавад, ин гуна кумакҳои давлат вазъи бонкҳоро ба кулли тағйир намедиҳад.
"Ин коғазҳоро ба ҷуз Бонки миллӣ каси дигар намехарад"
Бо таваҷҷӯҳ ба онки бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст, коршиносони умури иқтисодӣ харидории ин гуна коғазҳои бонкҳои "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк"-ро як пуштибонии ҷиддии ҳукумат аз ин бонкҳо ва талош барои таҳкими боварии мизоҷон ба системи бонкии кишвар арзёбӣ кардаанд.
Шӯҳрат Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ин коғазҳои қиматнокро ба ғайр аз Бонки миллӣ каси дигар намехарад. Бонки миллӣ бояд ин коғазҳоро харида ва ба ивази он бонкҳои тиҷоратӣ пулҳои нақд ба даст оварда, фаъолияти худро аз сар мегиранд, фоида ба даст меоранд ва саҳимяҳои худро мефурӯшанд. Марҳила ба марҳила дар муддати 5 сол ин пулро баргардонда ва ба миқдори 2 дарсад фоидаашро пардохт хоҳанд кард.»
Мушкил аз куҷо шурӯъ шуд?
Коршиносони дигар мегӯянд, пуштибонии молии ҳукумати Тоҷикистон аз бонкҳои тиҷоратӣ метавонад ба фаъол шудани онҳо ва оғози пардохти пасандозҳои мизоҷон мусоидат карда ва эътимоди муштариёнро, ки дар соли ҷорӣ то андозае коста шуда буд, дубора ба ин бонкҳо баргардонад. Аз аввали соли ҷорӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷикпромбонк” ба мушкили ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ шуда ва имкони пардохти пасандозҳо ва маошу нафақаи мардумро аз даст доданд. Ба дунболи он дар моҳи май Бонки миллии Тоҷикистон ба манзури баррасӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалли мушкили молӣ ба ин ду бонки тиҷоратӣ маъмурияти муваққат таъин кард.
Баъдан “Агроинвестбонк”, бонкҳои дигари тиҷоратӣ, низ ба чунин мушкил рӯбарӯ шуд. Ахиран раҳбарияти пешини Тоҷиксодиротбонк ва Тоҷпромбонк ба кори худ баргаштанд ва гуфтанд, ба зудӣ масъалаи баргардондани амонати муштариёнро ҳал хоҳанд кард.