Дар ин бора муъовини раиси Дафтари дидбони ҳуқуқи башари Маскав Александр Чарний дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав иттилоъ дод. Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки дар давоми соли гузашта дар Русия 6 нафар тоҷик кушта ва 11 нафар захмӣ шуда буданд.
Муҳофизи ҳуқуқ ҳамчунин гуфт, дар маҷмуъ имсол бегонаситезӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Агар соли 2007 дар Русия 74 нафар кушта шуда бошад, тайи ин панҷ моҳ ҳам акнун 72 нафар кушта шудаанд ва ин нишонаи он аст, ки гурӯҳҳои милатгаро на барои тарс додан, балки танҳо ба хотири куштан ҳамла мекунанд.
Дар гузорише, ки Дафтари дидбони ҳуқуқи башари Маскав рӯзи сешанбе интишор кард, гуфта шудааст, ки ду соли ахир дар Русия шаҳрвандони Узбакистон аз ҳам бештар кушта мешаванд. Соли гузашта 12 ва тайи панҷ моҳи имсол ҳам 12 нафар шаҳрвандони Узбакистон кушта шудаанд. Қирғизистон бо 9 кушта дар ҷойи дуввум қарор дорад.
Ҳуқуқшинос Сулаймоншо Шоҳзода аз созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» мегуяд, ин кушташудагон муҳоҷирони корӣ ва ҷавонони хоксоре буданд, ки на танҳо барои хонаводаҳои худ, балки барои ободии Русия ҳам кор мекарданд ва ба ҳеҷ сиёсату моҷарое шарик набуданд.
Дар гузориши Дафтари ҳуқуқи башари Маскав тавзеҳ шудааст, ки ҳуруҷи миллатгароёна чун дар чанд соли пеш аз ҳама бештар дар Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида мешавад. Дар ин ду шаҳр имсол 51 нафар кушта шудааст. Дастаҳои муташаккили скинхедҳо ва фаъолони дигар созмонҳои миллатгарои ифротӣ, ки 70 ҳазор ҳисоб шудаанд, аслан дар шаҳрҳои бузург амал мекунанд. Онҳо ғолибан ба мардумони ғайриславянӣ, ба вижа мардумони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ҳамлаҳои ногаҳонӣ мекунанд.
Александр Чарний мегуяд, гурӯҳҳои миллатгаро дар мақомоти олии Русия, аз ҷумла дар Думаи давлатӣ, ҳамназарони худро дорад. Дар ҳайати Думаи давлатии ҷадид теъдоди намояндагони миллатгарои ифротӣ коҳиш ёфт, вале ҳануз ҳам шумораи онҳо зиёд аст. Муҳофизи ҳуқуқ мегуяд, аз ҳизби комунист - 5 нафар, аз ҳизби либерал-демократ - 2 нафар ва аз ҳизбҳои Русияи боадолат ва Русияи воҳид якнафарӣ ақидаҳои бегонаситезиро тарафдорӣ мекунанд.
Бино ба гузориш, соли гузашта дар саросари Русия 96 нафар бо иттиҳоми бегонаситезӣ ба додгоҳ кашида шудаанд. Аз ин шумора 48 нафар аз 3 то 25 сол равонаи зиндон ва 48 тани дигар ҷарима ва ё ба далели ноболиғӣ аз масъулият озод карда шудаанд.
Дафтари дидбони ҳуқуқи башари Маскав дар мавриди боздошт бо иттиҳоми бегонаситезӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ гузориш надодааст.