Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони нахустин терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи Душанбе. ВИДЕО, САДО


Тоҷикистону Ҷопон ба сохтмони нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз карданд. Ҷопон барои ин кор ба Тоҷикистон 17 миллион доллар додааст.

Бунёди терминали нахустини боркашонӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
Линки мустақим

То кунун молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷ ё, баръакс, аз берун ба кишвар тавассути роҳҳои заминӣ содироту воридот мешуд. Коршиносон мегӯянд, ин терминал дар ин шабурӯз зарурист, вале замоне муваффақ хоҳад шуд, ки дар нигоҳдории молу колои муштариён хунукназарӣ нашавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сохтмони нахустин терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Мо бо содир кардани гули садбарг тариқи роҳи ҳавоӣ метавонем дар қисмати осиёгии Русия ҷойи Ҳолландро бигирем

Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Душанбе, рӯзи 31 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин терминал барои баромадани Тоҷикистон аз мониаҳои ҷуғрофӣ кумак хоҳад кард. Китаока гуфт, “Тоҷикистон асосан дар хушкӣ ва дар як мониаи ҷуғрофӣ ҷойгир шудааст. Тарҳе, ки мо онро дастгирӣ мекунем, барои аз ин мониаи ҷуғрофӣ баромадан ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.”

Ҳаҷиме Китаока
Ҳаҷиме Китаока

Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “терминали боркашонӣ барои нигоҳ доштани маводи хоҷагии қишлоқ дар оянда ва ва содироту воридот аҳамияти бузург дорад. Мо қаблан низ ба чунин терминал ниёз доштем ва умед дорем молу маҳсулоти хубтар қабул кунем.”

Сӯҳроб Мирзоев
Сӯҳроб Мирзоев

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки асосан маҳсулот тариқи роҳи заминӣ, аз ҷумла тавассути нақлиёт ва қатор воридоту содирот гардида, ба роҳҳои баҳрӣ дастрасии мустақим надорад. Қаблан, маҳсулоти соҳибкорони тоҷик дар ҳудуди баъзе кишварҳои ҳамсоя моҳҳо дармонда ва ба иддаои соҳибкорон аз ин ҳисоб ба ҷайби онҳо хисороти ҳангуфт ворид мешуд. Инчунин, соҳибкорон қаблан мегуфтанд, ворид кардани маҳсулот тариқи чанд кишвар ҳуҷҷатгузорӣ ва сарсониҳои зиёдро дар пай дорад.

Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон маҳсулоти зиёде ҳаст, ки бо сабаби саривақт содир нашудан ба хориҷ талаф меёбад. Иброҳим Ҷобиров, коршиноси бахши ҳавонавардӣ, гуфт, терминали мазкур аз ҳама муҳим барои содироти меваву сабзавоти Тоҷикистон метавонад хидмат кунад. Аммо бархе дигар коршиносон таъкид мекунанд, фаъолияти терминали нав танҳо дар он сурат фоидаовар мешавад, ки агар дар муносибат бо соҳибкорон ва молу маҳсулот кашолкорӣ сурат нагирад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, гуфт, терминали боркашонӣ бояд 20 сол пештар сохта мешуд. Ба қавли Умаров, тиҷорати ворид кардани маҳсулот тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони афғону узбак соҳибӣ карда мешуд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар кори терминал бояд чунин тартиби ҷиддие ҷорӣ шавад, ки молу маҳсулот дар терминал куҳна нашаванд, напӯсанд ва саривақт ба дасти истеъмолкунанда расанд.

“Барои мисол, мо гули садбарги Тоҷикистонро, ки ба бовари сайёҳон аз беҳтарин гулҳои ҷаҳон аст, метавонем содирот кунем. Дар Исроил соати дуи шаб гули садбаргро мечинанд ва соати 6-и саҳар ҳавопаймо ба сӯи Ҳолланд парвоз мекунад. Мо бо содир кардани гули садбарг тариқи роҳи ҳавоӣ метавонем дар қисмати осиёгии Русия ҷойи Ҳолландро бигирем”, - афзуд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Оғози бунёди терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки се сол пеш бо кумаки Фаронса дар ин фурудгоҳ терминали мусофиркашонӣ сохта шуд. Маблағи ин лоиҳа 39 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Нахустин терминали боркашонӣ дар масоҳати 3 ҳазору 714 метри мурабаъ, дар ду марҳила то соли 2018 бунёд мешавад. Сохтмони ин терминал дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва бо маблағгузории оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ анҷом мегирад.

Оғози бунёди терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки се сол пеш бо кумаки Фаронса дар ин фурудгоҳ терминали мусофиркашонӣ сохта шуд. Маблағи ин лоиҳа 39 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз инҷо, ҳар ҳафта даҳҳо парвози мустақим ба самтҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG