Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" ба далели сардии ҳаво лимитро 19 октябр ҷорӣ кардааст


Масъулони "Барқи тоҷик" мегӯянд, ба далели якбора сард шудани ҳаво дар кишвар ва камобӣ дар обанборҳо маҳдудияти барқро аз 19 октябр ҷорӣ кардаанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри изҳороти расмӣ аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти нерӯи барқ дар манотиқи кишвар аз рӯзи 19 октябр хабар дод. Дафтари матбуоти "Барқи тоҷик" мегӯяд, ин тасмим дар пайи сардии ҳаво гирифта шудааст. Қаблан, ҳамин ширкат гуфта буд, ки маҳдудияти нерӯи барқ аз рӯзи 28 октябр ҷорӣ мешавад.

"Дар ҳавои сард резиши оби дарёи Вахш аз сарчашмаҳо паст шуда, воридшавии он ба обанбор коҳиш меёбад. Вақти он расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз захираи ягонаи обӣ - энергетикии кишвар дар обанбори Норак буда истифодабарӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз 19 октябри соли 2015 дар саросари кишвар маҳдудияти истифодабарии энергияи электрикӣ ҷорӣ карда шуд," -- афзудааст манбаъ.

Лимит ҳоло ҷорӣ нашудааст, вале барқ ҳам нест.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Сабаби дигари ҷорӣ кардани маҳдудият, ба қавли мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" дар он будааст, ки сатҳи оби обанбор ҳар қадар зиёдтар дар нуқтаи болоӣ нигоҳ дошта шавад, зимистон, ки эҳтиёҷи мардум бештар аст, бо барқ таъмин карда мешаванд. "Барқи тоҷик" дар идома мегӯяд, меъёри интиқоли барқ ба манозили сокинон на аз рӯи соат, балки киловатт/соат муайян карда шудааст ва "бинобар ин ҳар қадар энергияи барқро сарфакорона истифода барем, муддати истифодаи он зиёд мешавад".

Тасдиқи расмии рӯзи ҷорӣ шудани "лимит" аз сӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳолест, ки тақрибан ду ҳафтаи ахир сокинони баъзе аз навоҳии кишвар аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебаранд. Барои мисол, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд интиқоли нерӯи барқ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ қатъ мешавад. Ин вазъ дар ноҳияи Панҷакент низ "ҳукмфармо" будааст.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.

Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.

Тоҷикистон дар пайи ин мухолифатҳо ташхиси фанниву иқтисодӣ ва оқибатҳои зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд. Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли гузашта натиҷаҳои ташхисашро эълон кард ва гуфт, тарҳи Роғун осеби ҷиддие ба иқтисоди кишварҳои дигари минтақа намерасонад. Ин ниҳод аммо барои бунёди ин нирӯгоҳи азим ваъдаи кӯмаки молӣ накард.

Акнун Душанбе бояд дастикам 2 миллиард доллар сармояи лозим барои сохтани ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро пайдо кунад. Худи ҳукумати Тоҷикистон чунин сармояи бузург дар ихтиёр надорад, вале то кунун ягон кишвар ё сармоягузори бузург аз берун барои таъмини молии сохтмони нирӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG