"Барқи тоҷик": "Лимит ҷорӣ намешавад"

Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки дар фасли зимистон дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва сокинон бе маҳдудият барқ хоҳанд гирифт. Ҳамасола дар фасли зимистон аҳолии Тоҷикистон тариқи реҷа ё лимит барқ мегирифтанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 24-уми октябр бо пахши як хабарнома гуфт, бунёди нерӯгоҳҳо ва Маркази барқу гармидиҳӣ имкон медиҳад, ки сокинон дар давраи зимистон бе маҳдудият барқ бигиранд.

"Барқи тоҷик" аз сокинон даъват кардааст, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

“Соли гузашта мо аҳолии кишварро бо нерӯи барқ таъмин намуда, танҳо аз якуми ноябри соли 2016 то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқро маҳдуд карда будем. Лекин имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем,”-омадааст дар изҳороти ин ширкат.

"Барқи тоҷик" ҳамзамон аз сокинон даъват кардааст, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Бо наздик шудани фасли сармо бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ ва мушкил дар таъмини гармиву рӯшноии манзилҳои худ нигарон мешаванд. Ҳамасола дар охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябр барои интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон маҳдудият ё ба истилоҳе “лимит” роҳандозӣ мешуд.

Дар солҳои гузашта дар пайи роҳандозии маҳдудият ё “лимити” нерӯи барқ сокинони кишвар, ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо, дар як шабонарӯз танҳо 5-6 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд. Мақомоти тоҷик дастрасӣ ба истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ медонад ва умедворанд, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда, ин мушкил аз байн меравад.