Нажодпарастии давлатдорон дар Русия

Алексей Волин, собиқ корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия, тоҷикбадбинӣ дар Русияро як раванди табиӣ ва маъмул муаррифӣ кардааст.

Вай дар сӯҳбат бо радиои «Эхо Москви» гуфтааст, «бегонаситезӣ қазияи қобили таваҷҷуҳ нест, ба далели ин ки аксари мардуми рус бегонаситез ҳастанд ва сукунати тоҷиконро дар паҳлуи худ таҳаммул карда наметавонанд». Алексей Волин бо тамасхур афзудааст, «шумо, эй мардумони ғайр, агар бихоҳед, биёед, зеро барои шумо дар кишвари мо ҳарчи шумо меҷуед, пайдо мешавад: якум - он миқдор пуле, ки шумо орзу доред, дуввум – коре, ки мо ба он аслан таваҷҷуҳ надорем».


Барандаи радио «Эхо Москви» дар баҳс бо Алексей Волин бо тамасхур гуфтааст, «эй муҳоҷирон, агар мо гоҳе ҳам ба сари шумо бо калтак бизанем ва ё шуморо дар кадом тангкучаи хилвате бикушем, ин ба ҷуз омор чизи дигаре нест». Алексей Волин дар посух гуфтааст, «ҳар миллате сазовори ҷавҳари худ аст».

«Мардумони арҷманди кишварҳои ғайр, ки ранги дигари пуст, буриши дигари чашм ва косахонаи дигари сар доред, аз ташриф ба кишвари дӯстпарвари мо ҳазар кунед!» - гуфтааст коргардони радиои «Эхо Москви» Маша Майерс бо истеҳзо дар равиши сӯҳбат бо Алексей Волин, собиқ корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия.

Бегонаситезӣ дар мақомоти олии Русияро коршиноси аршади Дафтари ҳуқуқи башари Маскав Александр Чарний ҳам тасдиқ мекунад. Бино ба таҳлилҳои Александр Чарний, дар Думаи давлатии Русия дастикам 9 нафар намояндагони ҳизбҳои порлумонӣ, аз ҷумла Езерский, Кашин, Свечников, Собко, Илюхин, Иванов, Грешневиков ва Володатский, бо гурӯҳҳои миллатгарову нажодпарасту мазҳабситез ҳампаймон ҳастанд.

Дар ҳошияи ин гузориш ва сӯҳбатҳои намояндаи Дафтари ҳуқуқи башари Маскав рӯзи панҷшанбе рӯзномаи электронии «Форум» тӯҳмат ба унвони тоҷикон дар Русияро чоп кардааст. Нуктаҳои доғи гузориш ин аст, ки гӯё ҷавонони тоҷик ба номуси як пиразани 80-солаи рус таҷовуз кардаанд ва гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия аслан ба қасди таҷовуз, роҳзанӣ, задухурд ва куштор меоянд.

Бардошти таҳлилгар Фирӯз Оқилов ин аст, ки ин ҳама бофтаи расонаҳои хабарии Русия аст ва агар мақомоти Русия бихоҳанд, метавонанд аз ин раванди номатлуб ҷилавгирӣ бинамоянд ва аммо намехоҳанд. Ба эътиқоди коршинос, мақомоти Русия бо чашмпушӣ аз густариши бегонаситезӣ аслан мехоҳанд дар пиндори шаҳрвандони кишвари худ нажодпарастӣ ва милатгароии шадидро ҷойгир намояд, ки амалест олуда бо риёкорӣ ва пастӣ.

Иллати ҳамин сиёсат аст, ки ҳар як расонаи хабарии Русия дар сиёҳ кардани тоҷикон аз ҳамдигар пешдастӣ мекунад ва ин ангезаест барои ҳамлаҳои пайдарпаи скинхедҳо – гурӯҳҳои амалии миллатгароён ба мардумони ғариславиянӣ ва ин мавзуъ дар гузориши ахири Афви Байнулмилалал ба таври возеҳ таъийд шудааст.