Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар манзили баҳсӣ як сокини Қирғизистонро ҷой кардаанд


Манзили баҳснок дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон
Манзили баҳснок дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон як зани танҳоро бо кӯдаконаш дар як манзили баҳсӣ дар марзи ҷамоати Овчӣ -Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканд ҷойгир кардаанд.

Намояндагони Қирғизистон баъди беш аз ду ҳафтаи баркандани парчами ин кишвар аз боми хонаи як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ин хона як зани қирғизро ҷо карда ва гуфтаанд, шаҳрванди тоҷик хонаро холӣ кунад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дар авоили солҳои 90- и асри гузашта дар ин минтақаи ҳоло баҳсӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон манзилу боғ бунёд кардааст.

Абдуғаффор Ҷалолов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача рӯзи 29 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе намояндагони Қирғизистон ба манзили зисти вай як зани қирғизро бо кӯдаконаш ҷойгир намуда, аз соҳиби хона талаб карданд, ки хонаро ба зудӣ холӣ кунад.

Манзили зист ва қитъаи замини Абдуғаффор Ҷалолов дар канори ҷамоати мазкур воқеъ аст, ки солҳои охир мақомоти маҳаллии қирғиз даъвои соҳибӣ ба онро доранд ва ба як мавзеи баҳсӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон табдил ёфтааст. Мақомоти маҳаллии қирғиз гуфтаанд, хонаву боғи ин шаҳванди Тоҷикистон ба ҷониби Қирғизистон таааллуқ дорад ва бояд ба соҳиби аслиаш баргардонида шавад.

Абуғаффор Ҷалолов мегӯяд:Сафаралӣ Одинаев, раиси маҳаллаи ҳамсояи Мақсати Қирғизистон ҳамроҳи як пулис як зани қирғизро бо як кӯдаку чизу чора ва як-ду кӯрпа ба хонаи мо оварда гузошта рафт. Вай гуфт, ки дар як-ду рӯзи оянда заминченкунҳои қирғиз омада, қитъаи замину хонаи моро чен карда, ба он зани қирғиз медиҳанд. Чӯбу масолеҳи хонаамро ҳам ҳисобу китоб карда ба ман баргардонида медиҳанд.”

Абдуғаффор Ҷалолов
Абдуғаффор Ҷалолов

Абуғаффор Ҷалолов афзуд, ки он зани қирғиз шабро дар хонаи вай рӯз кардаааст ва худи ӯ бо ҳамсару фарзандаш ба як вагончае, ки канори қитъаи заминаш гузоштаанд, кӯчидаанд. Он зан гуфтааст, мақомоти маҳаллии Қирғизистон ӯро бо ваъдаи соҳиби хонаву қитъаи замин кардан ба ин ҷо овардаанд. Шавҳари вай дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.

Абдуғаффор Ҷалолов мегӯяд, ин хонаро дар соли 1991 бунёд карда, аз замини хоҷагии деҳқонии Овчӣ Қалъча ҷӯйбор кофта, қитъаи замини канори онро ободу сарсабз кардааст. Ҳоло дарахтони себу гелоси боғаш нав ба ҳосил даромадаанд. Вай афзуд, он давра баҳси соҳибӣ ба замину об дар ин мавзеъ байни тоҷикон қирғизҳои ҳамсоя вуҷуд надошт ва ҳар кӣ мехост, пораҳои заминҳои харобу санглохро дар канори ҷамоати Овчӣ-Қалъача корам ва барои худ хона дуруст мекард.

Вале солҳои охир Тоҷикистону Қирғизистон он мавзеъро ба шумори “минтақаи баҳсноки марзӣ” шомил кардаанд. Ҳамчунин, мақомоти ин кишварҳо зимни гуфтушунидҳои марзӣ солҳои охир борҳо таъкид кардаанд, ки то замони таъин шудани хати марзи байни ин кишварҳо ба зиндагию равуои сокинони минтақаҳои баҳснок халал ворид накарда ва аз сохтмони манзилу иншоот ва истифодаи манобеъи замину об дар минтақаҳои баҳснок худдорӣ кунанд.

Ҷалолов мегӯяд, дар ҳоле ки дар маҳали зист ва боғи бунёдкарди вай хати марз ҳанӯз муайян карда нашудааст, мақомоти маҳалии қирғиз мехоҳанд вайро аз хонаву боғи ҳудуди 25 сол пеш сохтааш маҳрум кунанд. Аз ин рӯ, рӯзи шанбеи 27 феврал дар мавриди ин мушкил ҷиҳати ҳалли он ба ҷамоати Овчӣ-Қалъача шикоят бурдааст.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ин ҷамоат рӯзи 29 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ кард ва гуфт, рӯзи якшанбе барои таҳқиқ ба маҳали ҳодиса рафта, вале бо он зани қирғиз, ки бозор рафта буд, мулоқот карда натавонистааст. Вай афзуд : “Ҳамин пагоҳӣ раиси ҷамоат ҳамроҳи раиси ноҳияи Ғафуров барои мулоқот бо раиси нави ноҳияи Лайлак рафтаанд. Онҳо аз ҳодисаи манзили Ҷалолов огоҳанд. Дар вохӯрӣ ин мушкил ва масъалаҳои истифодаи якҷояи обу ҷарогоҳ баррасӣ мешавад. Вақте онҳо бозгарданд, маълум мешавад, ки мушкили Ҷалолов то кадом дараҷа ҳал шудааст.”

Рӯзи 6 феврал тақрибан 30-40 марзбони қирғиз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб карданд. ​

Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристод. Дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шуда буд.

Ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад ва такрори чунин худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як иттилоияи расмӣ гуфт, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959, ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.

Рӯзи 12 феврал намояндагони Қирғизистон парчами кишварашонро, ки як ҳафта пештар бар боми хонаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача насб шуда буд, барканданд.

XS
SM
MD
LG