Худкушии як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамдарсҳо ва устодонашро ҳайратзада кардааст. Онҳо гуфтанд, ки бо гузашти панҷ рӯз маълум нест, чаро Зоҳирамоҳ Холбоева, узви дастаи ҳаваскорони факулта, қасд ба ҷони худ кард. Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ҳодиса дар дили шаб
Телефони Зоҳирамоҳ хомӯш буд. Маҷбур шудем, ба телефони янгааш занг занем. Аз он тараф садои гиря омад ва янгааш гуфт, ки ҳамкурсатон худкушӣ кард
Ҳодисаи худкушии Зоҳирамоҳ Холбоева тахминан соати дуи шаби 11-уми ноябр рух додааст. Холбоева дар ин соат худро аз манзили амакаш аз ошёнаи чаҳоруми яке аз биноҳои хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ба поён андохт. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки наздиконаш ӯро зуд ба бемористон бурданд, аммо натавонистанд аз марг наҷот диҳанд.
Рӯзи 15-уми ноябр дари манзили амаки Зоҳирамоҳро касе ба рӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ боз накард. Зеро, ба гуфтаи ҳамсояҳо, наздикони Зоҳирамоҳ барои маросими дафни ӯ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд рафта буданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ҳамсари амакаш гуфт, ҳамдарсатон худкушӣ кард”
Ҳамсабақони Зоҳирамоҳ ва устодони факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз марги ӯ дертар огаҳ шуданд. Ҳамсабақонаш мегӯянд, вақте ӯ ба дарс наомад хавотир шуданд ва ба телефони ҳамроҳаш занг заданд.
“Аммо телефони Зоҳирамоҳ хомӯш буд. Маҷбур шудем ба телефони янгааш занг занем. Аз он тараф садои гиря омад ва янгааш гуфт, ки ҳамкурсатон худкушӣ кард”, - мегӯяд як ҳамсабақи ӯ.
Зоҳирамоҳ Холбоева дар соли дуввуми факултаи биология таҳсил мекард ва дар назар буд, ки оянда ҳамчун муаллими ин фан ба хонандагон дарс бигӯяд. Зоҳирамоҳ узви дастаи факулта барои иштирок дар озмуни “Маҳфили зарифон” низ буд ва бояд дар сабқати байни дастаи ҳаваскорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок мекард. Дар ҳоле ки устодони Зоҳирамоҳ Холбоева аз шарҳи сабабҳои даст ба худкушӣ задани ӯ изҳори бехабарӣ мекунанд, ҳамсабақонаш мегӯянд, ки ӯ бо сабабҳои оилавӣ даст ба ин кор задааст.
Як ҳамсабақи Зоҳирамоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Зоҳирамоҳро мехостанд ба ҷавоне ба шавҳар диҳанд, ки ӯ қабул надошт. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, волидон Зоҳирамоҳро моҳи августи соли равон бо як ҷавоне фотиҳа карданд. Гуфта мешавад, Зоҳирамоҳ гӯё издивоҷ бо ин нафарро қабул надоштааст.
Сайвалӣ Қараев, як масъули факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ, 15-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби расмии даст ба худкушӣ задани шогирдаш барои онҳо маълум нест. Чун, ба гуфтаи Сайвалӣ Қараев, дар рӯзҳои ахир дар рафтори Зоҳирамоҳ чизе тағйир накарда буд.
Наздикони Зоҳирамоҳ Холбоева, сокинони шаҳри Истаравшан, то ҳол қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, онҳо дар ин бора чӣ назар доранд. Маросими ҷанозаи Зоҳирамоҳ Холбоева рӯзи 11-уми ноябр дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан баргузор шудааст.
“Ҷомеа дигар шуд, аммо волидон инро қабул надоранд”
Коршиносон мегӯянд, муҳит дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйир кардааст ва волидон низ бояд инро бипазиранд. Шаъмигул Аминова, равоншиноси тоҷик, гуфт, то ҳол бархе аз волидон дар андешаҳои куҳна боқӣ мондаанд ва намехоҳанд назари духтарон дар масъалаҳои барои онҳо муҳимро ҳатто ба инобат бигиранд.
Хонум Аминова мегӯяд, мафкураи духтарони имрӯза дар муқоиса ба солҳои қабл тағйир кардааст ва акнун намешавад онҳоро ба коре маҷбур кард. “Дар оилаҳои тоҷик то ҳол андешаҳои куҳнашудае боқӣ мондааст, ки бояд духтарон бе чуна чаро гапи онҳоро қабул кунанд. Имрӯз, мутаассифона, назари духтаронро ба инобат намегиранд. Духтарон вақте мебинанд, ки ҳуқуқи онҳо поймол ва назари онҳо дар масъалаи барояшон ҳаётӣ ба инобат гирифта намешавад, пас, роҳи ҳалро дар худкушӣ мебинанд. Дар ин роҳ ҳол духтарони ҷавон худро танҳо ҳис мекунанд”, - мегӯяд Аминова.
Ба ин тартиб, ин равоншиноси тоҷик таъкид мекунад, ки худкушии духтарони ҷавон дар чандин ҳолат ҳосили сахтгириҳои бемавриди волидон мебошад. Чун, ба гуфтаи Шаъмигул Аминова, “падару модар ҳар ду пояшонро дар як мӯза андохта талаб мекунанд, ки духтари ман, ҳар чизе, ки ман хоҳам ҳамон мешавад. Ҳоло онки дигар ин тавр нест. Замона дигар шудааст. Акнун духтаронро намешавад маҷбур кард, аммо волидон инро намефаҳманд.”
Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.