Як сокини қаламрави баҳсӣ дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон иддао дорад, ки намояндагони мақомоти кишвари ҳамсоя манзили ӯро тахриб кардаанд. Абдуғаффор Ҷалолов – сокини деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, ин ҳодиса рӯзи 2 апрели имсол дар ҳузури низомиҳо ва намояндагони мақомоти маҳаллии деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сурат гирифтааст.
- Парчами Қирғизистон аз боми хонаҳои тоҷикон барканда шуд
- Пешниҳоди Қирғизистон: То ҳалли баҳс - на аз мо, на аз шумо
- Дар манзили баҳсӣ як сокини Қирғизистонро ҷой кардаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ман ба ҷамоати Овчӣ-Қалъача ин қарори додгоҳи Қирғизистон ва вақти омаданашонро барои вайрон кардани хона гуфтам. Мақомоти мо ваъда доданд, ки меоянд. Вале афсӯс, ки наомаданд.
Даъвои Ҷалолов дар ҳолест, ки баҳси ҳалнашудаи хатти марз сари чанд вақт боис ба сар задани моҷароҳои миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон барои дастрасӣ ба чарогоҳ, манобеи об ва ё замин мешавад. Дар гузашта бо хушунат анҷомидани чунин баҳсҳо ҳам мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, соли 2014 дар таърихи моҷароҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бештарин мавридҳои баҳсҳо мушоҳида шуда буд ва дар як задухӯрди сокинони наздимарзӣ, ду кас кушта ва чанд кас маҷрӯҳ шудааст.
Абдуғаффор Ҷалолов мегӯяд, манзили ӯ 26 соли пеш сохта шуда, то ин дам касе иддао накарда буд, ки маҳалли иқоматаш ҳудуди Қирғизистон ба шумор меравад. “Се хона ва се оғили 20-метрӣ доштем. Ҳозир ҳамаи хишту чӯбҳояш дар замин парешонанд. Рӯзи боронӣ буд ва онҳо фуфайкаю кепка пӯшида буданд. Фақат як нафари онҳо, Сафар Одинаев, сардори маҳаллаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро шинохтам”, - гуфт ӯ.
Ба иддаои Ҷалолов, намояндагони Қирғизистон қабл аз вайрон кардани манзилаш ӯро ба додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон даъват карда, ҷарима ҳам бастанд. “Додгоҳи Лайлак дар шаҳраки Исфана маро 10 ҳазор сом, баробари тахминан 1 ҳазори сомонӣ, ҷарима баст. Гуфтанд, ки гӯё бе иҷозат дар қаламрави Қирғизистон зиндагӣ доштаам. Ман ба ҷамоати Овчӣ-Қалъача ин қарори додгоҳи Қирғизистон ва вақти омаданашонро барои вайрон кардани хона гуфтам. Онҳо ваъда доданд, ки меоянд. Аммо афсӯс, ки наомаданд”, - нақл кард ӯ.
Ҳоло хонаводаи Ҷалоловҳо дар як “вагони” канори деҳаи Овчӣ-Қалъача ҷой гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, ки сарнавишти минбаъдаашон маълум нест. Дар додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки тахриби хонаи Абдуғаффор Ҷалолов, шаҳрванди Тоҷикистон бо қарори ҳамин додгоҳ сурат гирифтааст. Як корманди ин додгоҳ гуфт, нусхаи қарори додгоҳ ба Абдуғаффор Ҷалолов дода шуда, дар он сабаби вайрон кардани манзилаш баён гардидааст. Ин масъули додгоҳ нахост беш аз ин суҳбат кунанд.
Аммо худи Абдуғаффор Ҷалолов ва масъулони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров инро, ки додгоҳи Қирғизистон ба Ҷалолов нусхаи қарори худро додааст, рад мекунанд. Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача рӯзи 7 апрел гуфт, коғазе, ки ба Ҷалолов мақомоти қирғиз аз вайрон кардани хонааш додаанд, нусхае аз қарори шуъбаи муҳити зист аст. “Он протокол ба забони қирғизӣ навишта шудааст ва мо ҳамин қадар фаҳмидем, ки дар фалон ҷо Ҷалолов хона сохтааст, вале ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликияти ӯ будани манзилро надорад. Тамом, дигар ба ӯ ягон коғаз аз додгоҳ надодаанд”, - афзуд ӯ.
Эргашбой Ҷӯраев гуфт, вай нусхаҳои протоколро қаблан ба ҳамаи мақомоти дахлдор фиристода буд. Ба қавли ӯ, хонаи Ҷалолов дар ҷое воқеъ буд, ки ҳанӯз хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъин нашуда, “баҳсӣ” ба шумор меравад. Вале Худойбердӣ Тоҷибоев, раиси ҷамоати Қулундии Қирғизистон, ҳамсоя бо ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон мегӯяд, он замин мутааллиқ ба кишвараш аст. Ӯ рӯзи 7 апрел гуфт, “сари он қитъаи замин байнамон ягон баҳс нест. Сарҳадбонҳо медонанд, ки он бебаҳс замини мо аст.”
Дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Ҷалолов мегӯяд, баъди манзилашро хароб кардани мақомоти қирғиз дар як вагончаи тарафи дигари роҳ зиндагӣ ба сар мебарад. Ӯ аз боғи бо заҳмати зиёд бунёдкардааш дил канда наметавонад, зеро ягона манбаи даромад барои зиндагиаш аз ҳамон аст. Ин роҳи мошингард мавзеи баҳсии байни Тоҷикистону Қирғизистонро ҷудо мекунад.
Солҳои охир ҷонибҳо он мавзеъро “минтақаи баҳсноки марзӣ” меноманд. Ба ин далел, мақомоти қирғиз ба берун кардани шаҳвандони тоҷик аз онҷо талош доранд. Аввалҳои соли гузаштаи 2016 онҳо болои манзили ду сокини Тоҷикистон дар ин маҳал, аз ҷумла хонаи Абдуғаффор Ҷалолов парчами Қирғизистонро насб карда, иддао карданд, ки он қитъаи замин аз Қирғизистон аст.
Сипас, мақомоти ду тараф зимни гуфтушунид парчамҳоро канда, таъкид карданд, ки то замони таъин шудани хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мақомот ба зиндагиву равуои сокинони минтақаҳои баҳснок халал намерасонанд ва аз сохтмони манзилу иншоот ва истифодаи манобеи замину об дар минтақаҳои баҳснок худдорӣ мекунанд. Вале баъд аз як соли ин созиш хонаи Абдуғаффор Ҷалолов вайрон карда шуд.