Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими тақрибан 500 миллион $ ба бонкҳои Тоҷикистон. САДО


Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти чаҳор бонки тиҷоратӣ – "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" – беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

Ҷудо кардани пул мушкили фундаменталии умури бонкии кишварро ҳал намекунад. Чунки қаблан низ Тоҷикистон чунин таҷрибаи наҷоти бонкҳоро дошт, вале ин таҷриба муваффақ набуд.
Анвар Камолов

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” гуфтанд, ки ҳукумат ба аввалӣ ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ва ба дувумӣ 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ кумак кардааст.

Дар бонкҳои “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” низ ҷудо шудани маблағро тасдиқ карда, дар бораи ҳаҷм ва шарту шароити ихтисос ёфтани ин маблағ чизе нагуфтанд.

3 миллиард сомонӣ барои наҷоти бонкҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00
Линки мустақим

"Принсипи кор бояд тағйир ёбад"

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 14 декабр тариқи сомонаи расмии хеш эълон кард, ки муҳлати роҳбарии “раёсати муваққат” дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷикпромбонк” ба анҷом расид ва роҳбарони ин бонкҳо то як моҳи дигар бояд ба Бонки миллӣ нақшаи беҳбуди вазъи молиявии бонкҳоро пешниҳод кунанд. Назари коршиносони тоҷик ба ин иқдоми давлати Тоҷикистон духӯра аст. Таҳлилгарон аз як ҷониб ин иқдоми ҳукуматро оғози амалиёти аз варшикастагӣ раҳонидани бонкҳо медонанд. Аммо бархе дигар мегӯянд, бо ворез шудани пул ба хазинаҳои тиҳии бонкҳо вазъи онҳо тағйир нахоҳад ёфт.

Анвар Камолов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, тақсими пули зиёд ба бонкҳо бидуни роҳандозии ислоҳот бе фоида аст. Ӯ гуфт, "ҷудо кардани пул мушкилоти фундаменталии умури бонкии кишварро ҳал намекунад. Чунки қаблан низ Тоҷикистон чунин таҷрибаи наҷоти бонкҳоро дошт, вале ин таҷриба муваффақ набуд. Барои тағйири куллии вазъ бояд менеҷменти бонкҳо иваз шуда, принсипи кор тағйир ёбад. Аммо ҳоло масъулияти ислоҳи вазъро маҳз ба ӯҳдаи онҳое гузоштанд, ки бонкҳоро ба ин ҳол оварда буданд.”

"Таҷрибаи қаблии ноком"

Тоҷиддин Пирзода баъди ҳафт моҳ ба раёсати "Тоҷиксодиротбонк" баргашт
Тоҷиддин Пирзода баъди ҳафт моҳ ба раёсати "Тоҷиксодиротбонк" баргашт

Манзур аз ишораи Камолов дар мавриди “таҷрибаи қаблии ноком” қазияи "Агроинвестбонк" дар соли 2013 аст. Аудити молиявии ин бонк дар соли 2012 нишон дода буд, ки бинобар сари вақт бозпас нагаштани 37 қарзи калон ин бонк дар вартаи касодшавӣ қарор дорад. Он замон ҳукумат барои наҷоти бонк 700 миллион сомонӣ (ба қурби он вақта 78 миллион доллар) ҷудо карда 51 дарсади саҳмияҳояшро ба ихтиёри хеш гирифта буд.

Аммо «таҷрибаи талх» барои мудирони ин бонк «дарси хубе» нашуд. Вазъи молиявии ин бонк дар соли ҷорӣ дубора бад шуда, навбати муштариён дар паси дарҳои он ба садҳо нафар расид. Ин бонк ахиран маҷбур шуд, пардохти пули муштариёнашро барои як дафъа то ба 300 сомонӣ коҳиш бидиҳад.

Эътимод бармегардад?

Бархе аз таҳлилгарони дигар мегӯянд, ҷудо шудани маблағ аз сӯи давлат ба бонкҳои тиҷоратӣ ба сармоядорону соҳибкорон сигнал ваё паёми хубе медиҳад, ки метавонад эътимоди муштариёнро дубора ба ин бонкҳо баргардонад. Ашраф Шарипов, таҳлилгари умури бонкӣ дар ин робита гуфт, "як иқдом ҳамаро якбора такон медиҳад. Вақте сармоядорон, шарикони ин бонкҳо ва созмонҳои байналмилалии донор мебинанд, ки ҳукумат дар шароити душвор ин бонкҳоро танҳо нагузошт, албатта, эътимод ва боварии он ба бонкҳо бармегардад. Муҳимтар аз ҳама муштариён пасандозҳои худро бо фоизҳояш метавонанд бозпас бигиранд."

Ҳукумат ва ё Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз кадом сарчашма ҷудо шудани ин маблағҳо иттилоъ намедиҳанд. Коршиносон мегӯянд, дар шароити кунунӣ Ҳукумат барои ихтисоси беш аз 3 миллирад сомонӣ маблағ ба бонкҳо ду интихоби имконпазир дорад. Анвар Камолов мегӯяд, дар шароити кунунӣ ҳукумат аз ҳисоби буҷет ҷудо кардани ин миқдор маблағро надорад.

Ҳукумат аз кадом ҳисоб ёрӣ кард?

Вай гуфт, «барои бисёриҳо ин муаммо аст, ки ҳукумат аз кадом ҳисоб ин пулҳоро мегирад. Худи буҷет дар шароити буҳрон ба сахтӣ пур мешавад. Аз ин рӯ, ҳукумат аз ин ҳисоб наметавонад ин миқдор маблағ ҷудо намояд. Бозори коғазҳои қимматнок ҳам ба таври лозим ташаккул наёфтааст, ки Бонки миллӣ бо нашр ва фурӯши коғазҳои қимматнок ин миқдор пулро ба даст орад. Ду роҳ боқӣ мемонад - ҷалби қарз аз хориҷ ва ё нашри ҳамин миқдор пул.”

Камолов мегӯяд, агар ҳукумат ин миқдор пулро нашр кунад, дар ин сурат ин боис ба гипперинфлятсия (таварруми бузург) ва ё поин рафтани қурби пули миллӣ мешавад, дар натиҷа метавонад мушкилоти дигарро ба бор орад. Зимнан, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ним соле қабл гуфта буд, ки масъалаи ихтисоси 100 миллион доллар барои системаи бонкии Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

Манфиатбардорони аслӣ киҳоянд?

Мақомоти Бонки миллӣ ҳам бо Сандуқи байналмилалии асъор ҷиҳати ҷалби то 500 миллион доллар ба Тоҷикистон вориди гуфтугӯ ҳастанд. Аммо ин ду созмони байналмилалӣ гуфтанд, танҳо замоне омодаан ба умури бонкии Тоҷикистон маблағ ворид кунанд, ки дар ин соҳа ислоҳот ҷорӣ шуда бонкҳо аз рӯи принсипи шаффофият амал кунанд. Аммо бонкҳои Тоҷикистон матни комили аудити солонаи худро нашр намекунанд ва то ҳанӯз маълум нест бенефитсиар ва ё манфиатбардорони аслии бонкҳои Тоҷикистон киҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG