Масъалаи либоси ба истилоҳ "бегона", ки бо қабули қонуни нави танзим харидану фурӯхтан ва пӯшиданаш манъ шуд, рӯзи 30-юми июл мавзӯи баҳс дар нишасти матбуотии Кумитаи дин буд. Либоси “бегона” дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот бештар пӯшиши исломиро ба мисли ҳиҷобу чодари сиёҳи занон ҳадаф гирифтаанд.
Суоли асосии рӯзноманигорон аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ин буд, ки мақомот рӯшанӣ андозанд кадом навъи либос ба истилоҳ "бегона" аст. Давлатзода посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, ки кормандони Кумитаи дин, Кумитаи кор бо занон ва Вазорати фарҳанг дар ҳоли таҳияи намунаҳои либоси тавсиявӣ ҳастанд.
Ин мансабдори тоҷик афзуд, либосҳои тавсиявӣ, “ки хоси анъанаҳои милли мо ҳастанд, вақтҳои наздик пешниҳоди омма мешаванд.” Сулаймон Давлатзода вақти дақиқро ҳам нагуфт.
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл бо нашри фатвое хост, ки занону духтарон либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд. Дар нишасти Кумитаи дин хабарнигорон аз раиси Шӯрои уламо пурсиданд, ки фатвои содиркардаашро шарҳ диҳад.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, мегӯяд, дини Ислом пӯшидани либоси махсусро таъйин накардааст ва ҳар халқ метавонад “бо риояи меъёрҳои шариат” либоси миллии худро ба бар кунанд. “Модоме ки меъёрҳои шаръӣ риоя мешаванд, Шӯрои уламо ҳамон либосҳои миллиро тавсия медиҳад. Он либоси нимурён ҳам тавсия дода намешавад," -- гуфт муфтии Тоҷикистон.
Ҳам раиси Кумитаи дин ва ҳам муфтӣ дар ҳузури хабарнигорон талош карданд собит кунанд, либоси миллӣ, ки мақомот онро тарғиб мекунанд мухолифи дини Ислом нест.
“Агар мақсадамон аз сатр ҳамон меъёре бошад, ки дини Ислом барои пайравонаш муайян кардааст, ҳамон меъёрро бо ҳамин сару либоси миллӣ ба ҷо овардан мумкин аст. Як нафари эътиқодманд метавонад ҳамон меъёрҳои диниро ба ҷо орад,” -- гуфт Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кумисюни озодиҳои динии Амрико хостори таҳримҳои зидди Тоҷикистон шудАммо баъзе руҳониён ба ин назари мақомот мувофиқ нестанд. Атоуллоҳи Маннонӣ, руҳонии тоҷик ва хатмкардаи Донишгоҳи Ал-Азҳар мегӯяд, дуруст аст, ки Ислом барои занҳо либоси хосеро таъйин накардааст, аммо дин чанд шартеро муқаррар кардааст, ки бояд дар вақти пӯшидани либос риоя шаванд.
“Талаботи шариат ин аст, ки бояд ҷисми зан ба ҷуз рӯй ва дасташ пӯшида бошад, вале дар намунаи ин либосҳо гардан, пеши бар ва мӯйи сари занҳо аз тарафи пеш кушода аст. Бештари либосҳо остини кӯтоҳ доранд ва дастони занҳо намоён ҳаст ва ин ба меъёр ва талаботи дини Ислом ҷавобгӯ нест. Он либосҳои миллие, ки бибиҳои мо қабл аз Шӯравӣ мепӯшиданд, ҷавобгӯи талаботи дини Ислом буд,” -- афзуд ин руҳонӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз $800 ҷарима то се сол зиндон. Барои риоя накардани чанд "манъ" дар қонуни танзимМақомот мегӯянд, бо ҳадафи тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротишавии мардум тарҳҳои миллиро пешниҳод мекунанд. Аммо баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бархе сокинон инро маҳдуд кардани озодии динӣ хонда, кори мақомотро танқид карданд. Онҳо мегӯянд, интихобу пӯшидани либос бояд озод ва вобаста ба табъу завқи ҳар шахс бошад, на маҷбурӣ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад