Ин эъломия як рӯз баъд аз кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии “Ҳамос”, расонаӣ гардид.
Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" навишт, ки амалиёти зидди Муҳаммад Зайф рӯзи 13-уми июл дар Хон Юнус, ҷануби Ғазза, сурат гирифтааст. Дар бештар аз ду ҳафтаи охир артиш ва созмони амнияти дохилии Исроил маълумот гирд овардаанд, то кушта ё зинда будани ӯро дақиқ кунанд. Онҳо рӯзи якуми август гуфтанд, ки тафтишот марги Муҳаммад Зайфро таъйид кард.
Вазири дифои Исроил дар паёме дар шабакаи “X” навишт, “аз байн бурдани Муҳаммад Зайф, ки "бин Лодини Ғазза" буд, дар амалиёти 13-уми июли соли 2024 як қадами бузург аст.” Гурӯҳи “Ҳамос” ҳанӯз марги Муҳаммад Зайфро таъйид накардааст.
Мақомоти Исроил Муҳаммад Зайф ва Яҳё Синворро аз тарроҳони асосии ҳамла ба ҷануби ин кишвар дар моҳи октябри соли 2023 медонанд. Дар он ҳамла ҳудуди 1200 нафар кушта шуд. Дар ҳуҷуми ҷавобии Исроил ба Навори Ғазза, ки беш аз нуҳ моҳ боз идома дорад, зиёда аз 39 ҳазор фаластинӣ кушта ва беш аз 91 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд.
Муҳаммад Зайф кист?
Муҳаммад Диёб Иброҳим Ал-Мисрӣ, машҳур ба Муҳаммад Зайф, соли 1965 дар урдугоҳи Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ба дунё омадааст. Хонаводааш аз деҳае аз шимоли ғарби Байтулмуқаддас кӯчида буданд.
Донишгоҳи исломиро дар Ғазза хонд ва аз он вақт барои пайвастан ба сафи гуруҳҳои исломгаро майл пайдо кард. Аввал ба узвияти “Ихвон-ул-муслимин” (Миср), сипас ба узвияти гуруҳи фаластинии “Ҳамос” даромад ва аз фаъолони барҷастаи он шуд.
Чаро “Зайф”?
Калимаи “Зайф” дар арабӣ ба маънои “меҳмон” аст. Интихоби ин лақаб аз он ҷост, ки ӯ беш аз як шаб дар як ҷо намонда, ҷойи худро зуд-зуд иваз мекардааст. Муҳаммад Зайф соли 1989 аз тарафи нерӯҳои исроилӣ ба иттиҳоми фаъолият дар дастгоҳи низомии вобаста ба “Ҳамос” дастгир шуд. Ин боздошт бидуни муҳокима буд ва 16 моҳ тӯл кашид.
Баромаданаш аз зиндон бо зуҳуру ном баровардани баталйони Иззуддин Қассом, шохаи низомии “Ҳамос” пас аз анҷоми чанд амалиёт алайҳи Исроил рост омад. Вай бо теъдоде аз фармондеҳон ба Каронаи Бохтарӣ рафт, то бахши низомии гуруҳро дар минтақа фаъол кунад.
Соли 1993 ба унвони яке аз фармондеҳони шохаи низомии “Ҳамос” шинохта шуд. Дар он давра теъдоде аз амалиётро раҳбарӣ кард, аз ҷумла ба гаравгон гирифтани сарбози исроилӣ Нахшон Ваксманро.
Баъд аз кушта шудани Яҳё Айёш, яке аз фармондеҳони барҷастаи шохаи низомии “Ҳамос” (5-уми январи соли 1996), ки ба номи “муҳандиси маводи тарканда” машҳур буд, Муҳаммад Зайф силсилае аз амалиёти маргталабонаро тарроҳӣ кард ва сабаби марги беш аз 50 исроилӣ шуд.
Нерӯҳои амниятии Ташкилоти Худгардони Фаластин моҳи майи соли 2000-ум Муҳаммад Зайфро дастгир карданд, аммо бо қиёми дувуми фаластиниҳо ӯ фирор карду ба Ғазза баргашт. Дар ҷараёни ҳаводиси он сол амалиёти зиёдеро алайҳи Исроил тарроҳӣ ва раҳбарӣ кард.
Нуфузи рӯ ба афзоиши Муҳаммад Зайф дар гуруҳи “Ҳамос” боис шуд, ки соли 2002 фармондеҳи шохаи низомии гуруҳ таъйин шавад.
Наҷот... марг
Муҳаммад Зайф борҳо аз амалиёти дастгоҳҳои иттилоотӣ ва артиши Исроил ҷон ба саломат бурдааст, вале гуфта мешавад, дар панҷ маврид эҳтимоли ба марг расиданаш наздик буд. Дар амалиёте, ки солҳои 2001, 2002, 2003, 2006 ва 2014 анҷом шуд.
Талоши машҳуртарин барои куштани Муҳаммад Зайф дар охири моҳи сентябри соли 2002 сурат гирифтааст. Он ҳангом Исроил иқрор кард, ки наҷоти ӯ муъҷизаосо буд.
Дар он амалиёт чархболҳои Исроил чанде аз мошинҳоро дар маҳаллаи Шайх Ризвон дар Ғазза бомбаборон карданд. Исроил дар аввал эълом кард, ки Муҳаммад Зайф кушта шуд, аммо пас аз он иттилои худро тағйир дод.
Бори охир тобистони соли 2014 маҳалли ҷойгиршавии Муҳаммад Зайф дар минтақаи Шайх Ризвон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамла ҳамсару фарзанди хурдсолашро аз даст дод. Гузоришҳо баёнгари онанд, ки худи Зайф дар ин ҳамла осеб дид ва аз он вақт тавони роҳ рафтанро аз даст дод буду бо аробаи маъюбӣ мегашт. Рӯзи 1-уми август артиши Исроил хабари кушта шуданашро дод, вале ҳамсафонаш ҳанӯз вокуниш накардаанд.