Ширкати “Телерадиоком” гуфтааст, фиристандаи мавҷҳои телевизиони «Пойтахт», ки ба шаҳрдории Душанбе тааллуқ дорад, аз кор баромадааст ва ҳоло кормандони “Телерадиоком” ба тармими он машғуланд.
Ин нуктаро Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари шабакаи телевизионии «Пойтахт» низ тасдиқ кард ва гуфт: «Соати 20:40-и шоми якшанбе аз маконе, ки барномаҳои мо пахш мешавад, яъне ҳавлии шабакаи якум, ки ҳудудҳои муассисаи ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» аст, хабар омад, ки пахши барномаҳои мо қатъ шудааст. «Телерадиоком» мавҷҳои телевизиониро таъмин кунад. Ба мо гуфтанд, ки фиристандаи шумо иллат пайдо карда, сӯхтааст.
Сармуҳандиси мо он ҷо рафт ва дид, ки воқеан фиристанда фароварда ва ба қисмҳо тақсим карда шудааст. Ва ҳоло гурӯҳи калони мутахассисон барои бартараф кардани ин мушкилот кор карда истодаанд. Чун теъдоди тамошобинони мо хеле зиёд аст ва фикр мекунам масъулони «Телерадиоком» ин масъулиятро эҳсос мекунанд ва ҳарчи зудтар фиристандаро дуруст мекунанд, то замоне ки мо фиристандаи навро дастрас кунем».
Ҷаноби Абдуқаҳҳор афзуд, дар ҳоле фиристанда хароб шудааст, ки телевизиони «Пойтахт» барои иҷораи он ба «Телерадиоком» ҳар моҳ то 12 ҳазор сомонӣ месупорад. Ва бино бар қарордоди дуҷониба, «Телерадиоком» вазифадор аст, ки пахши бенуқсони намоишҳои шабакаи мазкурро таъмин намояд. Раҳбари телевизиони «Пойтахт» бар ин аст, ки аз ҳад зиёд фарсуда будан ва дар як рӯз то 18 соат истифода шудани ин дастгоҳ сабаби сӯхта афтодани он шудааст.
Телевизиони "Пойтахт" се моҳ пеш аз шаҳрдории Душанбе хост, як фиристандаи нави мавҷҳо харидорӣ шавад ва интизор меравад, ки то 10 рӯзи дигар фиристандаи рақамии нав аз Украина оварда шавад.
Телевизиони "Пойтахт" соли 1997 таъсис шуда, аз моҳи ноябри соли 2012 ба пахши 18-соатаи барномаҳо оғоз кард. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд ҷасорати бештари ин шабака дар фурсати охир сабаби “мушкилоти фаннӣ” шуда бошад.
Ҷаноби Абдуқаҳҳор, раҳбари телевизиони «Пойтахт», тобиши сиёсӣ доштани қазияро рад мекунад, аммо мегӯяд, ҳамкорони ӯ бо барномаҳои мухталиф ва ҷалби журналистони шинохтаи, ба истилоҳ, «ҳукуматӣ»-ву ғайри-«ҳукуматӣ» тавонистаанд, дар чор моҳи охир дар миёни телевизионҳои кишвар як рақобати хуби эҷодиро ба миён оранд. Тағйир дар равиши кори ин шабака баъд аз он намудор шуд, ки шаҳрдории Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта Абуқодири Абуқаҳҳорро раиси ин телевизион интихоб намуд. Ин истихдом дафъатан дар нашрияҳо тобиши сиёсӣ гирифт, ки гӯё Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе, пас аз баҳсҳои додгоҳӣ бо Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар фикри ислоҳи ТВ «Пойтахт» шудааст. Аммо бархе аз расонаҳо тағйири ба истилоҳ “сурат ва сират”-и ТВ “Пойтахт”-ро ба интихоботи президентии Тоҷикистон бастагӣ доданд.
Баъд аз қатъ шудани намоишҳои ин телевизион бинандагон ба ёд оварданд, ки лаҳзаҳое пеш шоираи тоҷик Гулрухсорро дар оинаи он дида буданд, ки бо дидгоҳҳои танқидияш маъруф аст. Аз ин ҷо гумоне рӯ задааст, ки роҳ ёфтани афроди «феҳристи сиёҳ»-и телевизионҳои дигари давлатӣ ба минбари оммавӣ сабаби “ҳушдори фаннӣ” шуда бошад.
Аз ҷумла Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ » ба ин бовар аст, ки тафсири “иллати техникӣ” идомаи “баҳона” ва монеаҳои “сунъиест”, ки ниҳодҳои зиддахл маъмулан нисбати шабакаҳои пурсамар ё қобили қабули мардум пешбинӣ мекунанд.
Кормандони телевизони «Пойтахт» мегӯянд, феълан барои онҳо муҳим нест, ки “мушкили фаннӣ” барқасдона буд ё тасодуфӣ. Онҳо хостори ҳарчи зудтар пахш шудани намоишҳои худанд, зеро ҳар рӯзи торик мондани оинаи онҳо ба маънии аз даст додани бинандагонашон аст.

- Ман тахмин мезанам, ки аллакай чунин мушкилофаринҳо вобаста ба қазияҳои охирини судӣ дар нисбати расонаҳо ва дар ниҳояти кор барои як ширкати давлатии телевизони «Пойтахт» ин зангӯлачаҳое аз интихоботи дар пешистиода аст. Мутаассифона ниҳодҳое, ки чунин монеаҳоро дар пешорӯи расонаҳо мегузоранд, барои сарвари давлат, ки кафили озодиҳои мардуми Тоҷикистон аст, хидмати хирсона мекунанд.