Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойтахт" ба эфир бармегардад


Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Телевизиони “Пойтахт” баъди 8 рӯзи қатъ шудани пахши барномаҳояш дубора ба эфир бармегардад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири “Пойтахт” шоми 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ибтидо қарор буд, пахши барномаҳои ин шабака соати шаши шоми душанбе аз сар гирифта шавад, вале тармими фиристанда каме тӯл кашид. Аммо оқои Абдуқаҳҳор афзуд, ки муҳандисон охирин корҳои тармимиро анҷом дода истодаанд ва онҳо тасмим доранд, ки алакай ҳамин шаби душанбе ба эфир баргарданд. Мудири “Пойтахт” гуфт, қисмҳои эҳтиётии фиристандаи барномаҳои шабакаро, ки рӯзи 24 феврал сӯхта буд, рӯзи 3 март аз Украина оварданд ва ба муҷарради насби ин қисмҳои эҳтиётӣ, пахши барномаҳои ин шабакаи марбут ба шаҳрдории Душанбе аз сар гирифта мешавад.

Аммо сооти пахши барномаҳои телевизиони “Пойтахт”, ки то 24 феврал 18 соат дар шабонарӯзро ташкил медод, то замони харидории фиристандаи наву қавитар то 8 соат дар шабонарӯз коҳиш хоҳад ёфт. Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба Озодӣ гуфт, фиристандаи қаблӣ тавони ӯҳда кардани пахши 18 соат барнома дар шабонарӯзро надоштааст ва муҳандисон онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳифзи пахши 18-соатии барномаҳо фиристанда метавонад дубора аз кор барояд.

Ӯ афзуд, шаҳрдории Душанбе барои телевизиони “Пойтахт” алакай фиристандаи наву қавитар фармоиш додааст ва намояндагони ширкати украинаии “Квант-Эфир” – барандаи тендери шаҳрдорӣ – ахиран ба хотири баррасии ҷузъиёти фаннии ин қарордод бо раҳбарони ин шабака низ мулоқот доштаанд.

Телевизиони “Пойтахт” баъди ба раҳбариаш омадани Абдуқодири Абдуқаҳҳор соати барномаҳояшро аз 1 ноябр ба 18 соат дар шабонарӯз расонда, бозори телевизионро барои 4 шабакаи саросарии давлатӣ “ шабакаи аввал, “Сафина”, “Баҳористон” ва “Ҷаҳоннамо”- тангтар кард.


Адибаи Азиз, муҷрии сӯҳбати пурсарусадо бо Гулрухсор
Адибаи Азиз, муҷрии сӯҳбати пурсарусадо бо Гулрухсор
“Пойтахт” дар интихоби мавзӯъ ва ҳамсӯҳбатон аз шабакаҳои дигари давлатӣ фарқ мекард. Зимнан пахши барномаҳои телевизиони “Пойтахт” шоми 25 феврал, дуруст замоне қатъ шуд, ки ин шабака сӯҳбати хабарнигораш Адибаи Азиз бо шоири маъруф Гулрухсорро пахш мекард. Ин иттифоқ гумонҳоеро ба вуҷуд овард, ки шояд дар зери ин коса нимкосаҳое пинҳон бошад ва касе амдан мехоҳад ин рақиби навро аз бозори телевизиони Тоҷикистон берун андозад.

Аммо масъулини “Пойтахт” бо истинод ба мақомоти “Тоҷиктелерадиоком”- ширкати масъули пахши барномаҳои радиову телевизионӣ дар Тоҷикистон – гуфтанд, ки қазия ангезаи сиёсӣ надорад, балки як мушкили фаннист. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири телевизиони “Пойтахт” умедвор аст, ки бо харидорӣ ва насби фиристандаи наву қавитар дигар ҳеҷ мушкили фанние барояшон пеш нахоҳад омад.
XS
SM
MD
LG