Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коғази рафтан ба ҷангро имзо накардам." Номаи муҳоҷирон аз зиндонҳои Русия


“Модар, шумо хубед? Ман хубам! Хавотир нашавед. Барои рафтан ба ҷанг қарордод имзо накардам. Шуморо дӯст медорам.”

Ин номаро як шаҳрванди зиндонии Қирғизистон дар Русия ба модараш, Умут, навиштааст. Волидони маҳбусони дигари қирғизистонӣ дар Русия низ ба ин монанд мактуб мегиранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ қиссаи баъзе аз маҳбусонро дар як гузориш ҷамъ овард.

Ду писар ва келини Умут як сол боз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и вилояти Волгоград ҳастанд. Ҳар номаи ӯ ба фарзандонаш аз он сар мешавад, ки “ба ҷанг наравед.” Модар бо ашки чашм ба хабарнигорон сарнавишти писаронашро нақл кард:

“Рӯзи 29-уми май ба ман тарҷумон ва вакили мудофеъ занг заданд. Гуфтанд, ки писарони шумо барои рафтан ба ҷанг розӣ шуданд ва имзо гузоштанд. Ҳолам бисёр бад шуд. Ба Вазорати корҳои дохилӣ тамос гирифтам, ба сафорат нома навиштам. Сахт тарсидам, ки онҳо ба ҷанг мераванд. Ҷойи нишаст намеёфтам. Билохира, аз писаронам нома гирифтам, ки навиштаанд ба ҷанг намераванд. Баъд ором шудам.”

Ба писарон ва келини Умут бар асоси модаи 228, яъне қочоқи маводи мухаддир парванда боз кардаанд. Ба нақли модар, онҳо ба Русия барои он рафта буданд, ки пул кор карда, ӯро ҷарроҳӣ кунанд.

“Ман ду писар ва як духтар дорам. Як писарро худам ба дунё овардам, дуи дигарро ба фарзандхонӣ гирифтам. Ҳоло ду фарзандам аз ман дуранд. Хеле сахт аст, ки якбора се азизат ба ин ҳол меафтанд. Ҳоло ман гуё зинда нестам. Писари калониям баъди ҳамагӣ 27 рӯз ва хурдӣ пас аз 14 рӯзи рафтан ба Русия боздошт шуданд. Ман омоси мағзи сар дорам. Бо беморхонаҳои Исроил маслиҳат кардам ва қарор буд, ки барои табобат ба он ҷо равам. Барои ҳамин, писаронам ба Русия рафтанд, то пули заруриро кор кунанд. Дар як сол ман барои фарзандонам ҳама буду шудамро сарф кардам. Дигар пул ҳам надорам."

Умут нақл мекунад, ки ҳангоми боздошт писарон ва келинаш аз сӯйи пулиси рус шиканҷа шудаанд. Дар нома ба модар онҳо пайваста мегӯянд, гуноҳе надоранд ва зери фишор ҳастанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ яке аз номаҳои писари хурдии Умутро нашр кард:

“Ҳоло ман аз он нигаронам, ки муфаттиш ба бародарам суолҳои гуногун медиҳад. Мехоҳад, ки ӯро ҳабс кунад, вале далеле надорад. Ҳатто изи ангушташро ҳам пайдо накарданд. А. (келини Умут)-ро ҳам метарсонанду мегӯянд, “гуноҳро ба дӯш бигир, муҳлати кам медиҳем. Фикри духтаратро кун.” Тавре мебинед, ҳоло қонунҳои гуногун қабул мекунанд. Аз СИЗО ва зиндон ба ҷанг мебаранд. Мо ин имтиҳонро таҳаммул мекунем, зеро дар озодӣ шумо моро интизоред, модарҷон.”

Ин зан мегӯяд, “писарони маро шиканҷа ва латукӯб карданд. Вақте писари калонӣ ба ҳуш омад, вай хабар ёфт, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ман ҳоло ҳам намедонам, ки дар чӣ шароите қарор доранд ва бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд. Ҳамеша аз он метарсам, ки онҳоро шиканҷа карда, ба ҷанг мефиристанд. Шояд ягон санади дигареро пешниҳод карда, маҷбуран имзояшонро мегиранд. Ҳамеша менависам, ки ба чизе даст нагузоранд, то фиреб нахӯранд.”

Бори охир бо фарзандонаш 6 моҳ пеш ба воситаи телефон суҳбат карда буд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия маҳбусон тариқи телефон бояд фақат бо забони русӣ гап зананд. Ба сабабе, ки Умут бо писаронаш бо забони қирғизӣ суҳбат мекард, ба ӯ занги телефониро манъ карданд. Ҳоло ӯ бо писаронаш ба воситаи тарҷумон ва вакили мудофеъ суҳбат мекунад. Номаи охиринро моҳе пеш гирифт.

Яке аз зиндонҳои Русия
Яке аз зиндонҳои Русия

“Салом, хоҳар”. Нома аз зиндон

Темури 21-сола якуним сол боз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и Санкт-Петербург аст. Ӯ ҳам ба қочоқи маводи мухаддир айбдор ва ба 6 сол зиндон маҳкум шудааст. Бо Темур хоҳари калонияш тамос дорад.

“Бародарамро аз боздоштгоҳ ба зиндон набурдаанд. Вай якуним сол боз дар ҳамон ҷо аст. Дар бораи шароити боздоштгоҳ чизе намегӯяд. Шояд ҳақ надорад. Дар номаҳояш танҳо менависад, ки барояш пул ва либоси гарм фиристам. Рақами суратҳисоби махсусеро мефиристад, ба ҳамон пул мегузаронам. Як-ду бор ба наздаш рафтам. Барои зуд-зуд рафтан пул нест. Ҳоло мо танҳо тариқи почта тамос дорем. Эҳтимол ин номаҳо ҳам санҷида мешаванд. Вай фақат бо забони русӣ менависад. Ба онҳо бо забони модарӣ гап задан манъ аст."

“Салом, хоҳар. Ман хубам, хавотир нашавед. Ман пулро гирифтам ва ба мағоза фармоиш додам. Боқимонда 1100 рубли дигар дар дастам ҳаст. Бастаи фиристодаатонро ҳанӯз нагирифтам. Шумо ба Қирғизистон рафтед ё ҳоло ҳамин ҷоед? Ба ман якчанд нимтана бо андозаи 48 ва шампун фиристед. Ба ҳама салом расонед.”

Ин яке аз номаҳои Темур ба хоҳарбузургаш аст, ки бо забони русӣ, вале бо иштибоҳи зиёд навиштааст. Темур дар 20-солагӣ ба Русия рафтааст. Ҳамроҳи ӯ барои қочоқи маводи мухаддир чанд шаҳрванди дигари Қирғизистон ба зиндон маҳкум шудаанд. Додгоҳ онҳоро “гурӯҳи ҷиноӣ” хонда, ҷазои сахт баровард.

“Вай ҳангоми суҳбат пайваста мегӯяд, ки ҷавонияш дар зиндон мегузарад. Ҳоло мехоҳад ба озодӣ барояд. Маълум шуд, ки вақте дар Бишкек буд, бо дӯстонаш ба ҳамин кор машғул будааст. Дӯстонашро дар Бишкек боздошт карданд ва ӯ ба Русия рафт. Дар онҷо ҳамроҳи як гурӯҳ боздошт карданд. Барои ҳамин муҳлати ҷазо ҳам зиёд аст. Мо намедонем, ки дар маҳбасҳои Русия чӣ мегузарад. Дар нома фақат чизҳои лозимияшро дархост мекунад."

Дар як соли охир Темур ба наздиконаш тақрибан 10 нома навиштааст. Дар яке аз онҳо гуфтааст, барояш мушкил аст, чун бо забони русӣ хуб гап зада наметавонад. “Дар ин ҳуҷра (камера) шаш нафар аст. Се рус, як узбек, як беларусӣ ва ман. Маро дар инҷо қирғиз меноманд. Ман аз ҳама хурдӣ ҳастам. Ҳар чизе медиҳанд, мехӯрам, вагарна гурусна мемонӣ. Дар аввал суҳбат бо вакили дифоъ бо забони русӣ бароям мушкил буд, ҳоло мефаҳмам. Ҳамеша орзу мекунам, ки аз ин ҷо бароям. Агар бароям, тӯйи калон мекунем,” – нигоштааст ӯ.

“Маҷбур шудааст, ки худ дандонашро канад”

Бародари хурдии қаҳрамони навбатии бахши қирғизии Радиои Озодӣ ду сол боз дар зиндони Екатеринбург аст. Дар ин зиндон зодагони Осиёи Марказӣ зиёданд.

“Дар ҷое, ки бародари ман аст, ду сол пеш як писари қирғиз худро овехта буд. Ӯро ба худкушӣ водор карданд. Аз замоне ки бародарамро ба он ҷо бурданд, дар бораи ин маҳбас маълумот ҷамъ меорам ва мехонам. Мо аз вазъи ӯ дар ташвишем. Дандонаш дард мекард, касе ёрӣ надодааст. Се рӯз бо ин дард гашт ва дигар тоқат наоварду худаш дандонро канд. Вай аз доруҳое, ки барои маҳбусон иҷоза додаанд, истифода бурда, худро табобат мекунад. Дар зиндон ба мусалмонҳо ва муҳоҷирон муносибат дигар аст. Онҷо касе раҳми туро намехӯрад,” – нақл кард, хоҳари як маҳбус аз шароити зиндон ва нигаҳдории додараш.

Вай дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва чанд бор ба аёдати бародараш рафта, ҳоли ӯро дидааст: “Гуфт, ки камбуди ғизо доранд. Гӯшт намерасад. Ҳафтае як дафъа тухм медиҳанд. Моҳии вайроншуда меоранд. Агар моҳе иҷозаи расонидани то 30 кило хӯрок дода шавад, пас, як килои он ҳатман лимон аст. Онҳо ба тамоми таомҳое, ки дар он ҷо медиҳанд, шираи лимуро омехта мекунанд, то таъми онро каме беҳтар кунад. Ман чанд дафъа ба мулоқоти чандрӯза рафтам. Барояш либосҳои гарм бурдам, аммо иҷоза надоданд, ки ҷӯроби пашмиро дарорам. Дар зиндон либоси зерро иҷоза намедиҳанд."

Бародари хурдии ҳамсуҳбати мо дар як ширкати таксиронии Русия кор мекард. Ӯ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва 7 сол зиндонӣ шуд.

“Давоми як сол талош кардам, ки ҳарчӣ зудтар ӯро ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Дар онҷо ӯро чанд бор ба ҷанг даъват карданд. Хоҳиши ба ҷанг рафтан надошт. Ман мушоҳида кардам, ки бачаҳо худро одамони нолозим ва гунаҳкор эҳсос мекунанд. Бинобар ин, бархе барои рафтан ба ҷанг розӣ мешаванд. Ман як сол ба вакили дифоъ ҳар моҳ 50 ҳазор рубл медодам. Маблағи дар муҳоҷират кор кардаамро ду қисм мекардам, як қисмаш барои додарам ва қисми дигар барои кӯдакон. Бародарам ягона писари хонавода аст, ӯ волидонамро нигоҳубин мекард. Мо фикр кардем, ки адвокат барои ба Қирғизистон бурдани ӯ ёрӣ мекунад, як сол интизор шудем. Аз 6-уми августи соли гузашта мо сари ин масъала кор мекардем ва ҳамин ахиран ҷавоб гирифтем. Қарор аст, парвандаи ӯ моҳи сентябр дар Додгоҳи Қирғизистон баррасӣ шавад. Қабл аз ин дар Маскав баррасӣ мекунанд. Ҳоло қонун дар Қирғизистон тағйир ёфт ва умед дорам, ки акнун истирдоди маҳбусон зудтар сурат мегирад.”

Истирдод: Тағйирот дар қонунгузорӣ

26-уми июл Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, қонунро “Дар бораи тағйири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ" имзо кард, ки бар асоси он тартиби истирдоди шаҳрвандоне, ки дар берун аз Қирғизистон маҳкум ба зиндон шудаанд, тағйир ёфт.

Истирдоди зиндониён аз Русия ба Қирғизистон як раванди мушкилу печида аст. Барои фиристодани маҳбусон ба кишвари дигар бояд дар ҳарду кишвар мурофиаи додгоҳӣ баргузор шавад. Дар Қирғизистон масъалаи истирдоди зиндониён ба дӯши Додситонии кул аст.

Ҳатто агар барои истирдоди маҳбус иҷоза бошад ҳам, ҳолатҳое мешаванд, ки ин раванд ба далели пардохт нашудани пул барои фиристодани маҳбус ё ба сабаби онки дар Қирғизистон барои ҷинояти содиркардаи вай мӯҳлати кам пешбинӣ шудааст, ба таъхир меафтад.

Бинобар ин, зарурат ба ислоҳи қонун пеш омадааст. Муовини вазири адлия Орозбек Сиддиқов, зимни ислоҳи қонун дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон гуфт, тарҳи мазкур раванди фиристодани маҳбусонро ба кишвар осон мекунад.

“Дар сурати муроҷиати наздикони шаҳрвандон, низом ва муҳлати ҷазои маҳбус дар инҷо ҳам бетағйир мемонад. Ин масъала аз зиндонҳои Русия вобастааст. Барои мисол, агар дар Русия барои ҷинояти марбут ба маводи мухаддир дар маҳбаси низомаш сахт адои ҷазо мекунанд, дар Қирғизистон дар маҳбаси низомаш умумӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Наздикони маҳбусон хостори ин шуда буданд,” – гуфт ӯ.

Соли гузашта як гурӯҳи муштарак дар мавриди истирдоди шаҳрвандони Қирғизистон аз зиндонҳои Русия таъсис ёфта буд. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, ки сафорат ва консулгарии Қирғизистон ба ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар зиндони Русия нома навишта, раванди истирдодро шарҳ медиҳанд.

Бино ба омори Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, тақрибан 1500 қирғизистонӣ дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд. Тибқи омори расмӣ, аксари онҳо ба қочоқу интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор шудаанд. Барои ин ҷиноят то як миллион рубл ҷарима ва аз 10 то 20 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG