Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «"Телерадиоком" таъхир мекунад»


Абдулқодири Абдулқаҳҳор, раиси шабакаи телевизионии "Пойтахт"
Абдулқодири Абдулқаҳҳор, раиси шабакаи телевизионии "Пойтахт"

Масъулони телевизиони «Пойтахт» ба раҳбарияти «Телерадиоком» огоҳинома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки ҳар чӣ зудтар қисмати зарурии антеннаи мавҷпароканро фароҳам созанд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси телевизони «Пойтахт» рӯзи 2-юми март ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи панҷшанбе ба идораи «Телерадиоком» расман огоҳинома ирсол дошта хоҳиш кардааст, ки қисмати зарурии фиристанда, ки аз он «MRS-380» ном бурда мешавад ва ҳамагӣ 100 доллар арзиш доштааст, пайдо намоянд.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор меафзояд, ки мақомоти «Телерадиоком» тайи ин чанд рӯзе, ки мавҷи «Пойтахт» қатъ шудааст, ваъда медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи қисмати зарурӣ ҳастанд, вале дақиқ намегӯянд, ки чигуна фармоиш додаанд ва он кадом вақт дастрас мешавад. Вай афзуд, бо масъулони «Телерадиком» телефонӣ низ сӯҳбат карда, вале посухи мушаххас нагирифтааст.

Ҳоло масъулони телевизони «Пойтахт» мегӯянд, онҳо низ дар ҷустуҷӯи қисмати фиристандаи «MRS-380» ҳастанд ва ба ширкатҳои дастраскунандаи қисматҳои эҳтиётии дохилӣ ва хориҷӣ кишвар фармоиш додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Файзулло Солиҳов, муовини раиси ширкати «Телерадиоком» рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми феврал ба «Озодӣ» гуфта буд, ки бо корношоям шудани фиристанда ё худ антеннаи мавҷпаҳнкунандаи телевизиони «Пойтахт», онҳо аз як ширкати дастраскунандаи антеннаҳои телевизион дар Маскав дархост кардаанд, ки дар наздиктарин фурсат онро ирсол намояд.

Ҷаноби Солиҳов гуфта буд, ки агар ҳамин рӯз фиристандаро дарёфт намоянд, онро насб хоҳанд кард ва барномаҳои телевизиони "Пойтахт" пахш хоҳанд шуд.
Фиристандае, ки аз Маскав оварда мешавад ҳудуди 5 ҳазор доллар арзиш доштааст, аммо то замоне, ки ин антеннаи мавҷпарокан дастрас нашавад, бинандагон аз тамошои барномаҳои телевизиони "Пойтахт" ҳамчунон маҳрум мемонанд.

Ба қавли Файзулло Солиҳов, сӯхтани фиристандаи «Пойтахт» як амри маъмулӣ аст ва тайи як ё ду сол ҳатман чунин ҳолат пеш меояд. Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон чунин антеннаҳои мавҷпарокан мавҷуд нест ва мунтазири интиқоли он аз Маскав мебошанд.

Пахшти барномаҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» соати 20:40-и шоми якшанбеи 24-уми феврал қатъ шудааст.

Телевизиони "Пойтахт" соли 1997 таъсис шуда, аз моҳи ноябри соли 2012 ба пахши 18-соатаи барномаҳо оғоз кард. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд ҷасорати бештари ин шабака дар вақтҳои охир, сабаби “мушкилоти фаннӣ” шуда бошад.
XS
SM
MD
LG