Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ зидди нажодпарастӣ дар Русия


Раҳпаймоии миллатгароёни рус дар Маскав
Раҳпаймоии миллатгароёни рус дар Маскав

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як роҳпаймоӣ зидди адовати миллӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи мубтакирони он, роҳпаймоӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз нажодпарастӣ дар Русия буд.

Қарор аст, чунин роҳпаймоиҳо дар пойтахти кишвар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия, ки шоҳиди афзоиши бегонаситезӣ ва қатли мардуми ғайрирус аз тарафи гурӯҳҳои миллатгаро шудаанд, баргузор гардад. Аммо мақомоти шаҳри Маскав ба гуррӯҳҳои миллатгарои рус низ иҷозат додаст 4-уми ноябр, ба истилоҳ, “Роҳпаймоии русӣ” (“Русский марш”) баргузор кунанд.

Гуфта мешавад, намояндаи мардумӣ дар думаи давлатии Русия Сергей Бабурин ва раҳбари ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ Александр Белов ташкилкунандагони “Раҳпаймоии русӣ” мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русияро яке аз ҷунбишҳои миллатгароӣ ва ҳатто фашистӣ унвон шудааст.

Муҳофизони ҳуқуқи башар дар Русия аз давлати ин кишвар дигарбора хостаанд, то нагузорад, ки гурӯҳҳои миллатгаро раҳпаймоӣ баргузор кунанд. Ба гуфтаи муҳофизони ҳуқуқи башар, нафароне аз мақомоти шаҳри Маскав, ки низ мехоҳанд ин раҳпаймоӣ доир гардад, миллатгаро ҳастанд ва мехоҳанд дар Русия низоъи миллӣ барангезанд. Алла Гербер, раҳбари бунёди «Ҳолокост» дар ин бора чунин мегӯяд: «Оташи фошистӣ дар Русияро доман мезананд. Ин маризии бегонаситезӣ ба монанди маризии AIDS аст. Ин роҳпаймоии миллатгароӣ тарафдорони зиёде дорад. Дуввум, давлат зидди фошистон ва гурӯҳҳои миллатгарои рус солҳои сол аст, ки мубориза намебарад ва ба ин мушкил ҳеҷ аҳамият намедиҳад. Давлат ба ин мушкил аз паси панҷа нигоҳ мекунад».

Хонум Гербер ҳамчунин гуфт, ки беаҳамиятии давлати Русия ба мушкилоти нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ метавонад авоқиби ногувореро дошта бошад: «Гурӯҳҳои нажодпараст аз муҳоҷирони корӣ барои худ душман тарошиданд. Онҳо саргарми бозии худ шуданд ва ин гурӯҳҳо дар оянда метавонанд давлатро ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ кунанд. Ин гурӯҳҳо эълон мекунанд, ки чунин роҳпаймоиҳои, ба истилоҳ, «русӣ» дар ҳар шаҳри Русия баргузор хоҳад шуд. Ин хатарнок ва ваҳшатангез аст».

«Морши Русӣ» аз сӯи гурӯҳҳои нажодпарасти Русия 4-уми ноябри ҳар сол дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои бузурги ин кишвар баргузор мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин рӯзро давлат расман рӯзи оштӣ ва ризояти миллӣ эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG