Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нави фашистони рус


Мақомоти интизомии Маскав мегӯянд, ки машғули таҳқиқи ҳодисаи куштори як зодаи минтақаи Бурятияи Русия ва ҳамла ба ду шаҳрванди Ӯзбакистон мебошанд.

Ин ҳодисаҳо шоми 20 октябр дар Маскав ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои идораи умури дохилаи шаҳри Маскав, феълан ҳудудан 30 наврасе боздошт шудаанд, ки аз онҳо чун "мухлисони футбол" ёд мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин гурӯҳи ҷавонҳо аъзои ҳаракати "сартарошидаҳо", яъне гурӯҳҳои миллатгаро ҳастанд.

Аз рӯи маълумоти сохторҳои интизомии пойтахти Русия, наврасони 13-14-солаи либоси сиёҳ ба бар аввал даст ба куштори як сокини Бурятия заданд. Баъдан, як фарроше, ки аз ӯ чун шаҳрванди Ӯзбакистон ёд мешавад, мавриди ҳамлаи ин гурӯҳи ҷавонфашист қарор гирифт. Бахши русии радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки ин мард бо ҷароҳатҳои вазнин дар шифохона ба сар мебарад.

Хабари ҳамлаи гурӯҳи ҷавонҳои миллатпараст баъди соатҳои панҷи шоми дирӯз дар саҳифаҳои интернетии хабаргузориҳои русӣ нашр шуд. Тибқи аксар манбаъҳо, ҳамлаи нахустин дар хиёбони ба номи Архитектор Власов дар наздикиҳои истгоҳи метрои "Новие черемушки" рух дод. Қурбонии аввал, ки ба эҳтимоли зиёд 46 сол дошта, зодаи Бурятия будааст, аз зарбаҳои дастакҳои чӯбии бейсбол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Нашрияи "Новая газета" мегӯяд, ки баъдан ин гурӯҳ ба самти хиёбони дигар, кӯчаи Наметкина қадам зада, дар роҳ ба як фарроши 37-солаи зодаи Ӯзбакистон ҳамла кард. Ин мард бо захмҳои зиёди корд ба беморхона интиқол дода шуд. Худи ҳамон шом, як марди дигар, ки ҳуввияти вай ҳанӯз мушаххас нест, ҳамчунон мавриди ҳамлаи сартарошидаҳо қарор гирифт.

Қаблан, хабаргузории РИА Новости ва радиои "Эхо Москви" бо истинод ба идораи умури дохилаи шаҳри Маскав навиштанд, ки эҳтимол меравад, ду фарроши қурбонии ахири ин ҳамлаҳо зодаи Тоҷикистон буда, яке аз онҳо бар асари захмҳои бардоштааш дар беморхона ҷон додааст. Бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд, ки то ин лаҳзаҳо имкони муайян кардани тафсилоти бештари ин силсилаҳамлаҳо ва ҳуввияти қурбониҳову зарардидаҳои ин ҳодиса тавассути манбаъҳои мустақил даст надодааст.

Дар солҳои охир, Русия шоҳиди болоравии мавҷи бегоназистезӣ ва фаъолиятҳои гурӯҳҳои нажодпараст, ба вижа ҷавонҳои миллатпараст шудааст. Тибқи иттилои маркази мустақили назарсанҷии "Сова", соли гузашта дар қаламрави Русия 540 мавриди ҳамла бар асоси адовати милливу нажодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён, 50 нафар ба ҳалокат расиданд.

Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва интиқодгарони Кремлин мегӯянд, ки чашмпӯшиҳои мақомоти баландпояи давлатӣ ба афзоиши бегонаситезӣ дар ҷомеа, адами муборизаи воқеӣ зидди ин гуна зуҳурот дар миёни ҷавонҳо ва аксаран чун "авбошиву бетартибӣ" ёд шудани ин гуна ҷиноятҳо аз ҷониби додгоҳҳои Русия боиси болоравии мавридҳои ҳамла болои шаҳрвандони хориҷиву намонядаҳои миллатҳои ғайрирус шудааст.

Афзун ба ин, бо наздикшавии интихоботҳои Русия, бархе гурӯҳҳои сиёсӣ шиори "Русия барои русҳо"-ро ҳар чи баландтар ба забон меоранд, ва ин, аз нигоҳи фаъолони ҳуқуқи башар, боиси пуштибонии бештари сиёсӣ дидани гурӯҳҳои нажодпараст дар ҷомеаи кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG