Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: Сурия майдони ҷанги Русия бо Ғарб шудааст


Башор Асад, президенти Сурия мегӯяд, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст. "Чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз Ҷанги сард аст", - изҳор доштааст Асад дар суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда".

Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремл барои кумак ба артиши Асад дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб агар аз шӯришгарони зидди Асад пуштибонӣ ҳам кунанд, ба онҳо кумаки низомӣ накардаанд. Башор Асад гуфта, ки Туркия бо эълони маъракаи ихроҷи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ва курдҳо ба қаламрави Сурия ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи президенти Сурия, Арабистон Саудӣ ба вай пешниҳод кардааст, ки агар иртиботашро бо Эрон, яке аз ҳампаймонони аслияш қатъ кунад, ба ӯ кумак хоҳад кард. "Риёз гуфт, агар ҳама гуна иртиботро бо Эрон ба қатъ кунӣ, пас мо омодаем, ки ба ту хеле одию мустақим кумак кунем", - афзудааст Асад.

XS
SM
MD
LG