Шарҳдории Душанбе Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси пешини муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт" -ро ба раёсати Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе таъин кард.
Масъулони шаҳрдории Душанбе зимни тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки маросими муаррифии Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба мақоми раиси Идораи фарҳанги ҳукумати пойтахт, имрӯз, ҷумъаи 31-уми январ дар Идораи фарҳанги шаҳр бо ширкати масъулони шаҳрдорӣ ва соири кормандони ин идора сурат гирифт. Таъйини Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайи истеъфои вай аз раёсати телевизиони "Пойтахт" дар рӯзи душанбеи 27-уми январ, ки ба тағйироти сохторӣ тавассути шаҳрдорӣ дар ин шабака эътироз карда буд, сурат мегирад.
Зимни тағйироти шаҳрдорӣ, мебоист дар муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт" куллияи масъулият ва салоҳиятҳо, ба хусус таҳияи барномаҳо ба муовини аввал вогузор мешуд ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор ҳамчун директори техникӣ фаъолият мекард. Аммо ҷаноби Абдуқаҳҳор ин тағйиротро напазируфт ва ба таври эътирозомез истеъфо дод.
Қабл аз маросими муаррифии Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" таъйин шудан ба раёсати Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанберо чунин шарҳ дод, "дар воқеъ пас аз таҳаввулоти ахир шаҳрдори Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ман даъват карданд то фаъолиятамро дар ҳукумати пойтахт идома диҳам ва ҳатто ба истилоҳ чанд мансабе низ пешниҳод гардид ва дар ниҳоят ман раёсати Идораи фарҳангро пазируфтам. Чун идораи фарҳанг ба тахассус ва фаъолияти ман тавъам аст. Ҳамзамон муддати 18 сол боз ман дар ҳамин сохтор, барои давлату миллат кор мекунам ва мехоҳам боз содиқона ба хотири рушди кишвар ва ободии он фаъолият кунам."
Ба гуфтаи ҷанобюи Абдуқаҳҳор, "пас аз таҳаввули ахир, воқеан мақомот, ба хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳадафу ормони маро хуб дарк карданд ва самимона сӯҳбат карданд ва умед аст, ки дар оянда барои амалӣ шудани ниятҳоям барои таъсиси як телвизиони миллӣ кӯмак хоҳанд кард."
Ҳатто ба таъкиди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, таҳияи консепсияи таъсиси як шабакаи воқеан миллӣ, ки мубтакираш ӯ ҳаст, дар сатҳи ҳукумат қобили қабул дониста шуда ва иқдомотеро низ дар ин замина рӯи даст гирифта мешавад. Бо ин ҳама, ҷаноби Абдуқодир мегӯяд, ки ҳарчанд раёсати Идораи фарҳангро пазируфтааст, аз роҳу ормонаш барои таъсиси як шабакаи миллӣ барнагаштааст ва ҷиҳати амалӣ шудани он талош хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд, аллакай барои иҷрои ин тарҳ пешниҳодот сурат гирифта ва сарпарастоне низ омодаанд, то сармоягузорӣ кунанд.
Ба ин тартиб, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба мансабе сари кор омад, ки қаблан раёсати идораи фарҳангро Шаҳло Мусоева бар ӯҳда дошт. Шаҳло Мусоевае, ки дар пайи истеъфои Абудқодири Абдуқаҳҳор, аз раёсати муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт", директори ин шабака таъин гардид.
Абдуқодирои Абдуқаҳҳор соли 1968 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси филолог хатм кардааст. Аз соли 1995 дар вазифаҳои муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири идораи «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии ТВ Тоҷикистон ва аз соли 2006 то соли 2012 ба ҳайси директори Радиои Тоҷикистон, мутааллиқ ба Кумитаи радио ва телевизион кор кардааст. Таъини Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба симмати раиси шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар пайи баргузории озмуне барои дарёфти номзад ба ин мақом сурат гирифт, ки вай дар миёни 18 нафар аз номзадҳо пирӯз гардид. Шабакаи телевизионии «Пойтахт» минбари шаҳрдории Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст, ки беш аз 15 сол боз фаъол аст.