Аз чӣ сар шуд?
Моҳи июни имсол як муҳоҷири 30-солаи қирғизистонӣ дар наздикии метрои Тушинои Маскав нуқтаи фурӯши санбӯса кушод. Модари ин ҷавон, Солқиной Сатторова, рӯзи фоҷиаро ба ёд оварда гуфт, дар миёни меҳмонони зиёд афроде ҳам буданд, ки муҳоҷиронро бад медиданду баҳонаи ҷанҷол меҷустанд.
"Ду марди маст омада, дар пеши чашми кӯдакон моро таҳқир карданд. Бо садои баланд душном доданд. Санбӯсахона аз писари ман аст. Вай ҳамаро ба дарун даъват карда, ба меҳмонон гуфт, “ба одамони маст аҳамият надиҳанд”. Намедонам, чӣ тавр дар як лаҳза ин воқеа рух дод. Яке аз он мардон писари маро бардошта, ба замин зад. Занозанӣ сар шуд,” – нақл кард Солқиной Сатторова.
Ба қавли ин зан, ҳамлагарон корд доштанд. Тавре дертар маълум шуд, онҳо шаҳрвандони Русия, Николай Сергееви 38-сола ва Максим Мухини 34-сола, ширкатдорони ҷанги Украина ҳастанд. Як ҳафта қабл аз ин моҷаро ҳарду барои дубора ба ҷанг рафтан бо Вазорати дифоъ қарордоди нав бастаанд.
Дар ин занозанӣ Сергеев ба ҳалокат расид ва Мухин бистарӣ шуд. Майсалбек Абдурасул бо бародараш Сиддиқбек ва дӯсташ Дамир Бароталиев боздошт шуданд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки “муҳоҷирон ин ду мардро гуё барои либоси низомияшон заданд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бастрикин гуфт, Русия муҳоҷиронро ба ҷанг мефиристад, "то кам шаванд""Агар розӣ шаванд…"
Наздикони муҳоҷирон ин иддаоро рад мекунанд. Бегоим, келини Солқиной Сатторова, гуфт, "Мухин баёнот дод, ки гуё дӯсташро танҳо гузошта, ба мағоза рафт ва ӯро издиҳоми муҳоҷирон заданд. Ин тавр нест! Ҳарду ҳамон ҷо буданд ва маҳз онҳо бо корд таҳдид карданд. Ман ба вакили мудофеъ гуфтам, ки таваҷҷуҳи мақомоти тафтишотиро ба ин масъала ҷалб кунад, вале вай гуфт, коре карда наметавонад."
Наздикони муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, муфаттишон зоҳиран онҳоро айбдор кардан мехоҳанд. Ба иддаои онҳо, пулиси Маскав ҳатто кӯшиш надорад, ки тамоми ҷузъиёти ҳодисаро муайян кунад. Баръакс, дар боздоштгоҳи муваққат талош доранд, онҳоро ба ҷанги Украина баранд. Дар иваз ба муҳоҷирон ваъда додаанд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба онҳо бас мешавад.
"Намедонам, кӣ мехоҳад онҳоро ба ҷанг барад. Ваъда додаанд, ки агар розӣ шаванд фарзандонам чанд рӯз бо хонаводаашон хоҳанд буд. Баъд онҳоро барои тамрин ва омодагӣ ба ҷанг мебаранд. Аз фарзандонам хоҳиш кардам, ки ба ин розӣ нашаванд, ба ҷанг нараванд," – гуфт Солқиной Сатторова.
Талоши оилаи Сатторовҳо барои таҳқиқи одилонаи ҳодиса ҳанӯз натиҷа надодааст. Онҳо барои ёрӣ ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат карданд. Дар посух гуфта шудааст, ки сафорат барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвараш бо муфаттиши Кумитаи тафтишот тамос гирифт ва намояндагони ин ниҳод дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур доранд.
Модари муҳоҷирони боздоштшуда аз он нигарон аст, ки агар дар ниҳоят писаронашро ба ҷанг баранд, ӯ дигар ҳаргиз онҳоро зинда нахоҳад дид.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад