Дарc миёни обу лой дар мактаби Дарқад. ВИДЕО ва АКС

Хонандагони мактаби №30–и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар орзуи мактаби наву замонавӣ ҳастанд. Дар пайи барфу боронҳои ахир саҳни ин мактаб ба як кӯли воқеӣ мубаддал шуда, об ҳатто зери фарши синфхонаҳоро пур кардааст ва ҷараёни таҳсили беш аз 800 хонанда бо мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст.

Замоне ки хабарнигори Радиои Озодӣ аз вазъи ин мактаб дидан кард, саҳни даромадгоҳи мактаб аз кӯча ба як кӯли васее табдил шуда буд, ки роҳ гаштан аз рӯи он номумкин буд ва талабаҳо маҷбур буданд, ҷойҳои хушк ва ё сангҳои атрофи кӯлро пайдо карда, аз рӯи онҳо убур кунанд. Иброҳим Пираков, мудири ин мактаб, рӯзи 1 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди бориши барфу борон, вазъи муассисаи онҳо хеле нигаронкунанда шудааст.

Макони ҷойгиршавии мактаб дар нуқтаи пасттарини минтақа аст ва борону барфи зиёд муассисаи таълимиро пури об кардааст.

Ӯ гуфт, макони ҷойгиршавии мактаб дар нуқтаи пасттарини минтақа аст ва борону барфи зиёд муассисаи таълимиро пури об кардааст. Ин аст, ки ба гуфтаи Пираков, фарши синфхонаҳо ҳамеша дар ҳолати намӣ қарор доранд. "Мо аз ин хотир ба ҳукумати маҳаллӣ хабар додем ва раиси ноҳия ва мудири маориф аз ин ҳолат огоҳ ҳастанд", - гуфт Иброҳим Пираков.

Аммо бархе аз хонандагони мактаб мегӯянд, ки онҳо танҳо аз намии оби зери фарши синфхонаҳо азият намекашанд, балки боми мактаб ҳам фарсуда шудааст ва ҳангоми боридани барфу борон аз болои сарашон ҳамеша об мечакад ва дар рӯзҳои боронгарӣ дарсҳояшонро ба мушкилӣ пушти сар мекунанд.

Бибиҷони Шарофиддин, як хонандаи ин мактаб гуфт, имсол бо сабаби намии зиёд ҷараёни таҳсил бо мушкил пушти сар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, фарши синфхона нам аст ва дар ҳолатҳои боронӣ аз болои сарашон низ об мечакад ва дафтарҳояшон тар мешавад. Ӯ мегӯяд, ки дар вақти боронӣ баъзе ҳамсинфонаш ҳатто дар канори тиреза нишаста, пойро аз нами баланд карда дарс мехонанд.

Мактаби №30-и ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор, дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст ва соли 1967 бунёд шудаааст. Ҳоло дар ин мактаб 873 хонанда таҳсили илм мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дарс миёни обу лой дар мактаби Дарқад

Омӯзгорони ин мактаб мегӯянд, ки аксари кӯдакон аз тарии фарши синфхонаҳо ва чакидани об дар болои сарашон ба бемории зуком гирифтор шуда, чанд муддат баъзеяшон дар дарсҳо ширкат карда наметавонанд. Ба гуфтаи омӯзгорон, онҳо мунтазири гармӣ ҳастанд, то шогирдон битавонанд пурра ба дарс ҳозир шаванд.

Дар ҳамин ҳол идораи маорифи ноҳия Фархор мактаби №30 –и деҳаи Дарқади ҷамоати Дарқадро ба гурӯҳи мактабҳои дар ҳоли садамавӣ қарор додааст. Бо онки тарҳе барои бунёди мактаби замонавӣ дар ин деҳа ба вазорати моариф ва илми Тоҷикистон пешниҳод шудааст, аммо то ҳол маълум нест, ки оё мактаби наве дар ин макон бунёд хоҳад шуд ё хайр.

Хонандагон, ба хусус кӯдакон бошанд дар орзуи мактаби замонавӣ ҳастанд ва умед доранд, рӯзе фаро расад, ки дигар саҳни мактабашон кӯл нашаваду фарши синфхонаҳояшон намӣ нагирад ва борон болои китобу дафтарҳояшон начакад.

Аксҳо аз мактаби деҳаи Дарқад