Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз соли 1948 то кунун. Чаро ҷанги Исроил ва Фаластин поён наёфт?


Ғазза, 11-уми октябри 2023
Ғазза, 11-уми октябри 2023

Навори Ғазза дар соҳили Баҳри Миёназамин то соли 1917 дар ихтиёри империяи усмонӣ буд. Дар як асри гузашта аз итоати Бритониё ба Миср гузашт ва сипас зери назорати артиши Исроил даромад. Ҳоло бурунбум ё анклави деворпече аст, ки дар он зиёда аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунанд.

1948. ПОЁНИ МУСТАМЛИКАДОРИИ БРИТОНИЁ

Фармонравоии Бритониё бар Фаластин дар охири солҳои 1940 ба поён расид. Он замон хушунат байни яҳудиён ва арабҳо авҷ гирифт ва дар моҳи майи соли 1948 бо ҷанги байни давлати навташкили Исроил ва ҳамсояҳои араби он ба охир расид.

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ фирор карданд ё аз хонаҳошяон ронда шуданд. Онҳо дар Ғазза паноҳ ёфтанд. Сипас артиши Миср як долони борикро бо дарозии 40 километр забт кард. Ин роҳ аз Синай (Миср) ба ҷануби Ашкелон (Исроил) мегузашт. Сарозер шудани фирориён теъдоди аҳолии Ғаззаро се баробар бештар кард ва шумораи онҳо ба тақрибан 200 ҳазор нафар расид.

Давид Бен Гурион
Давид Бен Гурион

СОЛҲОИ 1950 ВА 1960. ФАРМОНРАВОИИ МИСР

Навори Ғазза ду даҳсола зери итоати низомиёни Миср қарор дошт. Он вақт ба фаластиниҳо имкон дода буданд, ки дар Миср кору таҳсил кунанд. "Фидоиён"-и мусаллаҳи фаластинӣ, ки аксари онҳо паноҳҷӯ буданд, ба Исроил ҳуҷум бурда, сабаби интиқомҷӯйӣ шуданд.

Созмони Милал идораи UNRWA-ро таъсис дод, ки феълан барои 1,6 миллион паноҳҷӯйи сабтиномшудаи фаластинӣ дар Ғазза ва фаластиниҳо дар Урдун, Лубнон, Сурия ва Каронаи Ғарбӣ мадад мекунад.

Паноҳҷӯёни фаластиниӣ ба деҳаи худ бармегарданд, соли 1948
Паноҳҷӯёни фаластиниӣ ба деҳаи худ бармегарданд, соли 1948

1967. ҶАНГ ВА ИШҒОЛИ НИЗОМИИ ИСРОИЛ

Исроил дар ҷанги Ховари Миёна дар соли 1967 Навори Ғазаро тасарруф кард. Шумориши аҳолӣ дар он вақт теъдоди сокинони Ғаззаро 394 ҳазор кас гуфта буд, ки камаш 60 дарсади онҳо паноҳҷӯ буданд.

Бо рафтани мисриҳо, бисёрии коргарон аз Ғазза дар бахши кишоварзӣ, бинокорӣ ва хидматрасонӣ дар дохили Исроил ба кор даромаданд.

Нерӯҳои Исроил дар Ғазза монданд. Барои идораи қаламрав ва посбонии шаҳракҳое, ки Телавив дертар дар онҷо сохт. Аммо онҳо сарчашмаи норозигии рӯзафзуни фаластиниҳо шуданд.

Байтулмуқаддас, 29-уми ноябри соли 1947
Байтулмуқаддас, 29-уми ноябри соли 1947

1987. ҚИЁМИ ФАЛАСТИНИҲО ВА ТАШКИЛИ "ҲАМОС"

Моҳи декабри соли 1987, баъд аз бист соли ҷанг, фаластиниҳо интифоза ё аввалин қиёми худро оғоз карданд. Баҳонааш тасодуфе шуд, ки як мошини боркаши исроилӣ ба мошини коргарони фаластинӣ дар урдугоҳи Ҷабалияи Ғазза бархӯрд ва боис ба марги чор кас шуд.

Ин ҳодиса тазоҳуроту сангандозӣ, коршиканӣ ва бастани корхонаҳоро дар пай дошт. “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср бо истифода аз рӯҳияи эътирозгарон шохаи мусаллаҳи фаластинии “Ҳамос”-ро таъсис дод. Ин гуруҳ, ки нақшаи вайрон кардани Исроил ва бозгардондани ҳокимияти исломиро дар Фаластини ишғолшуда дорад, рақиби ҳизби дунявии “Фатҳ”-и Ёсир Арафот гардид. Ёсир Арафот Созмони Озодихоҳи Фаластинро раҳбарӣ мекард.

Ёсир Арафот
Ёсир Арафот

1993. СОЗИШНОМАИ ОСЛО ВА ФАЛАСТИНИ НИМАМУХТОР

Исроил ва Фаластин дар соли 1993 созишномаи таърихии сулҳро имзо карданд, ки боис ба таъсиси Маъмурияти Фаластин шуд. Бар асоси созиши муваққатӣ, аввал ба фаластиниҳо дар Ғазза ва Ериҳӯ (Jericho) дар Каронаи Ғарбӣ назорати маҳдуд дода шуд.

Ёсир Арафот баъд аз даҳсолаҳо зиндагӣ дар хориҷа ба Ғазза баргашт. Созиши Осло ба Маъмурияти Фаластин баъзе мухторият дод ва ташкили давлати ҳамноми онро дар панҷ соли оянда пешбинӣ мекард, аммо дувумӣ ҳаргиз иҷро нашуд.

Исроил фаластиниёнро ба саркашӣ аз созиши амниятӣ муттаҳам кард. Фаластиниҳо аз идомаи сохтмони шаҳракҳои исроилӣ хашмгин шуданд.

"Ҳамос" ва "Ҷиҳоди исломӣ" бо бомбгузориҳо кӯшиш карданд, ки ҷараёни сулҳро аз хат берун баранд. Исроил барои ҳаракати фаластиниҳо аз Ғазза маҳдудиятҳои бештар ҷорӣ кард. "Ҳамос" ҳамзамон ба танқидҳои афзояндаи фаластиниҳо дар бораи фасод, хешутаборбозӣ ва мудирияти нодурусти иқтисод аз ҷониби ҳалқаҳои наздик ба Ёсир Арафот таваҷҷуҳ кард.

Сарҳади байни Миср ва Навори Ғазза, моҳи майи 2011
Сарҳади байни Миср ва Навори Ғазза, моҳи майи 2011

2000. ИНТИФОЗАИ ДУВУМ

Бо интифоза ё қиёми дувуми фаластиниён дар соли 2000-ум муносибатҳои Исроил ва Фаластин ба сатҳи поинтарини худ расид. Ин давра бо бомбгузориҳои маргталабона ва тирандозии фаластиниҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ, эҷоди минтақаҳои мамнуъ ва манъи убуру мурур аз тарафи Исроил ҳамроҳ буд.

Фурудгоҳи Байнулмилалии Ғазза дар ҳамин давра осеб дид. Умеди Фаластин ба истиқлоли иқтисодӣ ва ягона иртиботи мустақими фаластиниҳо бо ҷаҳони берунӣ, ки зери назорати Исроил ва Миср набуд, шикаста шуд. Исроил чанд моҳ пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 (Амрико) Фурудгоҳи Ғаззаро таҳдиди амниятӣ арзёбӣ кард ва мавҷгиру хати парвози онро вайрон намуд. Фурудгоҳро соли 1998 кушода буданд.

Саноати моҳидории Ғазза, ки манбаи даромади даҳҳо ҳазор нафар буд, низ қурбонии даргирҳо шуд. Исроил ҷойи моҳидории Ғаззаро маҳдуд кард ва онро зарурате барои пешгирӣ аз қочоқи силоҳҳо донист.

2005. КӮЧИДАНИ НЕРӮҲОИ ИСРОИЛ

Исроил дар моҳи августи соли 2005 тамоми сарбозон ва шаҳракнишинони худро аз Ғазза, ки он замон дар муҳосира буд, берун баровард. Фаластиниҳо бинову зерсохтҳои матрукаро вайрон карданд.

Аз байн бурдани шаҳракҳо боис ба ҳаракати бештари озод дар дохили Ғазза шуд ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, қочоқчиён ва соҳибкорон ба Миср даҳҳо нақб кофтанд. Аммо бо рафтани исроилиҳо корхонаву гармхона ва устохонаи шаҳракаҳо, ки баъзе аз сокинони Ғазза дар онҷо кор мекарданд, низ аз байн рафт.

Сарбозони исроилӣ дар наздикии марз бо Навори Ғазза
Сарбозони исроилӣ дар наздикии марз бо Навори Ғазза

2006. ЗЕРИ РАҲБАРИИ “ҲАМОС”, ВАЛЕ ДАР ИНЗИВО

“Ҳамос” дар интихоботи порлумонии соли 2006 дар Фаластин ба таври ғайриинтизор пирӯз шуда, назоратро бар Ғазза пурра ба даст овард ва нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Маҳмуд Аббос, вориси Ёсир Арафотро сарнагун кард.

Аксар кишварҳои ҷаҳон “Ҳамос”-ро як созмони террористӣ медонанд ва биноан расондани ёриро ба фаластиниҳо дар минтақаҳои зери идораи “Ҳамос” бас карданд. Исроил дарвозаашро ба рӯйи даҳҳо ҳазор коргари фаластинӣ баст ва онҳоро аз як манбаи муҳими даромад маҳрум кард.

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ягона нерӯгоҳи барқи Ғаззаро вайрон кард ва боис ба қатъи саросарии барқ шуд. Исроил ва Миср бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ ба гузаштани бору мардум тавассути гузаргоҳҳои Ғазза маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ карданд.

Нақшаи баландпарвозонаи “Ҳамос” барои халос кардани иқтисоди Ғазза аз пойбандии Исроил иҷро нашуд. Абдуфаттоҳ Сисӣ, ки соли 2014 қудратро дар Миср ба даст гирифт, раҳбари “Ҳамос”-ро як таҳдид арзёбӣ кард ва сарҳадро бо Ғазза баст ва аксари нақбҳоро тарконд. Ғазза бори дигар дар инзиво монд ва иқтисодаш дигарбора поин рафт.

Нерӯҳои "Ҳамос"
Нерӯҳои "Ҳамос"

ЧАРХИШИ НИЗОЪ

Иқтисоди Ғазза ҳангоми низоъ, ҳамла ва интиқомгирӣ миёни Исроил ва гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ борҳо осеб дидааст. Пеш аз соли 2023, яке аз бадтарин ҷангҳо дар соли 2014 иттифоқ уфтода буд.

“Ҳамос” ва гурӯҳҳои дигар ба шаҳрҳои марказии Исроил мушак сар доданд. Исроил аз ҳаво ва тӯпхона маҳаллаҳои Ғаззаро хароб кард. Зиёда аз 2100 фаластинӣ, асосан аҳолии осоишта, кушта шуданд. Исроил теъдоди кушташудаҳоро 73 нафар эълон кард. 67 сарбоз ва 6 ғайринизомӣ.

2023. ҲАМЛАИ НОГАҲОНӢ

Дар ҳоле ки Исроил бо додани имтиёзҳои иқтисодӣ ба коргарони Ғазза бовар дошт, ки “Ҳамос”-ро маҳор кардааст, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ пинҳонӣ омӯзиш медиданд ва тамрин мекарданд.

Навори Ғазза, 7-уми октябри 2023
Навори Ғазза, 7-уми октябри 2023

Афроди мусаллаҳи “Ҳамос” (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) рӯзи 7-уми октябр ба таври ногаҳонӣ ба Исроил ҳамла карда, садҳо нафарро куштанд ва даҳҳо касро гаравгон гирифта, ба Ғазза бурданд. Исроил бо зарбаҳои ҳавоӣ ба Ғазза ва вайрон кардани маҳаллаҳо интиқом гирифт.

Исроил, 9-уми октябри 2023
Исроил, 9-уми октябри 2023

Ҷанги бадтарине, ки дар 76 соли охир байни фаластиниён ва Исроил рӯй дод, ҳанӯз идома дорад.

Матлаб соле қабл бар асоси маълумоти "Рейтерс" омода ва нашр шудааст

XS
SM
MD
LG