Вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон, аз тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон озод карда шудааст. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон баъд аз зӯҳри 11 май гуфт, "лаҳзаҳое пеш вулусволии Зебок ба тасарруфи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон даромад."
Вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшони Афғонистон қарор дошта, бо Читроли Покистон ва вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ ҳамсарҳад аст.
Дафтари матбуоти мақоми вилояти Бадахшони Афғонистон қаблан гуфта буд, ки раҳбарии ҷангро дар вулусволии Зебок генерал Ҷалол Яфталӣ, фармондеҳи нерӯҳои вижа ба ӯҳда дорад. Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилояти Бадахшон ва муовини вазири дифои Афғонистон низ дар хатти ҷанг қарор доштанд.
Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтаанд, то ба ҳол беш аз 100 тан аз террористон аз сӯи нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон низ таъйид кард, ки нерӯҳои амниятӣ Зебокро дубора бозпас гирифтанд. Вай ба хабаргузориҳои Афғонистон гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон афроди зиёди гурӯҳи Толибонро аз байн бурдаанд.
Тайи як ҳафтаи пас аз ҷанг тақрибан даҳ захмии нирӯҳои давлатии Афғонистон низ барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон оварда шуданд, ки аз миёни онҳо як нафар даргузашт. Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 5 май дар суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон “сипоси амиқи худро барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон” изҳор дошта буд.
Минтақаи Зебоки вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Покистон марзи муштарак дорад ва аз марзи Тоҷикистон низ чандон дур нест, рӯзи 28 апрел ба дасти Толибон суқут кард. Ба дунболи суқути Зебок, Толибон ба вулусволии Ишкошим, ки бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳамла бурданд, аммо тавассути нерӯҳои амниятии афғон ба ақиб зада шуданд.
Бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст. Рӯзи 2 май Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои назорати марз ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд.
Вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшони Афғонистон қарор дошта, бо Читроли Покистон ва вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ ҳамсарҳад аст. Суқути Зебок ба дасти Толибон дар ҳоле буд, ки аз як сол ба ин тараф ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.