Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли захмиёни ҷангҳои Зебок ба бемористони Ишкошими Тоҷикистон


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.

Аз рӯзи 29 апрел то имрӯз 7 тан аз захмиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Аз миёни онҳо як нафар даргузашт ва нафари дигаре бояд дар бемористони шаҳри Хоруғ амалиёт шавад. Дар ҳоли ҳозир даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон барои бозпасгирии маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, ба шиддат идома дорад.

Парвиз Бораков, сартабиби беморхонаи марказии Ишкошим гуфт, ин захмиёни нерӯҳои пулиси Афғонистон авохири ҳафтаи гузашта ва дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, ба бемористони онҳо оварда шуданд. Ӯ рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди вазъияти онҳо гуфт:

Вулулсолии стратегии Зебок дар вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 28 апрел ба дасти ҷангиёни гурӯҳи Толибон афтод.

“Як нафарашон дар ҳолати шок буд ва фавтид. Дигарҳоро амалиёт карда истодаем. Амалиёти 2 нафари онҳо анҷом шуд ва ҳоло хубанд. Онҳо аз қисмати ҷигару гурда захмӣ шудаанд. Як тани онҳоро қарор аст ба беморхонаи шаҳри Хоруғ бубарем. Дар косахонаи сараш тир дармондааст". Ин масъули беморхонаи Ишкошим афзуд, ки рӯзи 29 апрел яке аз ин захмиён, ки аз мавзеи зери камараш захмӣ шуда буд, даргузашт ва ба Афғонистон интиқол дода шуд.

Ҳуҷуми Толибон ба шаҳодати полиси афғон

Ҷорубкаш валади Қурбоналӣ, яке аз захмиёни ҷангҳои Зебок, ки ҳоло дар бемористони марказии ноҳияи Ишкошим муолиҷа мешавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар бораи наҳваи суқути вулусволии Зебок ба дасти ҷангиёни гурӯҳи Толибон қисса кард. Ин пулиси афғон гуфт, ки чаҳор соат бо мухолифин муқовимат карданд ва бинобар тамом шудани муҳимоти ҷангӣ ва нарасидани кӯмакҳои иловагӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ, ин вулусволӣ ба чанги мухолифон афтод.

Ин пул Ишкошими Тоҷикистонро бо ноҳияи ҳамном дар он сӯи марз мепайвандад.
Ин пул Ишкошими Тоҷикистонро бо ноҳияи ҳамном дар он сӯи марз мепайвандад.

"Билохира муҳимоти мо халос шуд ва аз тарафи нерӯҳои амниятӣ ба мо кӯмак нарасид. Рӯзи дигар чанд дона рокету тир ба сангари мо расид. Фармондеҳи постгоҳи мо гуфт, биравед пушти муҳимот. Ҳангоми рафтан ба тарафи муҳимот, тир хӯрдам. Ҳамин тавр, 3 соат сари ҳамсангарҳои ман оташи тир борид. Дар ин муддат мо сангарро ба дасти мухолифин надодем. Баъдан, ки тӯли 3 соат ба мо кӯмак нарасид, тонки мухолифин ба постгоҳи мо омад. Чандто аз ҳамсангарҳои мо кушта ва захмӣ шуданд. Билохира моро ба беморхонаи Ишкошими Афғонистон ва баъдан ба Ишкошими Тоҷикистон интиқол доданд."

Ин пулиси афғон, ки тайи чор рӯз дар беморхонаи марказии Ишкошими Тоҷикистон зери назари табибон аст, мегӯяд, феълан вазъаш хуб аст аммо, аз вазъи хонаводааш дар Афғонистон нигарон аст. Ӯ мегӯяд, давоми дар Тоҷикистон буданаш аз аҳволи Зебок ва хонаводаи худ хабар надорад.

Ин пулиси афғон вазъияти минтақаи даргир дар ҷангро танҳо аз як нафари дигар, ки шаби гузашта ба беморхонаи Ишкошими Тоҷикистон оварда шудааст, шунидааст. "Шаби гузашта як нафарро аз Вулусволии Вардуҷ оварданд. Ӯ аз тарафи дасти росташ тир хӯрдааст. Мегӯяд, шаби гузашта тайёраҳо (ҳавопаймоҳо) ба тарафи Зебок зиёд рафтаанд. Ҳам аз нерӯҳои қумандонӣ ва ҳам урдуи миллӣ."

Ин ходими пулис мегӯяд, бо хонаводаи худ ҳеҷ иртибот надорад ва аз ҳоли онҳо комилан бехабар аст. Вай гуфт: "Чор тифл дорам. Намедонам онҳо зиндаанд ё мурда."

Рӯзи 28 апрел мақомоти Афғонистон гуфтанд, маркази Зебок ба дасти гурӯҳи Толибон афтод. Сокинони Зебок мегӯянд, ки субҳи рӯзи ҷумъа гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия ҳуҷум карданд ва дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, суқути ин минтақа бинобар адами ҳамоҳангии нерӯҳои давлатӣ иттифоқ афтодааст.

Тоҷикистон ситоди вижа таъсис дод

Бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст. Хабарҳои дарёфтӣ ҳокист, ки гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон рӯзи 1 май то 5 километр ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд ва баъзе аз минтақаҳои марзиро зери тасаруф дароварданд.

Рӯзи 2 май Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои назорати марз ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд. Раиси ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ҳоло ин гурӯҳҳо 13 то 15 километр аз марзи Тоҷикистон дуртар шудаанд.

"Ҳар рӯз мо ҷаласаи ситод дорем, бо сохторҳои қудратӣ. Онҳо барои мо вазъи ин тарафу он тарафро маълумот медиҳанд. Ҷангҳо аз марзи мо дар масофаи 13-15 километр дур ҷараён дорад. Ҳоло аз дидбонгоҳи сарҳадӣ омадам. Дар сарҳади ҳамсоя вазъ бад аст, вале вазъ дар тарафи мо хуб аст ва ҳама зери назорат қарор дорад. То ҳол ягон талоши гузаштани гурӯҳе ба сарҳади мо қайд нашудааст. Ҳама сохторҳо ҳоло дар сарҳад ҳаст. Ҳамчун раиси ноҳия ман шабу рӯз бо сарҳадбонон ҳастам", - гуфт Зикрихудо Самадов.

Мақомот дар пайи шадид шудани даргириҳо дар марз фирори сокинони осоишта ва паноҳанда шудани онҳо дар хоки Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонанд.

Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошим гуфт: “Дар масъалаи омадани паноҳандагони эҳтимолӣ аз ҳисоби мардуми оддӣ ҳам мо омодагӣ дорем, вале умед дорем, ки кор чунин намешавад. Умед дорем, ки вазъият хуб мешавад ва бародарони афғони мо дар оромӣ зиндагӣ мекунанд. Мо тамоми талошро ба харҷ медиҳем, ки марзи мо осеб набинад”.

Мавқеи стратегии Зебок

Бошандагони ноҳияи Зебок мегӯянд, ки агар ин минтақаро Толибон ҳифз кунанд, ба осонӣ метавонанд ба Покистон рафтуомад кунанд ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Бадахшонро низ таҳдид намоянд. Вулусволии стратегии Зебок аз як тараф бо Читроли Покистон ва аз тарафи дигар бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшон қарор дошта ва аз тариқи роҳи Шоҳ Салим бо Читроли Покистон марз дошта бо вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ сарҳад дорад. Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG