Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи худкушии устоди бадминтон дар Шаҳритус


Додситонӣ дар вилояти Хатлон сабабҳои марги мармузи як омӯзгори фанни варзиш ва устоди бадминтонро таҳқиқ мекунад.

Ҷасади Ҳокималӣ Холмирзоеви 56-сола, директори мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 4 ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи маҳаллӣ пайдо шуд ва фарзияи аввалини тафтишот ин аст, ки омӯзгор худкушӣ кардааст. Ҷасади беҷони Холмирзоев дар ҳолати овезон дар дор пайдо шуд ва ба ҳамин хотир ҳам ҳоло тафтишот эҳтимоли вуҷуди мушкил дар зиндагиву кори устоди варзишро таҳқиқ мекунад.

Амакам ба ман гуфт, ки падарат худкушӣ кардааст, додситонӣ телефони падарамро гирифтааст, ки сабаби худкушиашро муайян кунад.

Мақомоти наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади раҳбари мактаби варзиширо чанд варзишгари маҳаллӣ соати 11 – и рӯзи 4 ноябр дар ҳудуди варзишгоҳ пайдо карда ба полис хабар доданд. Наздикон ва ҳамкорони Ҳокималӣ Холмирзоев мегӯянд, ки дар бораи мушкилот дар зиндагии устоди варзиш, эҳтимоли қарздорӣ ё бо касе дар ҳолати душманӣ қарор доштани ӯ ҳеҷ иттилое надоранд.

Мактаби варзишие, ки ӯ раҳбарӣ мекард, давлатӣ ва зери назари Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва ройгон буд ва тахминан аз даҳ намуди варзиш, назири воллейбол, карате, шоҳмот, бадминтон ва дигарҳо дарс медод. Яке аз ҳадафҳои дигари тафтишот ин аст, ки рабти эҳтимолии марги ӯ ба кору машғулияти вай санҷида шавад.

Фаррух Турақулов, раҳбари бахши ҷавонони ҳукумати ноҳияи Шаҳритус рӯзи 8 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳокималӣ Холмирзоев шаш соли ахир раҳбар буд ва аз омӯзгорони таҷрибадоре шинохта мешуд. Вай гуфт, худкушии ӯ бисёриҳоро ҳайратзада кардааст: "Аз варзиши бадминтон дарс медод. Бо ҳамкорон муносибати хубе дошт. Намедонам, чаро ба ин кор даст зад".

Мудири мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритус рӯзе худкушӣ кардааст, ки дигар ҳамкорону варзишгарон барои ширкат дар як мусобиқа ба ноҳияи Носири Хусрав сафар кардаанд. Ҷасади ӯро чанд варзишгари дигар дар ҳудуди варзишгоҳи маҳаллӣ ошкор кардаанд.

Фарзандон аз муҳоҷират омаданд

Аъзои оила ва наздикони омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, ки дар деҳаи Ҳаваскори ҷамоати "Тахти сангин"-и ноҳияи Қубодиён зиндагӣ мекунанд, ҳоло ба саволҳои тафтишот посух медиҳанд. Ду фарзанди Ҳокималӣ Холмирзоев бо шунидани хабари марги падар рӯзи 5 ноябр, яъне рӯзе баъди хоксупории ӯ аз Русия ба хона омаданд. Мавзуна ва Ҳусейнбой мегӯянд, дар ҳолати шок қарор доранд.

Ҳусейнбой гуфт: "Бо падарам 31 октябр суҳбат карда будам, чизе нагуфта буд. Ман ҳар сол Русия мерафтам. Амакам ба ман гуфт, ки падарат худкушӣ кардааст, додситонӣ телефони падарамро гирифтааст, ки сабаби худкушиашро муайян кунад. Ман ҷанозаашро надидам. Мунтазир ҳастем, ки маълум шавад чаро падарам худкушӣ кардааст."

Хонум Гулнора, ҳамсари Ҳокималӣ Холмирзоев мегӯяд, ки ҳардуи онҳо омӯзгор будаанд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиро пеш мебурданд.

Ду худкушии дигар дар як ҳафтаи охир

Мақомот дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир дар маҷмӯъ чор ҳодисаи худкушии эҳтимолии сокинонро ба қайд гирифтаанд. Дар ноҳияи Носири Хусрав, дар 250-километрии ҷануби Душанбе дар чаҳор рӯзи ахир ду ҳодисаи худкуширо сабт кардаанд. Пулиси ноҳия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 8 ноябр хабари худкушии мардони 81 ва 55-соларо тасдиқ карданд. Дар ҷамоати деҳоти "Фирӯза"-и ҳамин ноҳия гуфтанд, ки Саргулхон Муллоҳусейнови 81-сола, чаҳор рӯзи пеш дар хонаи писараш худро ба дор кашидааст. Ин пирамарди соҳиби шаш фарзанд дар боми ҳамсоя худкушӣ кардааст.

Ҷасади Худоёр Астанақулов, сокини ҷамоати деҳоти "Наврӯз" ҳам шаби 7 ба 8 ноябр ҳамчунин бо нишонаҳои худкушӣ аз роҳи доровезӣ ошкор шуд. Мақомот ҳанӯз сабаби марги фоҷеабори мардро мушаххас накардаанд, вале ҳамсояҳо мегӯянд, хонаи ин марди 55-сола осуда набуд ва зоҳиран мушкилот бо ҳамсараш боиси асабонияту ҷанҷол дар хона будааст.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки солҳои охир худкушии мардҳо ҳам бештар шудааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 10 нафар мард худкушӣ кардааст. Аз аввали соли ҷорӣ 129 ҳолати сӯиқасд ба ҷон ва худкушӣ сабт шудааст, ки дар натиҷа 89 нафар ба ҳалокат расидаанд. Беш аз 50 нафарашон занон будаанд.

XS
SM
MD
LG