Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керри ва Лавров аз нав масьалаи Сурияро баррасӣ мекунанд


Раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Русиву ИМА 15 октябр дар Лозаннаи Швейтсария бо ҳузури намояндагони кишварҳои калидии минтақа гуфтушунидеро оиди Сурия анҷом хоҳанд дод. Дар ин бора ВКХ Русия иттилоъ дода, афзудааст, ки ҷонибҳо дар мулоқот иқдомҳои иловагии имконпазирро барои ҳалли буҳрони Сурия баррасӣ мекунанд. Қаблан Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суҳбат бо телевизиони Си-эн-эн гуфта буд, ки дар гуфтушуниди Лозанна намояндагони Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва эҳтимолан Қатар иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG