Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба давраи соли гузашта 14,5 дарсад камтар будааст. Коҳиши интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нисбати соли 2013 беш аз 53 дарсадро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, мизони коҳиши интиқоли маблағ аз ин кишвар дар соли 2016 ба Узбакистон 14,4 дарсад будааст. Ҳамзамон, ин ниҳоди молӣ аз афзоиши 21 дарсади интиқоли маблағ аз Русия ба Қирғизистон хабар додааст.
То соли 2014 -- замони ҷорӣ шудани таҳримҳои Амрико ва Аврупо алайҳи Маскав, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия аз гардонандагони иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар соли 2013 ҳаҷми интиқолҳои муҳоҷирони корӣ аз марзи 4 миллиард доллар убур карда буд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд.
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 дарсад камтар будааст.
Аммо бо рукуди иқтисоди Русия ва ихроҷи қобили мулоҳизаи муҳоҷирон аз ин кишвар, ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон то 62 дарсад поин рафт. Ба таври қобили мулоҳиза поин рафтани пули муҳоҷирон боиси суқути чанд бонк ва суст шудани савдо дар бозорҳои Тоҷикистон шуд.
Бинобар омори охири раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия? танҳо дар ду соли охир шумораи муҳоҷирони мавсимӣ аз Тоҷикистон 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарор дошта каме беш аз 800 ҳазор нафаранд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ба манзури дар кишвар бо ҷоий кор таъмин кардани муҳоҷирони собиқ, барномаи хосаеро рӯи даст гирифтаанд. Бинобар иттилои вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, дар доираи ин барнома то кунун беш аз 14 ҳазор нафар муҳоҷирони собиқ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин барои нигоҳдори устувори иқтисодаш талош дорад, то 500 миллион доллар аз Сандуқи байналмиллалии пул қарз бигирад. Гуфтушуниди ду ҷониб дар ин робита қариб як сол боз идома дорад, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин созмони байналмилалии пулӣ барои Тоҷикистон ин маблағро тахсис додааст ё на.