Нишасти вазирони корҳои хориҷии 9 кишвари ҷаҳон барои хатми ҷанги панҷсола дар Сурия бе натиҷа поён ёфтааст. Ҷон Керрӣ – вазири корҳои хориҷии Амрико – баъди нишасти рӯзи шанбеи Лозанна (Швейстария) эълон кард, ки дар ин ҳамоиш чандин идеяи нав матраҳ
Бар хилофи нишастҳои пешин дар мавриди Сурия ҳеҷ кишвари аврупоӣ дар ин ҳамоиш иштирок надошт.
буд, "аммо гуфтугӯҳо бе тавофуқ бар сари иқдоми мушаххас анҷом шуд". Керрӣ, бо ин ҳол, нишасти Лозаннаро бо ҳузури дипломатҳои аршади Русия, Арабистони Саудӣ ва Эрон "созанда" донистааст.
Ба гузориши "Ассошиайтед Пресс", вазири корҳои хориҷии Амрико ба изтирорӣ будани вазъияти Ҳалаб ва пайдо кардани роҳе ба ҷои иқдоми низомӣ таъкид карда, вале дар бораи қадамҳои фаврие, ки бояд дар ин роҳ гузошта шавад, ишора нанамудааст. Ӯ дар айни ҳол гуфтааст, тамос байни вазирони корҳои хориҷӣ дар рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дошт.
Дар гуфтугӯҳои Лозанна дипломатҳои боломақоми 9 кишвари мухталиф ҳузур доштанд. Эрон дар аввал гуфта буд, ҳозир нест ба ин нишаст ҳамроҳ шавад. Аммо баъди тағйири ҳайати ҳозирон, ба қавли сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Ҷумҳурии Исломӣ дар ин гуфтугӯ иштирок кард. Ҳам Эрон ва ҳам Амрико пеш аз баргузории нишаст гуфта буданд, ки интизор намеравад дар ин ҳамоиш ба пешрафти муҳиме даст ёбанд.
Дар айни ҳол вазири корҳои хориҷии Амрико музокироти рӯзи шанберо "нишасти идеяпардозона" тавсиф кард. Ӯ гуфт, дар шароите ки ҳозирон дар нишаст хоҳони роҳи ҳалли дипломатӣ барои бӯҳрони Сурия ҳастанд, аммо ҳеҷ кас намехоҳад, ин корро дар роҳи тираву торик пайгирӣ кунад.
Хабаргузории Фаронса дар гузориши худ дар мавриди поён ёфтани нишасти Лозаннаи Швейтсария гуфтааст, вазири хориҷаи Амрико роҳии Лонлон шуд, то ҳамтоёни аврупоии худро аз ибтикори дипломатии ҷадид хабардор кунад. Эрон, Арабистони Саудӣ, Амрико, Русия, Туркия, Миср, Урдун, Ироқ ва Қатар кишварҳои нозир дар нишасти рӯзи шанбе дар Лозанна буданд. Бар хилофи нишастҳои пешин дар мавриди Сурия ҳеҷ кишвари аврупоӣ дар ин ҳамоиш иштирок надошт.
Акси бештар аз вайронаҳои Ҳалаб:
Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷанги панҷсолаи Сурия на камтар аз 250 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион гуреза шудаанд. Башор Асад, президенти Сурия, ахиран гуфт, ки кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст. “Чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз ҷанги сард аст", - изҳор дошт Асад дар суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда".
Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремл барои кумак ба артиши Асад дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб агар аз шӯришгарони зидди Асад пуштибонӣ ҳам кунанд, ба онҳо кумаки низомӣ накардаанд. Башор Асад гуфта, ки Туркия бо эълони маъракаи ихроҷи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ва курдҳо ба қаламрави Сурия ҳамла кардааст.