Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 5-уми октябр дар сӯҳбат бар Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳанӯз на дар ноҳияҳои дурдаст ва дар шаҳрҳо лимити барқрасонӣ ҷорӣ нашудааст. Ба гуфтаи вай, “Барқи тоҷик” ин шабу рӯз барои омодагӣ ба фасли сармо хатҳои баландшиддатро таъмиру тармим мекунад, ки ин боиси қатъи муваққати нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо шудааст. Аз ин рӯ, Нозирҷон Ёдгорӣ иддаои бархе сокинони минтақаи Кӯлоб дар мавриди ҷорӣ шудани лимити барқ сар аз 29-уми сентябрро радд кард.
Ин дар ҳолест, ки сокинони аксари деҳаҳо дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки маҳдудияти барқрасонӣ имсол назар ба солҳои қаблӣ, зудтар оғоз шуд. Ҷумъахон Муродов, як сокини деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Ҳамадонӣ душанбеи 5 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз 29 сентябр ташвиши сокинон бештар шуд ва ҳоло онҳо ба гузаронидани замистон омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи Муродов, лимит нисбати солҳои қабл пештар омад.
Ӯ мегӯяд, сар аз 29 сентябр қувваи барқ ба онҳо дар вақти муайян дода мешавад: «Як ҳафта шуд, ки қувваи барқ аз соати 18 то 22 дода мешавад. Субгоҳон бошад аз соати 5 то 8:00. Қаблан ин хел набуд, то 20 октябр барқ медоданд, имсол барвақттар ҷорӣ карданд»,--гуфт мусоҳиби мо.
Як масъули ширкати «Барқи тоҷик» ҳам дар минтақаи Кӯлоб ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фармони ҷорӣ кардани лимити барқ аз 29 сентябр дода шуд шуд ва дар пайи он ба сокинон аз тарафи бегоҳ 5 соат ва аз тарафи субҳ 4 соат нерӯи барқ дода мешавад.
Вай афзуд, «нисбати соли гузашта имсол хомӯш кардани барқ дар деҳот каме пештар оғоз шуд. Ҳар сол аз 10 октябр то 15 оғоз мешуд, имсол фармон аз 29-уми сентябр барои ҷори кардани лимит шуд ва сар аз ҳамон рӯз лимитро ҷорӣ кардем.»
Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нирӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.
Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд.
Аммо зимистони соли 2014-2015 ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд. Дар бисёре аз манотиқи рустоӣ, ба гуфтаи аҳолӣ, дар шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд.
Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи обоби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.