Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни таъсиси пойгоҳ дар Сурияро имзо кард


Владимир Путин, президенти Русия қонун дар бораи тасвиби созшномаи бемӯҳлати мустақар кардани нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурияро имзо кард. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба манбаи худ дар Кремлин иттилоъ дод. Пеш аз ин Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия ин қонунро тасвиб карданд.

Дар созишнома аз ҷумла гуфта мешавад, ки нерӯи ҳавоии Русия бо дархости Димишқ дар пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим ва Лозиқия мустақар мешавад ва хусусияти дифоӣ дорад. Русия ин пойгоҳро бо зербинои он ба таври ройгон истифода мекунад.

Раҳбари бахши байналмилалии Шӯрои Федератсиюни Русия гуфта буд, ки созишнома бо Сурия алайҳи кишвари сеюм истифода намешавад ва хусусияти дифоӣ дорад. Раҳбари кумитаи дифоъ ва амният Виктор Озеров истиқрори нерӯи ҳавоиро "саҳми мушаххас"-и Русия дар талошҳои эътидоли вазъ лар Сурия унвон кард.

XS
SM
MD
LG